fbpx

Аз Рустами Эмомалӣ хостанд то ба қазияи Далери Имомалӣ расидагӣ кунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз Asia-Plus

Низомии қирғиз, ки дар марз бо Тоҷикистон захмӣ шуд, дар шуъбаи эҳё аст

Яке аз ду низомии қирғизистонӣ, ки дар тирпарронии рӯзи 3-юми июн дар марз бо Тоҷикистон захмӣ шуданд, баъди ҷарроҳӣ дар шуъбаи эҳё бистарӣ аст.

Дар ин бора аз маркази матбуотии вазорати ҳифзи тандурустии Қирғизистон хабар доданд. Захмиҳо барои идомаи табобат рӯзи 4-уми июн ба шаҳри Бишкек бурда шудаанд.

Афсар Б.Суйунбек уулу, соли таваллудаш 2001, ҷароҳати пӯшидаи мағзи сар, зарбаи мағзи сар бардошта, сутунмуҳрааш шикаста аст.

Сарбози дигар З. Ҷалилов, соли таваллудаш 2000, захми косахонаи сар, гардан, қафаси сина, китфи чап бардоштааст. Вазъи вай вахим арзёбӣ мешавад ва ӯро ҷарроҳӣ кардаанд.

Ба иттилои “Азия-Плюс” сарбози захмишудаи тоҷик низ дар шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии Исфара бистарӣ мебошад.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз Рустами Эмомалӣ хост ба қазияи Далери Имомалӣ расидагӣ кунад

Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон  бо нашри як муроҷиатнома аз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ хост, ки ба қазияи рӯзноманигор ва блогнависи мустақил расидагӣ кунад.

Дар ин муроҷиатнома, ки дар саҳфаи фейсбукии раиси ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода нашр шудааст, дархост мешавад, ки омилони қазияи лату кӯби Далери Имомалӣ дар мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ошкор ва муҷозот шаванд.

Дар муроҷиатномаи ҲДТ омадааст, ки мавзуи боздошт ва лату кӯби блогер ва хабарнигори тоҷик Далери Имомалӣ аз тарафи гурӯҳи номуайяни кормандони мақомоти интизомии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар миёни ҷомеа гуфтугӯ ва норизоии аҳли фарҳангро ба вуҷуд овардааст.

“Албатта чунин тарзи муносибат бо мардуми ҷомеа, бахусус хабарнигорон ва қаламкашон ҳар касеро нороҳат ва норизо гардонда метавонад”,-омадааст дар ин муроҷиатнома.

Шӯрои сиёсии ҳизби демократ афзудааст: “То ҷое мо хабар дорем, Далери Имомалӣ ба унвони блогер бештар мавзуъҳои баҳсталаби иҷтимоию рӯзгори мардумро нашр мекунад ва дар навиштаҳои ӯ масъалаи ғаразхоҳӣ, ноором кардани ҷомеа ва ё таҳқиру надомати ҳукумат дида намешавад. Хабарнигор ҳамчун намояндаи қишри бедори ҷомеа рисолати хабаррасонии худро ба мақсади ислоҳи камбудиҳо пешниҳод кардааст, ки чунин амал дар ҳама давлатҳои пешрафта вуҷуд дорад”.

Далери Имомалӣ хабарнигор ва блогнависи мустақил, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри видеоҳо аз мушкилоти мардум маъруф аст, рӯзи 4-уми июн ҳангоми таҳияи матлаб пас аз қабулгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, аз сӯйи мақомоти интизомии ин ноҳия барои 5 соат бозпурсӣ шуда буд.

Дар поёни муроҷиат аз раиси Маҷлиси миллӣ хоста шудааст, ки барои пешгирӣ аз чунин рафтори нодурусти ходимони идораҳои давлат, ин амалро ошкор ва иҷрокунандагони онро муҷозот кунад, то дигар дар Тоҷикистон чунин амал ва рафтор аз тарафи намояндагони органҳои давлатӣ рух надиҳад.

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон минтақаи тиҷоративу индустриалӣ боз мешавад

Тоҷикистону Ӯзбекистон ният доранд, ки ояндаи наздик дар мавзеи гузаргоҳҳои “Ойбек” ва “Фотеҳобод” минтақаи марзии тиҷоративу индустриалӣ таъсис диҳанд, хабар медиҳад Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни форуми доираҳои кории ду кишвар, ки ҳафтаи гузашта дар остонаи сафари президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар Тошканд доир гардид, дар ин хусус тавофуқоти пешакӣ ҳосил шудааст.

Ба иттилои манбаъ, минтақаи тиҷоративу индустриалӣ дар сарҳад “бо мақсади тақвияти савдои мутақобила ва ҳавасмандсозии рушди ҳамкориҳо дар соҳаи саноат” роҳандозӣ мешавад.

Дар назар аст, ки дар қаламрави минтақа иқтидорҳои истеҳсолӣ, марказҳои логистикӣ ва зербинои зарурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод – Ойбек” дар минтақаи шимолу ғарби вилояти Суғд воқеъ аст.

Дар Тоҷикистон бештар ба телевизион бовар доранду онро тамошо мекунанд

Дар Душанбе таҳқиқоти нави ба кадом васоити ахбори умум афзалият додани аҳолии Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Таҳқиқот нишон дод, ки аҳолии ҷумҳурӣ ба телевизион, ки дар ҷумҳурӣ оммавӣ ва дастрас аст, бештар талабот дошта, 96%-и пурсидашудагон истифодабарандагони телевизион мебошанд.

Дар радабандии шабакаҳои марказии телевизион ТВ “Сафина” (63%) пешсаф буда, зинаҳои баъдиро ТВ “Тоҷикистон” (59%) ва ТВ “Синамо” (37,6%) ишғол кардаанд.

Read more: Дар маҷмӯъ 92%-и пурсидашудагон ба шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон талабот дошта, дар идома шабакаҳои телевизиони Русия – 32%, Ӯзбекистон – 27,4%, Эрон (форсизабон) – 24,95 ва Афғонистон – 8,8% қарор доранд.

Дар муқоиса бо соли 2019 радиоҳо қариб 1%-и шунавандагони худро аз даст додаанд. Аз шумори умумии пурсидашудагон радиоро имрӯз 39,7%-и пурсидашудагон гӯш мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend