Як мард дар Ишкошим ҳамсарашро наҷот дода, худаш ғарқ шудааст

Ҳамсари ин мард худкушӣ кардан мехостааст.


Дарёи Панҷ. Акс аз сомонаи Тироз

Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ партофтан мехостааст, ғарқ шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.

“Мард вақте мебинад, ки ҳамсараш ғарқ шуда истодааст, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад”, – менависад КҲФ.

Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурдаанд.