Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Як дандонпизишк дар Душанбе ба муносибати Моҳи Рамазон ба эҳтиёҷмандон ройгон хизмат мерасонад
Дата публикации: 11:2628.04.2022
Ромиш ном як дандопизишки 25 сола дар Душанбе ба муносибати Моҳи Шарифи Рамазон пагоҳ 29- уми апрел ба ниёзмандон ройгон хизмат мерасонад. Як ҳафта пеш низ ӯ ин иқдомро ҷорӣ карда ба беш аз 30 нафар хизматрасониашро ройгон анҷом дод. Ромиш ба Your.tj нақл кард, ки чаро ин гуна иқдомро пеш гирифт ва кадом намуди табобати дандонро ройгон мекунад.
Ромиш мегӯяд, ки ин иқдомро худаш ба хотири савоб дар моҳи Рамазон роҳандозӣ кардааст. Чун дандон як узви муҳими инсон асту дар ҳолати бемор шудан ба табобати сари вақтӣ эҳтиёҷ дорад. Аммо нафароне ҳастанд, ки аз сабаби мушкилоти иқтисодӣ наметавонанд ба духтур муроҷиат кунанд. Бино ба ин ӯ тасмим гирифтааст, ки як рӯз ҳам бошад хизматрасониҳояшро ройгон кунад.
“Ман ки алакай чандин сол аст ҳамчун дандонпизишк кор мекунам мебинам, ки қисми зиёди мардум, сари вақт ба табобати дандон намеоянд. Дар моҳи Рамазон, ки моҳи хайру савоб аст фикр кардам, ки чӣ мешавад ба нафароне, ки дар ҳақиқат имкон надоранд дандонҳояшонро табобат кунанд, хизматрасонии ройгонро роҳандозӣ кунем. Бе ин ҳам дар моҳи Рамазон аз супоридани иҷора озодем”, - мегӯяд, Ромиш.

Ин иқдомро ҷумъаи рӯзи 15 – ум низ Ромиш роҳандозӣ намуда, аз соати 8 субҳ то шом ба бе аз 30 нафар муроҷиаткардаҳо, хизматрасониҳои дандопизиширо ба монанди, тоза кардани дандон, пломба гузоштан ва муолиҷа ройгон анҷом дод.
“Ҳар нафаре, ки занг зад, номнавис ва қабулаш кардем.Аз рӯйи мушоҳида буданд нафароне ҳам, ки зоҳиран низманд наметофтанд, аммо ноумедашон накардем. Вале хубтар мешуд, ки онҳо ба ниёзмандон имконият медоданд”, - нақл мекунад Ромиш.
Пас аз ин Ромиш хост як маротибаи дигар ба хотири моҳи муборак ин иқдомро такрор кунад. Ин дафъа ӯ рӯзи 29 апрел ба ниёзмандон ройгон хизмат мерасонад. Ҳар нафаре, ки аз дарди дандон азият мекашаду барои ба духтур рафтан имконият надорад, метавонад худро ба қабули ройгони Ромиш номнавис кунад.
Барои номнавис кардан бо ин рақамҳо 554151515 тамос бигиред ё ба саҳифаи Инстаграми dentist.romish муроҷиат кунед. Коргоҳи Ромиш дар маҳаллаи Зарафшон, кӯчаи А. Навоӣ 15/6 (рӯ ба рӯи бозорчаи Зарафшон) ҷойгир аст.

Ромиш хатмкардаи бахши дандонпизишкии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аст. Ӯ мегӯяд, ки ҳанӯз дар курси сеюм таҳсил мекард, ки ба кор шурӯъ карда буд,ҳоло беш аз 5 сол мешавад, ки ӯ ба ин кор машғул аст ва муштариёни зиёде дорад.
710 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад