fbpx

Як мард дар Левакант ду духтаракро аз ғарқшавӣ наҷот додааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба волидон ҳушдор медиҳад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд.


1
1 point

Шурӯъ аз аввали моҳи май дар митақаҳои Тоҷикистон аз якчанд ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакон хабар доданд. Ашӯрмаҳмад Юсуфов сокини 40 – солаи шаҳри Левакант дар рӯзи Иди Фитр ду нафар духтараки хурдсол аз ғарқшавӣ наҷот дод.  

Ӯ ба Your.tj   нақл кард, ки чаро ва чӣ гуна духтараконро аз ғарқшавӣ наҷот дод.

“Бе ягон фикр ба об паридам”

Тавре Ашӯрмаҳмад Юсуфов нақл мекунад ӯ рӯзи 2 – юми май пас аз намози ид  баъди намози Ид тасмим мегирад, ки бо  ҳамкорон бба фотиҳахонӣ раванд. Тибқи маслиҳат вай ба ҷойи вохӯрӣ мерафт, ки канори ҷӯи калони (канал) деҳаи Навободи шаҳри Левакант духтарча гирёнеро вомехӯрад, ки саро пояш тар буду гиря кунон медавид ва ёрӣ меҷуст.

Маълум шуд, ки се нафар апаву хоҳар ҳангоми гузаштан аз канори ҷӯй меафтанд, ин духтарак коре карда аз об берун мешавад вале паҳояш наметавонанд.

Ашӯрмаҳмад чун мебинад, ки духтарчае дар ҳоли ғарқшавӣ аст зуд худро ба об мепартояд.

“Ба фикрам, соат аз 10 гузашта буд. Ман лаб-лаби ҷӯйи калон  ба тарафи масҷиди деҳаи Навобод равон будам.  Ногоҳ аз пеши роҳ духтаракеро дидам, ки гиря мекарад. Сар ва либосҳои ӯ тар буд. “Ака, апаҳоямро аз об барор!” – гӯён бо даст миёнҷои ҷӯйро ишора карда нишонд, духтарак. Ман ду духтаракро дар ҳоли ғарқшавӣ дида, дарҳол ба даруни канал паридам”, –  нақл мекунад, Ашӯрмаҳмад.

Ашӯрмаҳмад мегӯяд, ки аввал духтаркеро, ки дар наздикӣ буд, ба зудӣ аз  об баровардааст. Сипас, мебинад, ки духтараки дигарро об алакай дуртар бурдаасту ӯ базӯр мубориза мебурд, то ки зери об намонад, Ашурмаҳмад ба суи духтараки дуввум медавад ва дигарбора худро ба об мепартояд. Хушбахтона ӯ духтараки дуввумро низ наҷот медиҳад.

Дастаи наҷотдиҳандагон баъди гирифтани хабари навбатдори ШКВД- и шаҳри Левакант ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва духтараконро ба беморхона и нтиқол медиҳанд.

“Духтараконро сахт тарсида буданд ва ҳам хунук хӯрда буданд, ки дарақ-дарақ  меларзиданд. Ман хушбахтам, ки фарзанди касеро аз дами марг наҷот додам ”, – мегӯяд, Ашӯрмаҳмад.

Қаҳрамони мо мегӯяд, ки ҳар нафаре, ки дар ҷойи ӯ мебуд ҳамин корро мекард.         Ба гуфти ӯ дастгириву наҷоти якдигар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як инсон аст.

“Ба фикри ман ҳар падар ё модаре, ки бо ин ҳодиса дучор меомад, ҳатман ба наҷоти кӯдакон мешитофт. Чун ҳеҷ як нафаре аз фалокат дар амон нест”, – мегӯяд, Ашӯрмаҳмад.

Айни ҳол аҳволи духтаракон хуб аст ва онҳоро аз бемористон ба хона равон карданд.

Афзоиши ғарқшавии кӯдакон аз оғози моҳи май

Бояд гуфт, ки маҳз дар рӯзи Ид ду  нафар кӯдак яке ҳафт сола ва дигари шашсола дар Ҳисор ғарқ шуданд, шоҳидон кӯдаки 10 соларо наҷот доданд аммо кӯдакӣ 6 сола ғарй шудааст. Ҷасади ин кӯдакро пас аз 10 рӯзи ғарқшавӣ ва кофтукобҳои пай дар пай дарёфт карда ба хок супурданд.

Бино ба гузориши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, рӯзи Ид,  соати 10:25 дақиқа ба қисми навбатдории Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон хабар расида, ки писарбачаи 10-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳангоме ки мехост, аз дарёи Вахш об нӯшад, мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста, ба дарё сарозер шудааст.

Дастаи ғаввосони раёсат ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҳамроҳ бо аҳолии маҳал то фаро расидани торикӣ ҷасади ӯро ҷустуҷӯ кардаанд аммо ҷӯстуҷӯйҳо то ҳол натиҷае надодааст.

Ҳамчунин рӯзи 10 – уми май як кӯдаки даҳсола дар Бохтар, ки бидуни назорати волидон монда буд, хост, дар канал оббозӣ кунад, вале чун шиноварӣ наметавонист, ғарқ шуд. Тавре КҲФ хабар медиҳад ба кумаки кӯдаки дар ҳоли ғарқшавӣ як навраси 16-сола, ки канори роҳ мерафт, шитофт.

“Умарзода Зафар доду фарёди бачаҳоро шунид, ки имдодталабона одамонро даъват мекарданд. Вай шунид, ки мегӯянд, писараке дар ин оби канал ғарқ мешавад”, – омадааст дар хабари кумита.

Гуфта мешавад, қаҳрамони наврас баробари шунидани садои имдодталабона худро ба оби канал ҳаво ва писаракро аз марг наҷот дод.

Бино ба сабаби боришоти пай дар пайи борон ва зиёд шудани оби каналу ҷӯйю дарёҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба волидон ҳушдор медиҳад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend