fbpx

Изҳори нигаронии рӯзноманигорони тоҷик аз тарзи баргузории нишастҳо ва дастрасии иттилоот

Онҳо аз Дастгоҳи президент ва Прокуратураи генералӣ тақозо кардаанд, ки аз мақомоти давлатӣ иҷро шудани волоияти қонунро дар кишвар талаб кунанд.


0
Нишастҳои матбуотӣ дар Тоҷикистон

Субҳи имрӯз, 18-уми июл муроҷиатномаи чанде аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва рӯзноманигорони тоҷик ба Дастгоҳи президенти Тоҷикистон ва Прокуратураи генералӣ нашр шуд. Муаллифони ин муроҷиатнома нигаронии худро аз шеваи баргузории нишастҳои матбуотӣ аз сӯи вазорату идораҳои кишвар баён кардаанд. Зикр мегардад, ки ин амали онҳо нодида гирифтани фармонҳои роҳбари давлат ва қонунҳои амалкунанда дар самти дастрасӣ ба иттилоот аст.

Нишастҳои матбуотии вазорату ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон рӯзи 26-уми июл оғоз шуда, то 15-уми август давом идома хоҳанд кард.

Дар ин муроҷиатнома, ки ҳамчунин аз баргузор накардани нишастҳои матбуотӣ аз сӯи ниҳодҳои қудративу калидии Тоҷикистон дар ҳолатҳои ғайриодӣ, фавқулода ва изтирорӣ, талаби дархости хаттӣ барои посух гуфтан ба одитарин саволи рӯзноманигорон аз сӯи ниҳодҳои расмӣ, дастнорас будани вазирону раисон барои рӯзноманигорон ва дар маҷмуъ, нақзи баргузории нишастҳои матбуотӣ ва таъмини дастрасӣ ба иттилоот аз сӯи тамоми ниҳодҳои давлатӣ нигаронӣ шудааст.

Рӯзноманигорони тоҷик

Муаллифони ин муроҷиатнома, ҳамчунин, гуфтанд, ки

“Бо гузашти солҳо мо муносибати сард, бепарвоӣ, иҷро нашудани талаботи қонунгузории Тоҷикистон дар самти дастрасӣ ба иттилоот ва нақзи тамоми фармонҳои президенти кишварро дар ин самт аз сӯи вазорату кумитаҳо, мақомоти расмӣ ва дигар мансабдорон мушоҳида мекунем”.

Онҳо аз ҷумла афзудаанд, ки дар нишастҳои хабарӣ, ки ҳоло дар як сол ду маротиба баргузор мешаванд, мансабдорон танҳо арқоми хушку холиро пешниҳод мекунанд.

“Ба саволҳои иловагӣ аз посух додан бо шарҳу таҳлил худдорӣ мекунанд; камаш 40 дақиқаи як нишасти хабариро ба хондани пресс-релизе, ки нусхаи он дар дасти рӯзномангорон ҳам ҳаст, сарф мекунанд; ба бахши саволу ҷавоб ҳамагӣ 10-15 дақиқаи нишастро мебахшанд, ҳамчунин, баъзе ҳисоботдиҳандагон муносибати дағалонаро ҳам дар рафти нишастҳо ба худ иҷозат медиҳанд”.

Муаллифон барои ҳалли масъала чанд пешниҳод манзур кардаанд ва тақозо кардаанд, ки

“Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ниҳодҳои назоратианд, ба мушкили ҷойдошта аҳамият дода, аз мақомоти давлатӣ иҷро шудани волоияти қонунро дар кишвар талаб кунанд”.

Нусхаи аслӣ ва пурраи муроҷиатномаи мазкурро дар сомонаи “Азия-Плюс” бихонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend