logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Иттиҳоди Аврупо муносибатҳо дар самти содироти маҳсулотҳои кишоварзиро дастгирӣ мекунад

Дар доираи сафар Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва AZPROMO санадҳоро дар соҳаи ҳавасмандгардонии содироти молҳои кишоварзиро имзо намуданд.

Your tj

17:0530.09.2024

Иттиҳоди Аврупо муносибатҳо дар самти содироти маҳсулотҳои кишоварзиро дастгирӣ мекунад

Дар доираи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER, Иттиҳоди Аврупо ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сафари омӯзишии панҷрӯза ба шаҳри Боку, Озарбойҷон дастгирӣ намуд.

Намояндагони вазорату идораҳо, ба мисли Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Агентии содирот дар ин сафар иштирок намуданд.

Мақсади сафар шиносоӣ бо таҷрибаи Озарбойҷон дар соҳаи ҳавасмандгардонии содироти молу маҳсулотҳои кишоварзӣ, логистика, диверсификатсия, стандартизатсия ва сертификатсияи маҳсулоти содиротӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва марказҳои содиротӣ буд, ки барои татбиқи нишондиҳандаҳои барномаи Давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 мусоидат менамоянд.

Ба имзо расондани меморандум байни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Бояд қайд кард, ки дар доираи сафар Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва AZPROMO санадҳоро (меморандум/шартномаҳо)  дар соҳаи ҳавасмандгардонии содироти молҳои кишоварзӣ, мутобиқи супориши Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 июли соли 2024 имзо намуданд.

Дар рафти сафар ҳайати тоҷикистонӣ бо таҷрибаи ширкатҳои “Абшерон логистика”, “Балхурма”, “CRISPA Snacks LLC”, “Absheron Saffron LTD”, “Azersun Holding” ва ғайраҳо шинос шуд. Иштирокчиён бо кори ширкатҳои озарбойҷонӣ оид ба коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ аз нигоҳдорӣ то логистикаи онҳо ба бозорҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ шинос шуданд.

Ташрифи маркази кабири логистикии Қуфқоз "Абшерон логистика"

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

1 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

1 дня назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

3 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

4 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

4 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ