Иттиҳоди Аврупо ва шарикон дар Шаҳринав сатҳи огоҳии аҳолиро оид ба пешгирии сирояти ВНМО баланд мебардоранд

Дар маркази саломатии деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав омӯзиш оид ба пешгирии сирояти ВНМО ва тарғиби таҳаммулпазирӣ нисбат ба шасони гирифтори сирояти ВНМО гузаронида шуд.

25 нафар кормандони соҳаи тиб дар ин омӯзиш аз дигар муассисаҳои саломатии ноҳияи Шаҳринав ба монанди “Муллошодӣ”, “Хасанов”, “Аҷам”, “Ободон” ва инчунин аз маркази саломатии Нурафшон ба ин омӯзиш ҷалб карда шуданд. Тренерҳо омӯзишро бо презентатсияҳо, корҳои гурӯҳӣ ва машқҳои амалӣ гузарониданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии мазкур, баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони тандурустии шабакаҳои муассисаҳои cаломатӣ оид ба масъалаҳои ВНМО, бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори ВНМО ба ҳисоб мерафт.

Дар рафти омӯзиш, маълумот оид ба вазъи ин беморӣ дар Тоҷикистону ҷаҳон пешниҳод карда шуд. Илова бар ин, ҳолатҳои тамғагузорӣ ва табъиз дар байни ҷомеа таъкид ва тавзеҳ дода шуда сабабҳои асосии сирояти ВНМО, нишонаҳо ва ташхиси минбаъдаи он шарҳ дода шуданд.

Кормандони соҳаи тандурустӣ ба таври интерактивӣ маълумоти амалӣ гирифта барояшон супоришҳои махсус дода шуд. Ба ҳар яке аз иштирокчиён супоришҳои махсус дода шуд.

“Мо ба тренерон барои маълумоти арзишманд оид ба усулҳои пешгирии сирояти ВНМО, изҳори сипос мекунем. Омӯзиш бениҳоят муфид буд”, – зикр намуд яке аз иштирокчиёни омӯзиш.

Барои баҳодиҳии сатҳи дониши иштирокчиёни омӯзиш доир ба ин мавзӯъ санҷиш, ки 15 саволро дар бар мегирифт гузаронида шуд. Нишондоди санҷиши пеш аз омӯзиш 37,7%  ва нишондодни санҷиши баъд аз омӯзиш бошад 71,2%-ро ташкил медод. Натиҷаҳо нишон доданд, ки сатҳи дониши иштирокчиён пас аз омӯзиш бомуваффақият баланд шудааст.

Чорабинии мазкур аз ҷониби лоиҳаи «Ташкили системаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ҳамгироишуда дар Тоҷикистон (BaSIC)», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) маблағгузорӣ мешавад ва аз ҷониби GIZ амалӣ мегардад, ташкил  кардашуд.

Skip to toolbar