Ягона бонуи футболбози тоҷик дар Аврупо. Чӣ тавр Мадина ба тимҳои хориҷӣ роҳ ёфт

Мадина мегӯяд, волидонаш мехостанд, ки ӯ ҳунарманд шавад, аммо вай варзишро интихоб кард.


Ин ва дигар аксҳо аз бойгонии шахсии Мадина Фозилова

Мадина Фозилова яке аз футболбоз бонувони муваффақи Тоҷикистон аст. Соли 2021 ӯ ба тими “NICA”- и Гурҷистон роҳ ёфта, дар таърихи кишвар аввалин варзишгарбонуи тоҷик дар футболи Аврупо гардид.

Мадина Фозилова  ба Your.tj дар бораи фаъолияти футболбозиаш дар тимҳои милливу хориҷӣ қисса кард.

Мадина мегӯяд, ки футбол майдони рақобат асту, футболбоз бояд зираку ҳушёр бошад. Дар таҷрибаи чандинсолаи худ Мадина дар майдони футбол зиёд зарба хурдааст. Зиёдтар дар хотираш ҳодисаи корти сурх гирифтанаш нақш бастааст.

Он замон тими миллии кишвар дар Ҷоми Осиё бозӣ мекард. Чун рақибон дидаанд, ки Мадина бозингари чолоку бомаҳорат аст, хостанд, ки ӯро аз майдон берун кунанд, дар натиҷа довар ба ӯ корти сурх медиҳаду Мадинаро аз ҳаққи идомаи бозӣ маҳрум мекунад.

“Бо мунтахаби Фаластин  бозӣ мекардем., ки ман бо тамоми маҳоратам бозӣ мекардам. Рақибони мо бозии маро дида чандин маротиба ба поям зада, дағалона бозӣ мекарданд.

Пас аз ин ҳолатҳо миёни ману як футболбози ин мунтахаб нофаҳмӣ сар зад, ки довар бо нишон додани корти сурх ҳардуи моро аз майдон берун кард. Пас аз майдон баромадани ман рақибон аз ин ҳолат истифода бурда ба дарвозаи мо гол заданд. Ин ҳолат барои ман фаромӯш нашаванда ва дарс шуд. Пас аз ин дар бозиҳои баъдӣ ба чунин васваси рақибон аҳмият намедода шудам”, – нақл мекунад, Мадина.

Аз мусиқӣ ба футбол

Ба нақли Мадина, ӯро волидонаш ба умеди санъаткор шудан ба мактаби мусиқии ба номи Малика собирова медиҳанд, вале дили Мадина ба футбол кашол буд. Ҳар рӯз пас аз дарсҳо бо бачаҳои ҳамсоя футболбозӣ карда, орзуи футболбоз шуданро мекард. Аммо он замон дар Душанбе мактаби футболбозии духтарона фаъолият намекард.

“Дар кӯча бо бачаҳо футболбозӣ мекардам ва вақтам бештар ба бозӣ сарф мешуд. Ҳар боре, ки модарам бозии маро дар кӯча медид ба ман мегуфт, ки “санъаткор ин хел намешавад бояд ҳаракатҳои духтаронаи худро дошта бошӣ,  вале ту бошӣ футболбозӣ мекунӣ”.

Баъдан  модарам диданд, ки  аз санъаткор шудани ман бӯи умед дигар маҷбурам накарданд, ки мактаби мусиқӣ равам. Соли 2007 дар шаҳри Душанбе мактаби футболбозии духтарон бо номи “Ласточка” кушода мешавад ва маро модарам ба он ҷо мебаранд. Ман як умр аз модарам миннатдорам, ки барои футболбоз шудани ман натанҳо  монеъ нашуданд, балки дастгириам карданд”,  – ба хотир меорад, Мадина.

“Духтарро ба футбол чи кор”

Мадина аз соли 2007-2017 дар дастаи “Ласточка”-и шаҳри Душанбе  ва аз соли 2017-2020 дар дастаи “Зебониссо” бозӣ кардааст. Дар давоми фаъолияти худ қаҳрамони мо 8 маротиба ҳамчун қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол эътироф шудааст.

Дар гузашта ба футбол машғул шудани духтарон дар Тоҷикистон кам ба назар мерасид. Аммо тайи даҳсолаи охир бо фаъолияти мактабҳои футболбозии духтарона сафи дӯстдорони ин навъи варзиш миёни духтарон низ афзудааст.

Мадина мегӯяд, замони ба футбол омадани ӯ мардум ба футболбоз шудани духтарон боварӣ ҳам надоштанд ва низ бисёриҳо инро намехостанд. Дар солҳои аввали футболбозиаш ӯ чандин маротиба аз шахсоне, ки ҷонибдори футболзии духтарон набуданд, таънаҳо ҳам шунидааст.

“Аз соли аввале, ки мо машқ мекардем, буданд нафароне, ки мегуфтанд “духтарро ба футбол чи кор”,  ин суханҳо ба ҷалб нагардидани духтарон ба футбол таъсиргузор буд. Аммо имрӯз мардум бисёр ба футбол таваҷҷӯҳ доранд. Дар солҳои пеш ягона мушкилие, ки мо доштем, ин кам баргузор гардидани бозиву мусобиқаҳо буд. Аммо бо ташкили Лигаи бонувони Тоҷикистон ин мушкилӣ аз байн рафтааст ва дастгирӣ низ аз ҷониби ФФТ хуб шудааст”,  – мегӯяд, Мадина.

Аввалин ҷоиза берун аз кишвар

Мадина Фозилова дар баробари дастаҳои бозикардааш ҳамзамон капитани тими миллии бонувони Тоҷикистон оид ба футболро низ ба ӯҳда дорад. Дар ин ҳайат низ борҳо ба муваффақиятҳои шоён даст ёфтааст. Ӯ то ба ин ҷода расиданашро роҳи тӯлоние меҳисобад ва устоди аввалини хеш Сулаймон Бобокалоновро роҳнамои ин соҳа барои худ медонад.

Соли 2009 дар шаҳри Бишкеки ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи “Надежда” миёни ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон,Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқа бонувони тими миллии мо сазовори ҷойи дуюм гардиданду Мадина унвони беҳтарин нишонзанро соҳиб шуд.

“Ин мусобиқа барои мо аввалин мусобиқа берун аз кишвар буд. Дар финал бо дастаи бонувони Қирғизистон бозӣ кардем ва рақобати мо бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфт. Вале аз ҳисоби он ки холҳои рақиб аз мо бештар буд, ҷойи якум ба онҳо дода шуд. Дар ин мусобиқа ман бо задани 5 гол миёни ҳамлаварони дигар кишварҳо дар ҷойи якум будам ва ҷоизаи “Беҳтарин нишонзан”-ро соҳиб гардидам”, – зикр мекунад, Мадина.

Соли 2019 Мадина Фозилова  ба донишгоҳи “Нанчан”-и Ҷумҳурии Чин ба факултаи забонҳо дохил шуд. Мадина мехоҳад дар баробари варзишгар будан соҳиби маълумоти олӣ бошад. Дар баробари таҳсил ӯ  дар дастаи футболи бонувони ин донишгоҳ бозӣ мекард.

“Дар дастаи бонувони донишгоҳ ман ҳамагӣ 4 моҳ бозӣ кардаам ва бештари вақтамон ба тамринҳо сипарӣ мегардид. Аз сабабе, ки бемории коронавирус пайдо шуд, мо дигар натавонистем тамринҳоро давом диҳем. Баъдан ман ба Тоҷикистон омадам”, – мегӯяд, футболбоз.

Гузариш ба дастаи футболи Аврупо

Дар соли равон Мадина аз чандин дастаҳои хориҷӣ Туркия, Украина, Русия ва Гурҷистон пешниҳодҳо гирифт. Аз миёни ин пешниҳодот Мадина дастаи “NICA”-и Гурҷистонро интихоб кард, чун ин даста иштирокчии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо миёни бонувон буд.  Моҳи марти соли 2021 Мадина бо ин  даста ба муҳлати як сол шартном баст. Аммо аз сабаби зарба хурданаш аз пой ва пандемия натавонист ба пуррагӣ фаъолият кунад.

“Дар аввалин бозиам бисёр дар ҳаяҷон будам, зеро боварам намеомад, ки чӣ гуна як тоҷикдухтар дар чунин даста бозӣ мекунам. Аммо дар бозии сеюмам дар ин даста ҳангоми аз рақиб пеш гузаштан афтида аз зонуям ҷароҳат бардоштам. Табибон гуфтанд, ки бояд як моҳ табобат гирам, аммо аз байн як моҳ гузашту поям ба пуррагӣ сиҳат нашуд.

Аз ин хотир ман ба Тоҷикистон омадам, ки дар ин ҷо табобатро пурра анҷом диҳам. Баъд аз сиҳат шуданам ба тими мунтахаб барои бозӣ даъват шудам ва чанд муддате ин ҷо будам, дар Гурҷистон  мавсими футбол тамом шуд ва шартномаи ман бо он даста ба охир расид”, – нақл мекунад, Мадина.

 “Маликаи бозӣ”

Мадина Фозилова як моҳ пеш ба дастаи футзали “Maldives Port Limited”-и Малдив гузашт. Ӯ дар нахустин бозиаш ба муқобили бошгоҳи “Фенека” ду гол ва як партофти натиҷаовар анҷом дода беҳтарин бозингари бозӣ дониста шуд. Дар ин бозӣ ба ӯ унвони “Маликаи бозӣ”-ро доданд.

“Кишвари Малдив барои ман бегона нест, пеш аз ин ман дар ду дастаи ин кишвар, “AWA FT Maldives” соли 2017 ва “WAMCO Maldives”-соли 2019 бозӣ карда будам. Соли гузашта,  вақте ман дар дастаи “NICA”-и Гурҷистон бозӣ мекардам, мураббиёни ин бошгоҳ бозии маро дида буданд ва хостанд, ки  имсол дар дастаи онҳо бозӣ кунам. Дар ин даста ман таҳти рақами 14 дар мавқеи ҳамлавар бозӣ мекунам”, – мегӯяд Мадина.

Мадина илова кард, ки пас аз анҷоми фаъолияти футболбозиаш низ мехоҳад аз варзиш дур намонад. Ӯ ният дорад, ки дар оянда мураббии футбол ё довар гардад. Барои ин ӯ аллакай аз омӯзиш гузашта, соҳиби сертификат низ шудааст.

  Саддамҷон  Давлатов