fbpx

Шарҳи расмӣ. Ғурбатӣ, Далер, Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода ба чӣ гумонбаранд?

Далери Имомалиро барои напардохтани 96 ҳазор сомонӣ гумонбар медонанд


0
Коллажи Your.tj

Вазорати корҳои дохилӣ ва прокуратураи генералии кишвар дар нишастҳои матбуотии худ сабаби боздошти журналистони тоҷикро шарҳ доданд. Ҳамчунин онҳо гуфтанд, ки рӯзноманигорони боздоштшуда ба чӣ гумонбар дониста мешаванд.

Ба фаъолияти экстремистӣ ва узвият ба ҳизби мамнӯъ

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ имрӯз, 19 июл дар нишасти хабарии ВКД Тоҷикистон гуфт, ки рӯзноманигори ҷавони тоҷик Абдулло Ғурбатӣ, ки рӯзи 15-уми июн боздошт шуда буд, “ба узвият дар Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста мешавад”.

Ӯ дар нишаст ба ҷуз ин гуфтааш, шарҳи пуррае надод.

Ҳамчунин ӯ гуфт, ки нисбати блогер ва рӯзноманигори дигари боздоштшудаи тоҷик Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бо гумони фаъолияти экстремистӣ доштанаш бо моддаи моддаи 307 иловаи 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ба гуфтаи Ҳафиззода, ҳоло ин рӯзноманигор дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки додситони кул дар нишасти хабарии ниҳоди зертобеаш гуфта буд, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода барои итоат накардан ба талаботи корманди милитсия боздошт шудааст.

Ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуи “Гуруҳи 24” ва Ҳизби наҳзати исломӣ

Дар нишасти Додситони кул, ки рӯзи 15-июли соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид, масъулони додситони гуфтанд, ки рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик Завқибек Саидаминӣ ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Тоҷикистон мамнуи Ҳизбаи наҳзати Исломӣ ва “Гуруҳи 24” гумонбар аст.

Ба гуфтаи Шариф Қурбонзода, як масъули додситонӣ бар зидди Завқибек Саидаминӣ, ки  рӯзи 8-уми июли имсол боздошт шуда буд, бар асоси қисми 2-и моддаи 307 нишонаи 3 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ӯ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат нигоҳдорӣ мешавад.

“96 ҳазор сомонӣ қарздор аст”

Мақомот Далери Имомалӣ блогер ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷикро, ки айни ҳол дар ҳабси пешакӣ қарор дорад барои напардохтани 96 ҳазор сомонӣ андоз ё ин ки молиёт гунаҳкор медонанд.

Як масъули додситони кул дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт: “Далери Имомалӣ аз андоз ё молиёт беш аз 96 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Маҳз бар асоси ҳамин далел алайҳи Далери Имомалӣ ба иттиҳоми соҳибкории ғайриқонунӣ парванда боз шудааст”.

Дар ин нишаст аз иттиҳомоти дигари алайҳи Далери Имомалӣ бозшуда чизе нагуфтанд, вале ба гуфтаи вакили дифои ӯ, алайҳи ин рӯзноманигор бо се модда парванда боз кардаанд. Мақомот ӯро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар медонанд.

Далери Имомалӣ ҳамроҳ бо ҳамтои худ Абдулло Ғурбатӣ рӯзи 15-уми июн боздошт шуда буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend