Як намояндаи Толибон* гуфтааст, равобит бо Тоҷикистон хуб мешавад

Як намояндаи гурӯҳи Толибон*, ки ҳукумати Афғонистон дар дасти онҳост, гуфтааст, ин гурӯҳ “хостори равобити нек бо Тоҷикистон аст”.

Дар ин бора муовини сухангӯи Толибон* Ҳамдуллоҳи Фитрат ба Тулуъ нюс иттилоъ дод.

“Дар рӯзҳои гузашта миёни ду кишвар ҳайатҳое рафту омад доштанд” – гуфтааст ин мақомдори гурӯҳи мазкур.

Аммо маълум нест, ки мушаххасан киҳо вохӯрӣ анҷом додаанд.

Қаблан муовини сиёсии нахуствазири Толибон* гуфта буд, равобити Кобул ва Душанбе рӯ ба беҳбуд аст.

Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақа мебошанд, ки бо Толибон* рафтуомад надорад.

* Толибон дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнӯъ аст ва террористӣ эълон шудааст.

Skip to toolbar