fbpx

Изҳори нигаронии Комиссариати олии паноҳандагони СММ аз ихроҷи гурезагони Афғонистон аз Тоҷикистон

Аз 3 то 5-уми декабр ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 гурезаро “бе риояи тартиботи зарури ҳуқуқӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд.


0
Акс аз сомонаи glas.ru

Комисариати олии паноҳандагони СММ (UNHCR) аз ихроҷи иҷбории гурезагони Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, аз Тоҷикистон хост, “фавран аз чунин амалҳо даст кашад ва уҳдадориҳои байналмилалии худро барои ҳифзи гурезагон риоя намояд”.

Ин сохтори Созмони миллали Муттаҳид дар ин бора 7-уми декабр хабар дод.

Тибқи иттилои UNHCR мақомоти Тоҷикистон аз 3 то 5-уми декабр ҳадди ақал 41 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 37 гурезаро “бе риояи тартиботи зарури ҳуқуқӣ” аз кишвар ихроҷ кардаанд.

Ба навиштаи UNHCR ин кор хилофи моддаи 33-юми Конвенсияи СММ оид ба гурезагон аст, ки соли 1951 қабул шуда, Тоҷикистон низ онро эътироф кардааст.

“Баргардонидани гурезагон ба кишваре, ки метавонад барояшон хатари ҷиддӣ эҷод кунад, поймол кардани принсипи ихроҷ мебошад”, – омадааст дар баёния.

UNHCR изҳор доштааст, ки аксрияти онҳое, ки ихроҷ шудаанд, мардон ва ноноварони оила мебошанд.

“Мувофиқи қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ Тоҷикистон вазифадор аст, гурезагон ва шахсоне, ки ҳимояи байналмилалӣ меҷӯянд, ихроҷ накунад”, – таъқид мешавад дар баёния.

Чанде пеш расонаҳо аз ихроҷи як гурӯҳ гурезагони афғонистонӣ хабар дода буданд.

Сабаби ихроҷ риоя накардани қоидаҳои будубош, аз ҷумла, гузоштани риши бенизом, пӯшидани либоси бегона, нӯшидани машрубот, мунозираҳои сиёсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад.

Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор гуреза ва паноҳҷӯи афғонистонӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Бохтар, Спитамен зиндагӣ мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend