fbpx

Иттиҳоди Аврупо имконоти мутахассисони тоҷикро дар соҳаи захираҳои обӣ густариш медиҳад

Омӯзиши дуҳафтаина дар Вагенинген ба иштирокчиён малака ва донишҳои зарурӣ барои мустақилона сохтани моделҳои ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистонро фароҳам меорад.


-1
-1 points
©GIZ

Барои баланд бардоштани иқтидори мутахассисони соҳаи об дар Тоҷикистон оид ба тақсимоти захираҳои обӣ ва моделсозии гидрологӣ ба шаҳри Вагенингени Нидерландия сафари омӯзишӣ ташкил мешавад.

Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER, Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо консорсиуми FutureWater (Нидерландия) бо дастгирии Вазорати энергетика ва захираҳои оби (ВЭЗО) Тоҷикистон ин сафарро доир мекунанд.

Киҳо метавонанд дар сафар иштирок кунанд?

Мутахассисони ВЭЗО, Агентии обуҳавошиносӣ ва Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳия метавонанд дар ин сафар иштирок кунанд.

Сохторҳои зикршуда дар таъмини амнияти об тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар таҷрибаи худ нақши муҳим мебозанд.

Вазорати энергетика бо дастгирии техникии Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ TRIGGER Стратегияи рушди иқтидори бахши об дар Тоҷикистон-ро таҳия кардааст.

Стратегияи мазкур таҳия ва такмили барномаҳои таълимиро барои баланд бардоштани такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи об дар самтҳои дахлдор пешбинӣ намуда, ҳамкориҳоро бо институтҳои байналмилалӣ дар назар дорад.

©GIZ

Мутахассисон дар сафар чиро меомӯзанд?

Дар доираи сафари омӯзишӣ, ҷаласаҳо оид ба баланд бардоштани иқтидор барои мутахассисони соҳаи об, аз ҷумла омӯзишҳои амалӣ оид ба истифодаи гидрологияи равандҳои фазоӣ (SPHY) ва азназаргузаронии баҳодиҳӣ ва инчунин банақшагирии об (WEAP) барои ҳавзаи дарёи Зарафшон бо назардошти шаш сенарияҳои тағйирёбии иқлим дар назар аст.

Иштирокчиён, инчунин дар бораи истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин (UAVs) дар Донишгоҳи Утрехт омӯзишҳои амалӣ хоҳанд гирифт, инчунин модули омӯзиши тренерҳо оид ба тақсимоти об ва моделсозии гидрологӣ бо истифода аз асбобҳои SPHY ва WEAP баргузор мегардад.

©GIZ

WEAP ва SPHY амнияти обро тавассути таъмини ташаккули ҷараёни об, таҳлили ҳамаҷониба, пешгӯии истифодаи ва тақсимоти обро беҳтар мекунад.

“Ин сафари омӯзишӣ имконияти хубест, барои ба даст овардани таҷрибаи амалӣ бо воситаҳои моделсозии гидрологӣ, ки барои идоракунии бехатари захираҳои об дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон муҳим мебошад. Моделҳои SPHY ва WEAP қобилиятҳои таҳлилҳои анҷомдодаи моро хеле беҳтар хоҳанд кард. Тренингҳо ба мо имкон медиҳанд, ки ба раванди таълим пурра машғул шавем ва малакаҳои андӯхтаамонро дар маҳал амалӣ созем”, – гуфт Бузургмеҳр Негматов, ҳамоҳангсози техникии Системаи миллии иттилоотии об дар назди Вазорати энергетика.

Омӯзиш чӣ медиҳад?

Омӯзишҳоро коршиносони варзидаи байналмилалӣ, аз ҷумла мутахассисони FutureWater, Донишгоҳи Утрехт ва Донишгоҳи Фрибург мегузаронанд. Дар доираи сафари омӯзишӣ ҳамчунин вохӯриҳо бо намояндагони Вазорати инфрасохтор ва идораи об (Шӯроҳои об) дар Гаага ва боздид аз иншооти гуногуни хоҷагии обро дар бар мегирад.

Ин мулоқотҳо ба табодули таҷриба миёни Тоҷикистон ва Ҳолланд, таҳкими ҳамкориҳои институтсионалӣ ва фаннӣ мусоидат мекунанд.

Омӯзиши дуҳафтаина дар Вагенинген ба иштирокчиён малака ва донишҳои зарурӣ барои мустақилона сохтани моделҳои ҳавзаҳои дарёҳои Тоҷикистонро фароҳам меорад.

©GIZ

Тренерони интихобшудаи оянда таҷрибаи техникии заруриро барои гузаронидани модули таълимии “Тақсимоти об ва моделсозии гидрологӣ” барои мутахассисони соҳаи об дар Тоҷикистон мегиранд.

Илова бар ин, иштирокчиён малакаҳои нигоҳдории ҳавопаймоҳои бесарнишин ва коркарди маълумоте, ки бо кӯмаки онҳо барои мониторинги пиряхҳо ва қабати барф ҷамъоварӣ шудаанд, пайдо мекунанд.

Лоиҳаи рушди фарогирии деҳот/TRIGGER, лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) буда, ба афзоиши арзиши изофаи маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон тавассути беҳбуди амнияти об ва устуворӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии занҷираҳои арзиши интихобшуда, дастгирии рушди бозор, омодагии содирот, пешбурди соҳибкорӣ ва маслиҳатҳои сиёсӣ равона шудааст.

Барои гирифтани маълумоти муфассал, лутфан муроҷиат намоед: Шарофат Ашурова, тел.: (+992) 987270046, почтаи электронӣ: [email protected].


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend