logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як муовини комиссари ҳарбӣ барои гирифтани пора боздошт шудааст

Дастгиршуда моҳи октябри соли гузашта аз волидони ду даъватшаванда дар умум 10 ҳазор доллар (тахминан 95 ҳазор сомонӣ) талаб кардааст.

Your tj

11:5220.02.2026

Як муовини комиссари ҳарбӣ барои гирифтани пора боздошт шудааст

Муовини комиссари ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва сардори шуъбаи сафарбарии Комиссариати ҳарбӣ бо гумони гирифтани пора барои озод кардани ду ҷавон аз хидмат дастгир шудааст. 

Дар ин бора Оҷонсии мубориза бо фасод хабар дода, аз дастгиршуда Ф. Файзализода ном бурдааст.

Ба иттилои манбаъ, Файзализода аз моҳи марти соли 2025 дар ин вазифа кор карда, моҳи октябри соли гузашта аз волидони ду даъватшаванда дар умум 10 ҳазор доллар (тахминан 95 ҳазор сомонӣ) талаб кардааст. Ҳангоми гирифтани пора аз волидони яке аз ин ҷавонон ӯ дастгир шудааст.

Назари Файзализода дар робита ба қазия маълум нест. Алайҳи ӯ бо иттиҳоми гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор ва сӯистифодаи мақоми хидматӣ (моддаҳои 319 қисми 1 ва 391 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз ва ба додгоҳ ирсол шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ