Як муҳоҷири узбек бар ивази шаҳрвандии Русия ва маоши хуб ба ҷанг ба Украина рафтааст

Суханронии Лавровро дар як нишасти байналмилалӣ “бойкот” карданд

Чанде аз дипломатҳо, аз ҷумла аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва Бритониё рӯзи 1-уми март суханронии Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русияро дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид “бойкот” кардаанд.

Иқдоми онҳо дар посух ба ҳамлаи низомии Русия ба Украина сурат гирифт. Чанде аз расонаҳо гуфтанд, “бойкот” замоне оғоз шуд, ки паёми видеоии қаблан сабтшудаи Лавровро пахш карданд.

Ҷанги Русия дар Украина ба рӯзи шашуми худ ворид шуд ва гузориш мерасад, ки артиши Русия дар ҳошияҳои шаҳри ҷанубии Херсон посгоҳ гузоштааст ва корвони азими низомие ба самти Киев ҳаракат мекунад. Айни замон Русия гуфт, рӯзи 1-уми март шаҳри бандарии Мариуполро муҳосира кардааст.

Аксҳои моҳвораӣ нишон медиҳанд, ки корвони мошинҳои низомии Русия ва тӯпхонаҳо бо дарозии 65 километр ба шаҳри Киев пойтахти Украина наздик мешаванд.

Нерӯҳои мусаллаҳи Украина ин иқдоми Русияро талоше барои муҳосира ва назорати калонтарин шаҳри он кишвар медонанд.​

 Рустами Эмомалӣ барои баргузории мусобиқаи байнулмилалии гӯштин 2 млн сомонӣ ҷудо кард

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба баргузории Мусобиқаи байнулмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Душанбе байни мардон ва занон 2 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Тавре ки дар торнамои расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, ин мусобиқа аз 17 то 22 март дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” дар Душанбе баргузор мешавад.

“Мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш ва таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ гузаронида мешавад”, – омадааст дар хабари шаҳрдорӣ.

Бино ба маълумоти пешакӣ, 3-юмин мусобиқаи байнулмилалии “Гӯштингирӣ” барои дарёфти Ҷоми Душанбе дар шаш вазн – 60 кг, 65 кг, 70 кг, 80 кг, 90 кг ва +90 кг доир мегардад.

Дар мусобиқаи 2-юми соли пешин намояндагони 13 кишвар – Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат варзида буданд.

Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳои мусобиқа ба сифати ҷоиза ба автомашинаҳо соҳиб шуда буданд. Варзишгарони зинаҳои дуюму сеюмро ишғолнамуда мутаносибан ба 3 ҳазор ва 1,5 ҳазор мукофотпулӣ қадрдонӣ шуда буданд.

Як муҳоҷири узбек бар ивази шаҳрвандии Русия ба ҷанг ба Украина рафтааст

Як муҳоҷир аз вилояти Фарғонаи Узбекистон 25-уми феврал бо нашри видеое дар Интернет хабар додааст, ки тавассути мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба шарқи Украина рафта, ҳоло дар ҳудуди Донбасс қарор дорад.

Рӯзноманигорони бахши узбекии Радиои Озодӣ тавонистанд, ин мардро пайдо карда, бо ӯ суҳбат кунанд. Ин ронандаи узбек, ки шахсияташ ба далели амниятӣ ошкор намешавад, тасдиқ кард, ки бо мошинҳои боркаши Вазорати дифои Русия ба вилояти Луҳанск рафтааст.

Ӯ гуфт, бар асоси қарордод ба муҳлати се моҳ барои низомиёни рус ронандагӣ мекунад. Ҳамсуҳбати бахши узбекии Радиои Озодӣ пинҳон накардааст, ки бар ивази ин шаҳрвандии Русия, хона ва маоши хуб мегирад. Моҳонаи вайро 50 ҳазор рубли русӣ (ҳудуди 590 доллар) муайян кардаанд.

Мақомоти расмии Узбекистон то ҳол муроҷиати видеоии сокини Фарғонаро, ки мегӯяд, ҳамроҳи низомиёни рус дар Луҳанск қарор дорад, шарҳ надодаанд. Дар сафорати Русия дар Узбекистон гуфтанд, ин хабар ва шахсияти мардро хоҳанд омӯхт.

Қонунгузории Узбекистон ба шаҳрвандони ин кишвар иҷозат намедиҳад, ки дар сафи артиши давлати хориҷӣ хидмат кунанд ё бар асоси қарордод ба ҳайси зархарид ифои вазифа намоянд.

Амрико ба далели “фаъолиятҳои ҷосусӣ” 12 дипломати русро аз СММ ихроҷ кард

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки Амрико ба 12 узви ин ҳайат дастур додааст, то рӯзи 7-уми март хоки Амрикоро тарк кунанд. Василий Небензя рӯзи душанбе ба хабарнигорон гуфт, “ин хабар ҷиддӣ аст”.

Дар ҳамин ҳол, намояндагии Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки ихроҷи ин афрод бинобар нигарониҳои вобаста ба амнияти миллӣ будааст ва онҳо “кормандони истихборот” ҳастанд. Сухангӯи ҳайати намояндагии Амрико гуфт, шахсони ихроҷшуда “машғули фаъолиятҳои ҷосусӣ буданд, ки хилофи амнияти миллии мо аст”.

Ихроҷи ин афрод нахуст аз сӯи муовини сафири Амрико дар СММ Ричард Миллс тасдиқ шуд. “Он дипломатҳое, ки дастури ихроҷи онҳо аз Амрико дода шуд, ба корҳое машғул буданд, ки ба вазоиф ва масъулиятҳои онҳо ҳамчун дипломат мутобиқ набуд,” — афзуд Миллс дар Шӯрои Амнияти СММ.

Муовини сафири Амрико дар Созмони Милал дар идома гуфт, “аз онҳо хоста шуда буд, то ба амнияти миллии кишвари мизбон осеб нарасонанд” ва афзуд, ин тасмим комилан мутобиқ бо тавофуқномаҳои Созмони Милали Муттаҳид гирифта шудааст.

Василий Небензя, сафири Русия дар СММ, ин тасмимро “нақзи ошкор”-и созишномаи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони кишвари мизбон ва нақзи Конвенсияи Вена доир ба робитаҳои дипломатӣ хонд.

Сафири Русия дар Амрико ҳам ин тасмимро “амали хасмона” хонд ва гуфт, Маскав иддаои Вашингтонро ба таври куллӣ рад мекунад. “Иқдомоти Вашингтон на барои субот дар саҳнаи байнулмилалӣ аст ва на ҳифзи робитаҳои дуҷониба байни ду қудрати бузург дар сатҳе, ки барои сулҳ ва амнияти байналмиалӣ зарурӣ аст,” — гуфт Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико.

Ба гузориши хабаргузории “Франс Пресс”, ҳайати намояндагии Русия дар Созмони Милали Муттаҳид 100 узв дорад.

Ин тасмими Амрико дар рӯзе эълон шуд, ки Маҷмаи умумии СММ баҳси фавқулодаро дар бораи қатъномае дар бораи “таҷовуз”-и Маскав ба Украина оғоз кард. Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, пас аз оғози нишаст бо як дақиқа хомӯшӣ барои қурбониёни даргирӣ, ҳушдор дод, ки “ҷанг дар Украина бояд поён дода шавад”.

“Бас аст, сарбозон бояд ба қисмҳои ҳарбии худ баргарданд, раҳбарон бояд ба тарафи сулҳ ҳаракат кунанд, ғайринизомиён бояд муҳофизат шаванд,” — афзуд ӯ.

Вазири нақлиёт дастур дод, ки ба мушкили додани ” рухсатномаҳо” хотима дода шавад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим дастур дод, ки мушкили додани рухсатномаҳо барои анҷоми ҳамлу нақли байнулмилалӣ бартараф карда шавад.

“Нофаҳмиҳо дар масъалаи додани рухсатномаҳо (дозвол) барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва аз ҷониби интиқолдиҳандагони бор роҳ додан ба қоидавайронкуниҳо ҳанўз ҳам аз байн нарафтааст”, – гуфтааст вазир дар ҷаласаи назоратии ин ниҳод.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ӯ изҳори тассуф намудааст, ки мушкилоти дастрас гардидани рухсатномаҳо аз баъзе кишварҳо ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад.

“Дар ин бора бояд чораҳои қатъӣ андешида, барномаҳои рақамикунониро ҳарчӣ зудтар ҷорӣ бояд кард, то мушкилот бартараф гардад”, – гуфтааст вай.

Дар хабар таъкид мешавад, ки масъала мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати нақлиёт қарор дошта, пайваста ба масъулин ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ва дуруст ба роҳ мондани кор дастурҳо дода мешаванд.

“Оид ба тартиби мубодилаи рухсатномаҳо ва масоили марбута роҳбарияти Вазорати нақлиёт бо роҳбарони ҷамъиятҳои нақлиётӣ ва ронандаҳои хатсайрҳои боркашонии байналмилалӣ мулоқот намуда, масъаларо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода буд”, – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки айни ҳол рухсатномаҳо бо тартиби муқарраргардида ба ҷамъиятҳои интиқолдиҳанда дастрас мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур ва иловатан дастрас намудани рухсатномаҳо тариқи роҳҳои дипломатӣ чораҳои зарурриро рўи кор овардааст.

Вазорат хотирррасон менамояд, ки гирифтани рухсатномаҳо танҳо аз дархости Вазорати нақлиёти Тоҷикистон воаста набуда, ба қонуну қоидаи давлатҳое, ки бо онҳо ҳамлу нақл дорем марбут аст.

Skip to toolbar