Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2628.02.2022
Дар робита ба вазъият дар Украина чанде аз парвозҳо аз Тоҷикистон ба баъзе шаҳрҳои Русия боздошта шуданд, гуфтанд, аз Агении авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон.
Як намояндаи агентӣ дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфтааст, ки аз Тоҷикистон ба се шаҳри Русия, ки бо қарори Росавиатсия 12 фурудгоҳи ҳаммарз бо Украина баста шудааст, парвоз анҷом мешуд: Краснодар, Ростови лаби Дон ва Воронеж.
Ба гуфтаи манбаъ, хатсайрҳое, ки ба шаҳрҳои зикршуда ба нақша гирифта шудааст, шояд ба фурудгоҳҳои наздики ин шаҳрҳои Русия сурат бигирад.
“Ин тадбирҳои муваққатӣ то 2 март идома ёфта, минбаъд ба вазъият вобаста хоҳад буд. Ҳамаи ин тадбирҳо баҳри таъмини бехатарии парвозҳо ва амнияти мусофирон рӯйи даст гирифта мешавад”, - изҳор доштанд дар Агентӣ.
Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймо дар Душанбе изҳор намуданд, ки дарвоқеъ ҳам парвоз бо чанде аз хатсайрҳоро боздошта, ба мусофироне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, ивази билетҳо ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунанд ё пулашонро бармегардонанд.
“Фурӯши билетҳо ба смати Краснодар, Воронеж ва Ростови лаби Дон муваққатан то 2 март боздошта шуд. Ба мусофироне, ки то боздошти парвозҳо билет гирифта буданд, ивази он ба рӯзи дигарро пешниҳод мекунем ё пулашонро бармегардонем”, - гуфтанд дар ин нуқтаи фурӯш.
Намояндагони ширкати ҳавопаймоии S7-и Русия, ки бо хатсайри Хуҷанд - Воронеж парвозҳо анҷом медиҳад, иттилоъ доданд, ки рӯзи 2 март иҷрои ду парвозро ба Воронеж ба нақша гирифтаанд.
“Бароямон ҳоло маълум нест, ки рӯзи 2 март ба парвозҳои пешбинишуда иҷоза медиҳанд ё не. Моро дар бораи мутаваққиф намудани онҳо огоҳ накардаанд ва билетҳо ҳоло дар фурӯшанд”, - иброз доштанд дар ширкат.
Дар робита ба шиддат гирифтани вазъият дар атрофи Украина кори баъзе фурудгоҳҳо дар ҷануби Русия муваққатан боздошта шудааст: Ростов (Платов), Краснодар (Пашковский), Анапа (Витязево), Геленжик, Элиста, Ставропол, Белгород, Брянск, Орел, Курск, Воронеж, Симферопол.
690 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
12 часов назад
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
12 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад