logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Як ҷавони 18-сола бо гумони одамкушӣ дастгир шуд

Ин ҷавон бо корд беш аз 8-маротиба ба узвҳои гуногуни Мизоев Ш., сокини 20-солаи шаҳри Ҳисор зарба зада, ӯро аз ҳаёт маҳрум сохтааст.

Your tj

17:1612.12.2024

Як ҷавони 18-сола бо гумони одамкушӣ дастгир шуд

Як сокини 18-солаи шаҳри Душанбе бо гумони одамкушӣ дастгир шудааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар пойтахт хабар дод. 

Гуфта мешавад, Р.Л. қаблан тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо марҳум Мирзоев Шаҳром, сокини 20-солаи шаҳри Ҳисор нофаҳмиҳои лафзӣ доштаанд.

«Ин нофаҳмиҳо ба хусумату бадбинӣ табдил ёфта, номбурдагон 5-уми декабр дар кӯчаи И.Сомонӣ бо ҳамдигар вохурда, муноқиша ва якдигарро латукӯб кардаанд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.

Гумонбаршаванда Р.Л. бо корди қаблан бо худ оварда, беш аз 8-маротиба ба узвҳои гуногуни Мизоев Ш. зарба зада қасдан ӯро аз ҳаёт маҳрум намудааст.

Раёсат хабар медиҳад, ки ҳоло Р.Л. дар ҳабс қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 104 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва тафтишот идома дорад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

49 минут назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

2 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

2 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

6 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ