logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як мард дар Ишкошим ҳамсарашро наҷот дода, худаш ғарқ шудааст

Ҳамсари ин мард худкушӣ кардан мехостааст.

Your tj

15:1723.05.2022

Як мард дар Ишкошим ҳамсарашро наҷот дода, худаш ғарқ шудааст

Як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ партофтан мехостааст, ғарқ шудааст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, хабар медиҳад.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ВМКБ ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буданд. Сабаби муноқиша маълум нест.

"Мард вақте мебинад, ки ҳамсараш ғарқ шуда истодааст, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад", - менависад КҲФ.

Ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранги ҷамоати деҳоти Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурдаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

2 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

2 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

4 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

5 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

5 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ