Дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER, Иттиҳоди Аврупо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сафари омӯзишии панҷрӯза ба шаҳри Боку, Озарбойҷон дастгирӣ намуд.
Намояндагони вазорату идораҳо, ба мисли Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот дар ин сафар иштирок намуданд.
Мақсади сафар шиносоӣ бо таҷрибаи Озарбойҷон дар соҳаи ҳавасмандгардонии содироти молу маҳсулотҳои кишоварзӣ, логистика, диверсификатсия, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулоти содиротӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва марказҳои содиротӣ буд, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи Давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мусоидат менамоянд.
Бояд қайд кард, ки дар доираи сафар Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва AZPROMO санадҳоро (меморандум/шартномаҳо) дар соҳаи ҳавасмандгардонии содироти молҳои кишоварзӣ, мутобиқи супориши Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2024 имзо намуданд.
Дар рафти сафар ҳайати тоҷикистонӣ бо таҷрибаи ширкатҳои “Абшерон логистика”, “Балхурма”, “CRISPA Snacks LLC”, “Absheron Saffron LTD”, “Azersun Holding” ва ғайраҳо шинос шуд. Иштирокчиён бо кори ширкатҳои озарбойҷонӣ оид ба коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ аз нигоҳдорӣ то логистикаи онҳо ба бозорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ шинос шуданд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: sharofat.ashurova@giz.de.