fbpx

Як стартап дар ду кишвар. Wyzo ба савдои электронӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон кӯмак мекунад

Ҳадафи асосии Wyzo осон кардани ворид шудан ба бозори савдои электронӣ барои тиҷорати хурд ва миёна мебошад.


0
Аброр Холов ва ҳаммуассиси дуюми Wyzo Расул Идиев

Wyzo платформаест, ки ба тиҷорати хурд ва миёна имкон медиҳад, ба фазои онлайн ворид шаванд ва фурӯши худро тавассути интернет беҳтар кунанд.

Ин стартап баҳори соли ҷорӣ, бо пешниҳоди абзорҳои инноватсионӣ фароҳам меорад, ки ба эҳтиёҷоти тиҷорати хурд ва миёна мутобиқ карда шуда, метавонанд ба автоматикунонии раванди фурӯш имкон дода, самаранокиро таъмин кунанд, ба кор оғоз кард.

Ҳаммуассиси стартап Аброр Холов ба муаллифи Your.tj гуфт, ки Wyzo барои рушд ва шукуфоии ширкатҳо чӣ гуна қарорҳоро пешниҳод мекунад.

Стартап дар як вақт дар ду кишвар кор мекунад

Ба гуфтаи Аброр, идеяи сохтани Wyzo аз хоҳиши кӯмак ба тиҷорати хурду миёна дар оғоз ва идоракунии мағозаҳои онлайнӣ ба вуҷуд омадааст, зеро қарорҳои мавҷуда ниёзҳои онҳоро қонеъ намекарданд.

“Ширкатҳои хурд аксар вақт бо норасоии захираҳои техникӣ дучор меоянд, то фурӯши онлайниро пурра идора кунанд ва Wyzo дар ҳалли ин мушкилот кӯмак мекунад”,- гуфт Аброр.

Ин ақиадаи худро Аброр бо шарикаш Расул Идиев амалӣ кард.

Қадамҳои аввалини сохтани платформа дар Тоҷикистон гузошта шуданд, аммо стартап дар Узбекистон фаъолона рушд кард, ки оғози расмии кори стартап баҳори соли 2024 дар он ҷо баргузор шуд.

“Бо муттаҳид кардани таҷрибаи техникии Расул ва таҷрибаи ман дар рушди тиҷорат, мо платформае сохтем, ки ба тиҷорат имкон медиҳад, ба бозори тиҷорати электронӣ зуд ворид шавад”,- мегӯяд стартапер.

Бо дастгирии ташаббусҳои маҳаллии IT ва рушди босуръати бахши тиҷорати электронӣ, Аброр ва Расул тавонистанд Wyzo-ро тавсеа бахшида, хидматрасниҳои бештарро ба бозор пешниҳод кунанд.

Дар моҳи октябри соли равон, Wyzo дар як чорабинии бузурги технологӣ барои стартапҳо Gitex Global and Expand North Star 2024 иштирок кард ва дар он гӯшаи худро ташкил кард.

Wyzo – “Дар муҳити онлайни худ ғолиб шав”

Номи Wyzo кӯшишҳои тимро барои оқилтар ва дастрастар кардани фурӯши онлайн барои ҳама, бахусус тиҷорати хурд инъикос мекунад.

Он, ба гуфтаи Аброр, рамзи муносибати зеҳнӣ ба тиҷорати электронӣ мебошад, ки дар он ҳар як соҳибкор метавонад бо истифода аз ҳалли дастрас ва пурқудрати Wyzo “дар муҳити худ ғолиб ояд”.

“Мизоҷони мо метавонанд на танҳо абзор, балки платформаи зеҳниро низ ба даст оранд, ки роҳи онҳоро барои воридшавӣ ба тиҷорати электронӣ осон мекунад ва ба рушди муҳити онлайн кӯмак мекунад”,- таъкид мекунад Аброр.

Рушди фурӯши онлайн ва кӯмак дар идоракунӣ

Wyzo ба тиҷорат абзорҳои автоматикунонии тамоми равандҳои асосии тиҷорати электрониро аз коркарди фармоиш то таҳлили фурӯш пешниҳод мекунад.

Платформа инчунин имкониятҳои ҳамгироӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ, системаҳои баҳисобгирии маҳаллӣ ва ҳуши маснуиро дар бар мегирад, ки ҳамкорӣ бо муштариёнро осон мекунад ва ба тиҷорат имкон медиҳад, ки на ба вазифаҳои техникӣ, балки ба рушд диққат диҳад.

Иштирок дар Gitex Global and Expand North Star 2024

“Мо як платформаи содаву фаҳмоеро месозем, ки ба тиҷорат барои осон кардани оғози кор, идора ва миқёснокии мағозаҳои онлайнӣ кӯмак мекунад.

Вазифаи мо пешниҳоди ҳалли ҳамаҷониба, аз ҷумла ҳамгироӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ, системаҳои пардохт, системаҳои баҳисобгирии маҳаллӣ ва инчунин автоматикунонии ҳамкорӣ бо муштариён тавассути мушовири AI мебошад”,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Муштариёни имконпазири ширкат корхонаҳои хурду миёнае мебошанд, ки мехоҳанд ба фазои онлайн ворид шаванд ва фурӯши худро тавассути интернет рушд диҳанд.

Wyzo бо ширкатҳои соҳаҳои гуногун, аз ҷумла савдои чакана, хидматрасониҳо ва истеҳсолот кор карда, ба онҳо дар идоракунии мағозаҳои онлайн кӯмак мерасонад.

Тими Wyzo таҷрибаи ҳамкорӣ бо стартапҳо ва ширкатҳое ба монанди Yalla, Roasting Works, Bonibi Case ва Furs Queen-ро дорад.

Аз Осиёи Марказӣ ба бозори ҷаҳонӣ

Тавре Аброр мегӯяд, Wyzo инчунин метавонад хидматрасониҳои худро ба стартапҳое пешниҳод кунад, ки воситаҳои дастрас ва миқёспазирро барои зуд ба кор андохтани маҳсулоти онлайни худ меҷӯянд.

“Мо мехоҳем платформаи пешбари савдои электронӣ на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки дар саросари ҷаҳон бошем”,- афзуд ӯ.

Wyzo, ки аллакай дар бозорҳои Тоҷикистон ва Узбекистон рушд карда истодааст, ният дорад ба бозори ҷаҳонӣ ворид шавад, таъкид мекунад Аброр.

“Мо мекӯшем, ки платформаи худро марҳила ба марҳила васеъ намуда, бо пешниҳоди қарорҳои савдои электронӣ ба тиҷорат дар саросари ҷаҳон рушд кунем. Мо ба тиҷоратҳои хурд кӯмак мерасонем, ки аз бозори маҳаллӣ берун рафта, молу хидматрасониҳои худро дар саросари ҷаҳон бомуваффақият фурӯшанд”,- гуфт Аброр.

Тими Wyzo мехоҳад роҳи худро дар арсаи ҷаҳонӣ маҳз аз Осиёи Марказӣ оғоз кунад. Муассисони стартап мекӯшанд, ки платформаи пешбари тиҷорати электронӣ дар минтақа шаванд ва ба рушди тиҷорати минтақавӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва афзоиши фурӯши онлайн кӯмак расонанд.

“Барномаҳои дастгирӣ ва дастаи қавӣ ба мо дар рушди стартап кӯмак мекунанд”

Имрӯз, тими Wyzo аз 6 нафар иборат аст, аз ҷумла таҳиягарон, маркетологон ва мутахассисон оид ба маҳсулот.

Аброр Холов бо стратегияи тиҷорат ва тавсеадиҳии он машғул аст, Расул Идиев бошад, барои ҷанбаи техникии лоиҳа ва рушди платформа масъул аст.

Wyzo бо барномаҳои дастгирии стартапҳо, ба монанди EBRD Star Venture, Tajikistan Venture Capital, USAID ва IT Park дар Узбекистон фаъолона ҳамкорӣ мекунад, ки ба лоиҳа кӯмак мекунад, то бо суръати бештар рушд карда, имкониятҳои нав пайдо кунад.

“Ин дастгирӣ, дар якҷоягӣ бо дастаи қавӣ, ба мо имкон медиҳад, ки Wyzo-ро бомуваффақият рушд диҳем ва ба сӯи ҳадафҳои худ ҳаракат кунем”,- илова кард Аброр.

“На ҳама тиҷоратҳо аҳамияти рақамисозиро дарк мекунанд”

Мисли ҳама гуна стартапҳо, Wyzo бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мешавад, мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Яке аз мушкили асосӣ, гуфт ӯ, ҷалби сармоягузорӣ барои миқёснокӣ ва ворид шудан ба бозорҳои нав мебошад.

Ҳамзамон, сарфи назар аз афзоиши босуръати тиҷорати электронӣ, на ҳама тиҷоратҳо аҳамияти рақамисозиро дарк мекунанд, ки барои ташаккули бозор кӯшиши иловагӣ талаб мекунад, таъкид кард ҳамсӯҳбати мо.

“Бо вуҷуди ин, дастгирии барномаҳо ба монанди Ebrd Star Venture ва IT Park ба мо кӯмак мекунад, то бо ин мушкилот мубориза барем ва имкониятҳои нави рушдро фароҳам орем.

Мо итминон дорем, ки бо стратегияи дуруст ва идомаи рушди фаъол метавонем ҳама монеаҳоро паси сар кунем”,- гуфт стартапер бо боварӣ.

Таҷриба дар IT ва тиҷорат имкон медиҳад ки малакаи техникиро бо донишҳои идоракунӣ самаранок омезиш диҳед

Аброр Холов дар Душанбе таваллуд шудааст. Пас аз хатми Донишгоҳи техникии Москва ба номи Бауман, стартапери ҷавон дар соҳаҳои гуногун, аз молия то саноат кор кард.

Дере нагузашта, ӯ ҳамчун муҳандис-таҳиягар корро оғоз кард ва ба сатҳи Senior Softwareggineer расид.

Бо соҳибкорӣ машғул шуда, Аброр якбора якчанд стартапҳоро оғоз кард. Имрӯз, ба ғайр аз Wyzo, ӯ инчунин як ширкати IT-ро идора мекунад, ки хидматрасониҳои таъминоти барномавӣ (ПО) ва консалтангро пешниҳод мекунад.

“Таҷрибаи ман дар IT ва тиҷорат имкон медиҳад, ки малакаҳои техникиро бо донишҳо дар соҳаи идоракунӣ барои рушди лоиҳаҳои технологӣ самаранок омезиш диҳам”,- мегӯяд соҳибкор.

Аброр дар ду шаҳр зиндагӣ мекунад. Асосан дар Душанбе, аммо мунтазам ба Тошканд меравад, зеро фаъолияти Wyzo қисман дар он ҷо ҷойгир аст.

Ба гуфтаи ӯ, Узбекистон ба шарофати бахши фаъолона рушдёбандаи тиҷорати электронӣ, ки дар се соли охир 15 баробар афзоиш ёфтааст, интихоби табиӣ барои тавсеаи тиҷорат буд.

“IT Park барои дастгирии стартапҳо ва тиҷорати IT шароити хуб фароҳам меорад, ки ин Узбекистонро барои рушди лоиҳаҳои технологӣ ба муҳити беҳтарин табдил медиҳад”,- гуфт Аброр.

Таҳияи AI-мушовире, ки бо забони тоҷикӣ ҳарф мезанад

Тавре стартапер гуфт, тими ӯ барои васеъ кардани функсияҳои Wyzo фаъолона кор мекунад. Ба нақша гирифта шудааст, ки ба зудӣ хусусиятҳои нав, аз қабили абзорҳои пешрафтаи таҳлили фурӯш, ҳамгироии амиқтар бо шабакаҳои иҷтимоӣ барои афзоиши дастрасӣ ва автоматикунонии маъракаҳои маркетингӣ ҷорӣ карда шаванд.

Инчунин, онҳо барои рушди AI-қарорҳо барои беҳтар кардани ҳамкорӣ бо муштариён ва фардӣ кардани таҷрибаи харидории онҳо фаъолона кор мекунад.

Татбиқи функсияҳои маҳаллигардонидашуда, аз ҷумла дастгирии забони тоҷикӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба мизоҷон имкон медиҳад, хидматрасониҳои қулайтар ва мутобиқшударо пешниҳод кунанд.

“Мо мекӯшем, ки платформаи худро барои бозорҳои байналмилалӣ дастрас намоем ва роҳҳои ҳалли худро пешниҳод кунем, ки метавонанд ба тиҷорат дар саросари ҷаҳон барои мутобиқ шудан ба ниёзҳо ва хусусиятҳои маҳаллии худ кӯмак кунанд.

Ҳамеша хурсанд хоҳем буд, агар ба ягон муштарии худ кӯмак расонем ва барои ҳамкорӣ дарҳои мо доимо боз аст”,- гуфт Аброр.

Сомон Комилов, Your.tj

Тарчума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend