logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як мард дар ноҳияи Б. Ғафуров ҳамсарашро дар хона буриши қайсарӣ (кесаревосечение) кардааст

Дар натиҷаи ин кор зан ва кӯдак фавтиданд.

Your tj

14:1320.04.2022

Як мард дар ноҳияи Б. Ғафуров ҳамсарашро дар хона буриши қайсарӣ (кесаревосечение) кардааст

Суди вилояти Суғд, як сокини ноҳияи Б. Ғафуровро барои қатли ҳамсараш ба 20 соли зиндон маҳкум кардааст, хабар медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки Ҷангазиев Ваҳобҷон  санаи 14 январи соли 2021 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар ноҳияи Б. Ғафуров, деҳоти Чашмасор ҳамасари ҳомилаашро  худсарона буриши қайсарӣ (Кесаревосечение ) кардааст, ки дар натиҷаи он ҳам кӯдак ва ҳам зан вафот кардаанд.

"Ҷангазиев Ваҳобҷон ҳангоми ҳамсараш  Дӯстматова М.Ҳ. дар вазъи ҳомиладории муҳлати 39 ҳафта ба дарди шадиди бачадону шикам гирифтор гардида, аз ӯ ёрии таъҷилӣ мехоҳад, ӯро бо зудӣ ба  таваллудхона набурда, қасди шахсан бо роҳи ҷарроҳӣ таваллуд кунонидан намуда, ӯ дидаю дониста, ки ин кирдор барои ҳаёти ҳамсару кӯдак хавфнок буда,  дар мавриди ҷарроҳии ғайриихтисосӣ оқибатҳои вазнин, яъне фавти ҳамсар ва кӯдак мумкин аст фаро расад, тахминан 04:20 дақиқа бо корди хоҷагӣ шиками  ӯро бурида кӯдак ва бачадонро, ки узви ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад, ба берун мебарорад ва мебинад, ки кӯдак дар бачадон мурдааст, аммо баъд барои  наҷот додани ҳаёти ҳамсараш чораандешӣ карда натавониста ҳамсараш вафот менамояд", - менависад Додситонии кулл.

Бо ҳукми суди вилояти Суғд, Ҷангазиев В.Н. бо моддаи 104 қисми 2 банди “д”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштори зани  ҳомиладор муқаррар менамояд, гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии  дорои низоми сахт таъин карда шудааст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

1 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

4 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

4 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

5 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

7 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ