“Якҷоя ба пеш!” – фестивали филмҳои Тоҷикистону ИМА анҷом ёфт

Фестивали филмҳои амрикоӣ ва тоҷикӣ, ки бахшида ба 30 – юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Амрико баргузор шуд,  ҷамъбаст гардид.

Дар ин маросим сардори бахши алоқа бо ҷомеаи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Даррен Тис, роҳбари намояндагии USAID дар Тоҷикистон Питер Райли ва муовини директори МД “Тоҷикфилм” Толиб Ғайбуллозода суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ таъкид карда шуд, ки ҳамкории 30 – солаи ИМА ва Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт кишвар нақши муҳим гузоштааст. Ҳадаф аз ташкили фестивал бошад, муаррифии паҳлуҳои бештари фарҳанги ду кишвар буд.

Даррен Тис зимни суханронӣ қайд кард, ки намоиши филмҳои ду кишвар дилҳоро ба ҳам меорад. “Мо муваффақона фестивали филмҳои амрикоӣ ва тоҷикиро гузаронидем ва дидем, ки таваҷҷуҳ ба он ниҳоят зиёд буд. Моро филмҳо боз ҳам наздиктар мекунанд ва ба ин фестивал “Якҷоя ба пеш!” унвон додем. Кӯшиш мекунем, ин ҷашнвораро ба ҳукми анъана дарорем ва соли оянда низ ташкил намоем”.

Тоҳир Хайруллозода ҳамчунин ба сафорати ИМА ва ҷаноби Даррен Тис миннатдории махсус баён карда, гуфт, ки “Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи синамоӣ пеш аз ҳама таҳким бахшидани ҳамкории судманд дар соҳаи синамо, табодули таҷриба ва ба таваҷҷуҳи алоқамандони синамо расонидани филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон ва Амрико буд, ки мо ба мақсад расидем”.

Фестивали мазкур аз 13 то 18 – уми март идома ёфта, дар маҷмӯъ 5 филми тоҷикӣ ва 7 филми амрикоӣ пешкаши тамошобинон гардид. Дар маросими ҷамъбаст ба муаллифон ва коргардонҳои филмҳои тоҷикӣ аз тарафи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон сипосномаҳо тақдим гардиданд. Иштирокдорон дар охир филми мустанади “Якҷоя ба пеш!” – и МТЖТ – ро, ки ба 30 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону ИМА бахшида шуда буд, тамошо карда, якҷоя хӯроки шом хӯрданд.

Шодмон КЕНҶАЕВ

Skip to toolbar