logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Иттиҳоди Аврупо конфронси гӯсфанди ҳисориро дастгирӣ намуд

Ҳадаф аз ин чорабинӣ, рушди минбаъдаи соҳаи гӯсфандпарварӣ, тақвияти фаъолияти селексия ва рушди гӯсфанди ҳисорӣ мебошад.

Your tj

10:4117.08.2024

Иттиҳоди Аврупо конфронси гӯсфанди ҳисориро дастгирӣ намуд

Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба рушди фарогири деҳот/TRIGGER бо ҳамоҳангии дигар шарикони рушд Конфронс-Фестивал намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ: “Проблемаҳои муҳими рушди гӯсфанди ҳисорӣ”-ро дастгирӣ намуд.

Конфронси мазкур бори сеюм бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, инчунин Академияи илмҳои кишоварзӣ баргузор мегардад. Дар кори конфронс зиёда аз 120 нафар аз зумраи олимон, мутахассисони соҳа ва мушовирон аз Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон, Озарбойҷон ва дигар давлатҳо ширкат варзиданд.

Ҳадаф аз баргузории чорабинии байналмилалӣ, амалигардонии рушди минбаъдаи соҳаи гӯсфандпарварӣ, тақвияти фаъолияти селексия ва рушди зоти гӯсфанди ҳисорӣ ҳамчун захираи ирсии дастоварди мардуми тоҷик мебошад.

Қисмати расмӣ ва пленарии чорабинӣ дар меҳмонхонаи Хаятт баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён масъалаҳои рушди зоти гӯсфанди ҳисорӣ, инчунин бо олимони соҳа ва мушовирони соҳаи гӯсфандпарварӣ фикру мулоҳизаҳои хешро муҳокима намуданд.

Рӯзи дуюми конфронс дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар он иштирокчиён бо дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ ва муввафақиятҳои олимони соҳаи гӯсфандпарварӣ шиносоӣ пайдо карданд. Илова бар ин, дар деҳоти Шӯроби Искандари Ҳисор ба иштирокчиён ва меҳмонон селексияи зотҳои гӯсфанди ҳисорӣ, ба монанди намудҳои “шаҳринавӣ”, “фархорӣ” ва “ҳисорӣ” нишон дода шуд. Дар охири чорабинӣ ғолибони  фестивалро аз руйи номинатсияхои гуногуни озмун қадрдонӣ карданд.

Бояд қайд намуд, ки хусусияти фарқкунандаи гӯсфанди ҳисорӣ аз дигар зотҳо ин шакли хоси сохти бадан, ҷуссаи бузург, думбаи калон, қобилияти зудрасӣ, пойҳои мустаҳками васеъ ва устувор, ҳосилнокии қавӣ мебошад.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

46 минут назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

2 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

2 дня назад

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

6 дня назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ