Дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як шаҳрванди Чин кушта, чор чинии дигар ва як сокини маҳаллӣ захмӣ шудаанд.
Дар ин бор Би-би-си ва Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои манобеи худ хабар доданд.
Ҳамла дар ҳудуди дараи Зарбузи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (вилояти Хатлон) сурат гирифтааст.
Озодӣ менависад, дар ҳукумати ин ноҳия рӯзи 18-уми ноябр ҳодисаро тасдиқ кардаанд, аммо тафсилоти бештар надодаанд.
Манбаъҳои дигар гуфтаанд, ҳамла шаби 17 ба 18-уми ноябр “аз тарафи шахсони мусаллаҳ ва аз он сӯйи марз” сурат гирифтааст.
Би-би-си менависад, ба гуфтаи баъзе манбаъҳои маҳаллӣ, ҳамла шояд аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳи исломӣ, ки дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон ҷойгиранд, содир шуда бошад.
Ба иттилои манобеи ҳарду расона, аз панҷ захмии ин ҳамла чаҳор нафарашон шаҳрвандони Чин ва як нафар сокини маҳаллӣ аст. Ҳамаи онҳо аз пой маҷруҳ шуда, ба бемористони вилоятӣ ба Кӯлоб бурда шудаанд.
Гуфта мешавад, мақомоти интизомӣ ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ҳузури чиниҳо дар ин минтақаро як манбаи Радиои Озодӣ ба вуҷуди корхонаи тило дар минтақа пайванд медиҳад. Гуфта мешавад, корхонаи тило дар дараи Зарбуз нав номнавис шуда, чиниҳо корҳои иктишофӣ анҷом медоданд.
Дар Тоҷикистон 700 ширкати чинӣ фаъолият дорад, аммо ин аввалин чунин ҳамла ба шаҳрвандони Чин аст.