fbpx

Як намояндаи ВКХ Тоҷикистон изҳороти вакили Русияро “тоҷикситезона” номид

Шоҳин Самадӣ навиштааст, ки “дар асл, шунидани ин гуна суханон аз шахсе, ки бо тоҷикситезӣ ва муҳоҷирбадбинӣ машҳур шудааст, тааҷҷубовар нест”.


0
Шоҳин Самадӣ (дар чап), Михаил Матвеев (дар рост)

Шоҳин Самадӣ, сардори Раёсати иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба гуфтаҳои Михаил Матвеев, вакили Думаи давлатии Русия дар бораи дарси “Таърих” дар мактабҳои Тоҷикистон вокуниш кард.

Вокуниши ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва дар он менависад, аз парлумони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки “дар ҷараёни ҳамоиши дарпешистодаи байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар Душанбе масъалаи изҳороти тоҷикситезонаи ин вакили парлумони Русия баррасӣ карда шавад”.

Михаил Матвеев гуфта буд, ки “дарси таърих дар мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон бар зидди Русия омӯзонида мешавад”.

Ба гуфтаи Шоҳин Самадӣ, ин суханҳо ба сиёсати байни Тоҷикистону Русия латма хоҳад зад. “Пеш аз ҳама мехостам, ки олимон, таърихшиносон ва намояндагони вазорати маориф дар ин мавзӯъҳо посух диҳанд”,- афзуд ӯ.

“Аз ҷониби худ ба ҷаноби Матвеев тавсия медодам, ки китоби дарсии “Таърихи Русия” (таҳти таҳрири Н. М.Арсентев, А. А. Данилов, Левандовский А. А.), қисми 1, барои синфҳои 9-ро, ки аз ҷониби мақомоти масъули Русия барои хонандагони муассисаҳои таълимии Русия тавсия шудааст, хонад. Бигзор ба саҳифаҳои 154 ва 155-и китоби дарсии мазкур таваҷҷуҳ кунад”,- таъкид кард Шоҳин Самадӣ.

Дар мавриди ба истилоҳ “генотсид” (наслкушӣ)-и солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, ки Матвеев дар ин бора низ гуфтааст, Самадӣ андеша дорад, ки “ин барангехтани воқеии кинаву адовати байни миллатҳост, ки бояд аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия ва Тоҷикистон баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”.

Намояндаи ВКХ Тоҷикистон меафзояд, “дар асл, шунидани ин гуна суханон аз шахсе, ки бо тоҷикситезӣ ва муҳоҷирбадбинӣ машҳур шудааст, тааҷҷубовар нест”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи ин изҳороти Матвеев “бозӣ бо эҳсосоти интихобкунандагони “зудбовар” аст”, ки ба ӯ овоз диҳанд, то вакили Думаи давлатии Русия интихоб шавад.

“Чунин изҳорот ба ҷуз зарар ба шарикии стратегӣ ва иттифоқи Тоҷикистону Русия ҳеҷ чизи хубе намеорад”,- хулоса мекунад Шоҳин Самадӣ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend