Як шаҳрванди Русияро бо ҷурми таҷовуз ва қатли духтараки 7 солаи тоҷик ба 28 соли зиндон маҳкум карданд

Чанде пеш додситонӣ як сокини шаҳри Ҳисорро низ барои таҷовузи духтари бародараш ба 20 соли зиндон маҳкум карда буд.


Акс аз сомонаи tomiks33.ru

Дотситонии кулли Тоҷикистон Проскуряков Сергей Степановичро, ки шаҳрванди Федератсияи Россия аст ва муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Ҷиликул буд, бо ҷурми таҷовуз ва куштори  духтараки 7 сола ба 28 соли зиндон маҳкум кард.

Номбурда, санаи 09.09.2021 дар ҳолати мастӣ, ба кӯча баромада бо ноболиғ Н.Р., соли таваллудаш санаи 17.12.2016, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи мазкур, ки мақсади ба назди модараш рафтанро дошт вохӯрдааст ва ӯро бо роҳи фиреб ба ҷои беодам бурда дасту пояшро баста таҷовуз кардааст.

“Проскуряков С.С. бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш қасдан хурдсол Н.Р.-ро бо брижаи дар танаш буда буғй карда, ба ҳлокат расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”, – омадааст дар хабарномаи додситонӣ.

Гуфта мешавад, ки нисбати Проскуряков С.С. аз ҷониби прокурори ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,е” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

“Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон, аз 16 декабри соли 2021 Проскуряков С.С. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,е” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба мӯҳлати 28 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст”, – менависад, додситонӣ.