fbpx

Ягона тоҷикдухтар дар донишгоҳ. Мавзуна чаро барои таҳсил Кореяи Ҷанубиро интихоб кард

Хароҷоти миёнаи моҳонаи Мавзуна дар Корея ба 700 – 900 $ баробар аст, ки идрорпулии мегирифтааш онро пурра мепӯшонад.


-1
-1 points
Тоҷикдухтари донишҷӯ дар Кореяи Ҷанубӣ

Дар Донишгоҳи Кёнсон (Kyungsung University) – и шаҳри Пусан (Busan) – и Кореяи Ҷанубӣ аз Тоҷикистон ду нафар, Мавзуна Товароваи 22 – сола ва як ҷавони дигар таҳсил мекунанд. Ӯ дар курси сеюм аз рӯйи ихтисоси менеҷменти сайёҳӣ ва меҳмондорӣ (Hospitality and Tourism management) таҳсил дорад. Муаллифи Your.tj бо Мавзуна дар хусуси чӣ гуна сурат гирифтани таҳсил дар Корея ва одату хислатҳои аҷиби кореягиҳо, ки дар байни дигар халқҳо кам вомехӯрад, суҳбат кард.

Духтари тоҷик дар Кореяи Ҷанубӣ таҳсил мекунад

Омӯзиши забон бо хоҳиши худ

Вай дар Корея як солро бо омӯзиши забон гузаронд. Ба  кишварҳои гуногун сафар кардан яке аз орзуҳои калони Мавзуна буд. Имрӯз орзуи замони кӯдакияш дар ҳоли иҷроиш аст. Зеро дар соҳаи сайёҳӣ ва меҳмондорӣ таҳсилро давом медиҳад. Духтарак ояндаашро дар ҳамин соҳа дидан мехоҳад. Ӯ нақша дорад, ки ба кишварҳои дуру наздик сафар кунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mina – your korean girl🇰🇷 (@multicity.girl)

Мавзуна зодаи шаҳри Душанбе аст. Омӯзиши забони кореягиро аз синфи 9 – ум бо хоҳиши худ оғоз карда буд. Ба қавли ӯ, забономӯзӣ вақте самар меорад, агар он бо хоҳишу завқи худи шахс сурат бигарад. Муаллими аввалинаш Табрез ном ҷавон буд. Ӯ дар маркази забономӯзии “Китобхонаи милли Тоҷикистон” алифбои забони кореягиро ёд медод.

“Аз муаллим Табрез алифбои забони кореягӣ (хангыл) – ро хуб омӯхтам. Ростӣ, омӯзиши алифбои забони бароям нав он қадар душвор набуд. Танҳо таваҷҷуҳи бештар ва хушзеҳнӣ боис шуд, ки онро ба хотир гирам. Бо тавсияи муаллими ҷавонам ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон рафтам.

Дар он ҷо муаллимоне, ки аз Корея мебошанд, яъне соҳибони забон дарс медоданд. Бояд гӯям, ки муаллимон дар як вақт ҳам меҳрубон ва ҳам серталаб буданд”,- ба ёд овард Мавзуна.

Ба гуфтаи ӯ омӯзиши грамматикаи забон барои навомӯз хеле мушкил аст. Вале бо пурсабрӣ ва азхуд намудани мавзӯъҳо онро осон паси сар кардан мумкин аст.

Барномаи GKS ва идрорпулии он

Дар омӯзиши забони кореягӣ 6 сатҳ мавҷуд аст. Вақте Мавзуна барои идомаи таҳсил ба Корея рафтанӣ шуд, сатҳи забондонияш TOPIK 3 буд. Ӯ барномаи Korean Government Scholarship Program (KGSP), ки феълан Global Korea Scholarship (GKS) ном гирифтааст, интихоб кард.

Барномаи мазкур барои донишҷӯёни хориҷӣ имкон фароҳам меорад, ки дар Донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ ройгон таҳсил кунанд ва барои пӯшонидани хароҷот идрорпулӣ бигиранд.

“Дарсҳои донишгоҳ хеле ҷолиб аст. Дар ҳар нимсола (семестр) ҷадвали дарсиро худи донишҷӯ тартиб медиҳад. Донишҷӯ дарси дилхоҳашро интихоб менамояд ва дар он иштирок мекунад. Донишҷӯён ба мисли донишгоҳҳои кишвари мо чор сол бо як гурӯҳ намехонанд, балки дар як рӯз бо чанд гурӯҳҳо дарс мехонанд.

Мавзуна аз Тоҷикистон барои таҳсил ба Корея рафт

 

Сабаби бо ҳар гурӯҳ хондан дар ин аст, ки ҳар донишҷӯ фанни дилхоҳашро интихоб кардааст ва дар соатҳои дарсӣ ба ҳар гурӯҳ донишҷӯёне ҷамъ меоянд, ки як фанро интихоб кардаанд. Ҳамин тариқ, як гурӯҳи аниқи ҳамсабақон вуҷуд надорад”,- фаҳмонд Мавзуна.

Хароҷоти миёнаи моҳонаи Мавзуна ба 700 – 900 $ баробар будааст. Идрорпулие, ки ӯ мегирад, хароҷотро пурра мепӯшонад. Ҳоло барои ёфтани даромади иловагӣ кор намекунад. Таваҷҷуҳаш пурра ба омӯзиш ва забономӯзӣ аст. Мехоҳад, ки ба ғайр аз ангилисиву кореягӣ боз 3 забони дгарро аз худ кунад.

“Ҳар сол идрорпулии давлатии Global Korea Scholarship (GKS) – ро беҳтарин довталабон соҳиб шуда метавонанд. Онҳо имкон доранд, ки бо идрорпулии мазкур дар Кореяи Ҷанубӣ ба таҳсилоти олӣ фаро гирифта шаванд. Довталабони хориҷӣ аз рӯйи талаботе, ки дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳҳо муқаррар шудааст, имкон доранд, ки супорида соҳиби гранти омӯзишӣ шаванд”,- афзуд донишҷӯ.

Лутфу марҳамати профессорон

Ба Мавзуна ва ҳамсабақонаш профессорҳои зиёд дарс медиҳанд. Ҳамагӣ ба дарс ва донишҷӯ серталаб мебошанд. Хусусан, дар имтиҳонот аҳамияти ҷиддии муаллимон эҳсос мешавад. Муаллимон дар баробари сахтгир будан, нисбат ба донишҷӯён лутфу меҳрубониҳои зиёд низ доранд.

“Қариб ҳамаи профессорон пеш аз имтиҳон, ё рӯзи имтиҳон ба донишҷӯён шириниҳо меоранд. Хӯрданиҳои лазизро дар халтачаҳои майдаи зебо андохта, ба ҳар донишҷӯ бо дасти худ медиҳанд. Мегӯянд, ки донишҷӯ дар ин нимсола меҳнат карда, дарси моро хонд. Гӯё бо додани шириниҳо шогирдонро бо хатми як дарс табрик мекунанд”,- илова кард Мавзуна.

Дар нимсолаи гузашта профессоре, ки ба онҳо дарс медод,  дар рӯзи охирони дарс ба гурӯҳи 30 – 40 нафара қаҳва ва дигар нӯшобаҳо оварда, гуфта буд, ки дар ин нимсола хеле хуб меҳнат кардед, омӯзишро давом диҳед.

Ба фикри Мавзуна, чунин шеваи кори муаллимон барои рӯҳбаландии донишҷӯён мусоидат мекунад. Ӯ дар аввал шоҳиди амали некбинонаи муаллимон шуда, дар ҳайрат монд ва каме хиҷолат низ кашид. Баъдтар фаҳмид, ки муаллимон ин корро аз сидқи дил анҷом медиҳанд.

Дар Корея

Маданияти хоси кореягиҳо

Мавзуна баъде, ки дар Корея зиндагиро оғоз кард, беш аз ҳарвақта ба қадри вақт расиданро омӯхт. Дарк кард, ки ҳамеша меҳнатдӯст бояд буд.

“Мардуми Корея меҳнатдӯст мебошанд. Ҳар корро аз таҳти дил ва бо масъулияти баланд иҷро мекунанд. Барои онҳо ҳамеша муҳим аст, ки корашон натиҷаи беҳтаринро ба бор орад. Онҳо мекӯшанд, то рӯзи истироҳатиро низ хубтару беҳтар гузаронанд. Сайёҳат карданро низ хеле дӯст медорнад”,- изҳор дошт вай.

Тавре Мавзуна мушоҳида кардааст, агар аз интернет – мағозаҳо ҳар чизе ё хӯрокворие фармоиш кунед, дар назди дарвозаи хона оварда мегузоранд. Касе ба он намерсад. Агар 2 рӯз дар хона набошед ҳам, ҳар чизи фиристодашуда (посылка) дар паси дар меистад, касе кордор намешавад.

“Одамони калонсол ва ҳам миёнсолу ҷавонон варзиш мекунанд. Ҳатто калонсолоне, ки ба синни 70 – 80 расидаанд, ҳар рӯз ба обутоби бадан машғуланд. Аксарият тез – тез ба кӯҳ мебароянд. Барои ин шуғл ҳамаи шароит муҳайё аст. Роҳҳои ҳамвор доранд.

Дар аввал хеле ҳайрон мешудам, вақте дар ҳафтае 2 – 3 маротиба бо дӯстони кореягиям кӯҳбароӣ мекардем. Баъдан фаҳмидам, ки аз кӯҳбароӣ табъи инсон хуш мешавад ва энергияи зиёде ба худ мегирад. Ростӣ, ба толори варзишӣ рафтанро дӯст намедорам. Аз ин рӯ, мекӯшам, ки дар як рӯз 30 дақиқа ё 1 соат пиёда роҳ гардам”,- иқрор шуд Мавзуна.

Таҳсил дар Кореяи Ҷанубӣ

Нақлиёти ҳамеша тоза ва таомҳҳои болаззат

Қаҳрамони моро аз ҳама бештар тартибу низом ва фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии Корея мафтун кардааст. Ӯ аз  автобус ва метро истифода мекунад. Бино ба нақли ӯ, ин навъи нақлиёт ҳамеша тоза буда, дар вақту соати муайян ҳозир мешавад. Дар онҳо нишастан хеле роҳат аст.

“Дар Корея қаҳвахонаҳои зебо хеле бисёранд. Баъди дарсу машғулиятҳо бо дӯстон ба қаҳвахонаҳо меравем. Хӯроки миллии кореягии “кимбаб” дар дигар кишварҳо хеле машҳур мебошад. Он дар худи Корея он қадар қиммат нест. Аммо хӯрокҳои дӯстдоштаам ҳамонест, ки аз гӯшти мурғ фароҳам оварда мешавад.

Ростӣ, бисёр навъи хӯрокҳоро истеъмол карда наметавонам, зеро дар таркиби онҳо гӯшти хук аст. Пеш аз фармоиш кардани ҳар хӯрок аввал таркибашро мефаҳмам. Дар масъалаи хӯрок хеле ҳассосам”, – бо лабханд гуфт духтарак.

Кореягиҳо Соли навро чӣ хел пешвоз мегиранд?

Тарзи Соли навро пешвоз гирифтани кореягиҳо ба Мавзуна хеле писанд омадааст. Дар аввал ҷашнгирии кореягиҳо аз соли нав барои қаҳрамони мо аҷиб буд.

“Мардуми Корея  мисли дигар кишварҳо омадани соли навро дар шаби 31 – уми декабр ҷашн намегиранд. Ин рӯз чун рӯзҳои дигар одӣ мегузарад. Тараддуди ҷашнгирии соли нав аз субҳи барвақти 1 – уми январ оғоз мешавад.

Мардум ба назди баҳр мераванд ва мекӯшанд, ки тулӯъи офтобро бинанд. Онҳо бовар доранд, ки агар аввалин шуда, баромадани офтобро бинанд, соли бобароре насибашон мешавад. Онҳое, ки маҳалли зисташон аз баҳр дур аст, ҳатман ба минтақаи назди баҳр меоянд, то дар оғози сол  баромадани офтобро бубинанд”,- нақл кард қаҳрамони мо.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Mina – your korean girl🇰🇷 (@multicity.girl)

“Дар Корея дар бораи Тоҷикистон кам медонанд, зеро…”

Ҳамсабақони кореягӣ ва дигар хориҷиён аз Мавзуна пурсон мешаванд, ки Тоҷикистон дар куҷо воқеъ аст ва тоҷикон чӣ фарҳангу маданият доранд. Онҳо дар бораи кишвари мо маълумоти кам доранд.

Сабаби асосии онро қаҳрамони мо дар он медонад, ки ҷавонони тоҷик барои таҳсил ба ин кишвар кам мераванд.

Аз ин рӯ,  вай дар Instagram блог бо номи multicity.girl таъсис дода, дар бораи ҳаёти донишҷӯӣ ва чӣ гуна ба донишгоҳҳои маъруфи байналхалқӣ дохил шудан маълумоти зарурӣ пешниҳод мекунад.

Мавзуна таассуф мехӯрад, ки ҷавонони тоҷик аз чунин имконот кам истифода мебаранд. Ба гуфти вай, дар донишгоҳи онҳо ҷавонон аз Узбекистон ва Қазоқистон хеле зиёданд, аммо аз Тоҷикистон ҳамагӣ ду нафар мебошанд.

Ӯ ба довталабоне, ки дар хориҷи кишвар, махсусан, дар Корея таҳсил кардан мехоҳанд, маслиҳат медиҳад, ки сараввал барномаеро, ки аз рӯйи он ба кишвари хориҷа рафтаниянд, хуб омӯзанд.  Аз рӯи ихтисоси интихобкардаашон нақшае тайёр кунанд, ки дар давоми як ва ё чор сол кадом курсҳоро хондан ва соҳиби сертификат шуданашонро дарбар гирад. Ба имтиҳонгирандагон ҳамеша довталаби донишманд ва мутахассиси ояндадори соҳаи худ шуданашонро исбот карда тавонанд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
11
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
3
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend