logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Истиқболи сафири Эрон аз мавқеи Тоҷикистон дар маҳкум кардани ҳамлаи Исроил

Алиризо Ҳақиқиён таъкид намудааст, ки Эрон бо азми ҷиддӣ барои дифоъ аз истиқлолият, мардум ва амнияти миллӣ талош хоҳад кард.

Your tj

13:1020.06.2025

Истиқболи сафири Эрон аз мавқеи Тоҷикистон дар маҳкум кардани ҳамлаи Исроил

Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар як ҳамоиши байналмилалӣ дар Душанбе аз мавқеи Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории Шонгҳой дар маҳкум кардани ҳамлаи Исроил ба кишвараш истиқбол намуд.

Ӯ дар ҳамоиши байналмилалии “Осиёи Марказӣ – меҳвари Созмони ҳамкории Шонгҳой: 25 соли ҳамкории муштарак”, ки рӯзи 19-уми июн дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ҳамлаҳои ахири Исроил ба Эронро “таҷовузи буздилона” унвон карда, онро “нақзи фоҳиши соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон” хонд.

 

“Эрон аз мавқеи Тоҷикистон, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва кишварҳое, ки таҷовузи режими саҳюнистиро маҳкум карданд, қадрдонӣ мекунад”,- гуфт Ҳақиқиён.

Вай таъкид кард, ки Эрон дар посух ба ин ҳамла бо истифода аз “ҳаққи зотии дифоъ аз худ” иқдоми қотеъона кардааст ва бо азми ҷиддӣ барои дифоъ аз истиқлолият, мардум ва амнияти миллӣ талош хоҳад кард.

Сафири Эрон дар идомаи суханронии худ ҳушдор дод, ки Исроил бо ҳамла ба Эрон “иштибоҳи бузурге содир кард” ва Теҳрон онро пушаймон хоҳад кард.

Изҳороти Ҳақиқиён дар ҳоле садо дод, ки танишҳо миёни Эрон ва Исроил шиддат гирифтааст. Субҳи 13-уми июн Исроил бо ҳадафи зарба задан ба таъсисоти ҳастаии Эрон ба ин кишвар ҳамла кард. Эрон дар ҷавоб, бо мушакҳои болистикӣ ба чанд минтақаи Исроил зарба зад. Бар асоси гузоришҳо, дар ин даргириҳо садҳо нафар кушта ва ҳазорҳо тан маҷрӯҳ шудаанд.

Қаблан, Тоҷикистон рӯзи 13-уми июн бо нашри изҳороте ҳамлаи Исроилро маҳкум намуда буд. Котиботи СҲШ низ рӯзи 14-уми июн ин ҳамларо ҳамчун нақзи қонунҳои байналмилалӣ ва Оинномаи СММ арзёбӣ карда, аз авҷ гирифтани танишҳо дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ намуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

2 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

5 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

5 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

6 дня назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ