logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як намояндаи Толибон* гуфтааст, равобит бо Тоҷикистон хуб мешавад

Намояндаи ин гурӯҳ гуфтааст, ки бо ҷониби Тоҷикистон дидорҳо доштанд.

Your tj

11:5719.11.2024

Як намояндаи Толибон* гуфтааст, равобит бо Тоҷикистон хуб мешавад

Як намояндаи гурӯҳи Толибон*, ки ҳукумати Афғонистон дар дасти онҳост, гуфтааст, ин гурӯҳ “хостори равобити нек бо Тоҷикистон аст”.

Дар ин бора муовини сухангӯи Толибон* Ҳамдуллоҳи Фитрат ба Тулуъ нюс иттилоъ дод.

“Дар рӯзҳои гузашта миёни ду кишвар ҳайатҳое рафту омад доштанд” - гуфтааст ин мақомдори гурӯҳи мазкур.

Аммо маълум нест, ки мушаххасан киҳо вохӯрӣ анҷом додаанд.

Қаблан муовини сиёсии нахуствазири Толибон* гуфта буд, равобити Кобул ва Душанбе рӯ ба беҳбуд аст.

Тоҷикистон ягона кишваре дар минтақа мебошанд, ки бо Толибон* рафтуомад надорад.

* Толибон дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнӯъ аст ва террористӣ эълон шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

12 часов назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

13 часов назад

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

8 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ