Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2404.04.2025
Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола 7-уми апрел таҷлил мешавад, сокинони Тоҷикистон рӯзи 5 апрел имкон доранд машварат ва муоинаҳои тиббии ройгон гиранд.
Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои вазорат, рӯзи 5 апрел аз соати 08:00 то 12:00 дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар – аз ҷумла дар муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, беморхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, инчунин дар дармонгоҳҳо машварат ва ташхису муоинаҳои тиббӣ ройгон гузаронида мешаванд.
Гуфта мешавад, “ташхису табобатҳои гаронарзиш” истисно мебошанд, вале дақиқ карда нашудааст, ки онҳо кадомҳоянд.
Инчунин, дар ин рӯз “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон” чорабинии расмии Вазорати тандурустӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ баргузор мегардад. Дар он роҳбарияти вазорат, устодон ва мутахассисони варзида ширкат хоҳанд кард.
Вазорат шаҳрвандони кишварро ба иштирок дар ин чорабинӣ ва истифода аз “имконияту шароити муҳайё барои беҳтар намудани саломатии худ” даъват кардааст.
Читайте также
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
21 часов назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
3 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
4 дня назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
7 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
7 дня назад