fbpx

Қиссаи сарошпази 25-солаи тоҷик, ки дили русҳоро тасхир кардааст


3
3 points
Бурҳон дар ошхона, ҳангоми кор

20-уми октябр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии ошпазҳо таҷлил карда мешавад. Мардуми машриқзамин ба ошпазон, ки ба омода намудани анвои гуногуни маҳсулоти хӯрока машғуланд ва дар ҷашнҳои тӯю маросимҳои мардумӣ барои шумораи зиёди меҳмонон хӯрок омода мекунанд, эҳтироми зиёд доранд.

Рӯзи байналмиллалии ошпазҳо бо ибтикори Ассотсиатсияи Умумиҷаҳонии Кулинарияҳо аз соли 2004 инҷониб ҷашн гирифта мешавад. Дар зиёда аз 70 давлати дунё дар ин рӯз тарабхонаҳо фестивал ва озмунҳои кулинарӣ ташкил мекунанд.

Имрӯз роҷеъ ба сарошпази ҷавони боистеъдод, ки ҳамагӣ 25 сол дорад ва ба синни ҷавонии худ нигоҳ нокарда дар тарабхонаҳои Тоҷикистону Русия фаъолият намудааст, қисса мекунем.

Бурҳон Атахонови 25-сола зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст. Ӯ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Дар оила 3-фарзанд мебошанд. Хоҳаронаш соҳиб-маълумот – яке ҳамшираи тибб дигаре омӯзгор. Падараш Фурқат Атахонов низ ошпази моҳир буда, дар қаҳвахонаи «Меҳрубон»-и шаҳри Исфара ба ҳайси сарошпаз фаъолият мекунад.

«Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз!»

Бурҳон дар пешаи интихоб намудааш, падари худро устоди аввалин мешуморад. Чун аз хурдӣ ҳамроҳи падар ба маъракаю маросимҳо мерафт. Ӯ ба кори падар диққат дода, нозукиҳои касбро омӯхт.

Бурҳон Атахонов

«Баъзан дар иҷрои корҳои ошпазӣ ба падарам кӯмак низ мерасонидам. Эҳтироми беандозаи мардумро нисбати падар ва пешаи ошпазӣ дида, меҳри ин касб якбора дар дили ман бедор шуд. Худамро кам-кам дар пухтани хӯрокҳои миллӣ махсусан оши палав санҷидам. Дидам, ки муваффақ низ гаштам. Ба мақоли «Мероси падар хоҳӣ касби падар омӯз!» андеша намуда, ҳаминтавр яку якбора давомдиҳандаи касби падар гардидам», – мегӯяд Бурҳон Атахонов

Таҳсил ва кор дар Санкт-Петербург

Бурҳонро ҳаваси зиёди омухтани тарзи тайёркунии хӯрокҳои гуногуни Аврупоӣ ва бештар азхудкунии пешаи ошпазиву дастархонороӣ барои таҳсил ба Федератсияи Русия бурд. Бо маслиҳати хонавода ӯ ба Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург дохил гардида, дар ҷодаи ҷодаи ошпазӣ соҳибтахассус гардид.

Оши палов, маҳсулил дасти Бурҳон

Баъди хатми донишгоҳ як муддат дар тарабхонаи «Аврора»-и Санкт-Петербург фаъолият намуда, тарзи пухтани аксар хӯрокҳои Аврупоиро он ҷо омӯхтааст. Ҳамзамон ба ҳамкорон тарзи тайёр намудани баъзе хӯрокҳои миллии тоҷикӣ, махсусан оши палав ва лагман­­, ки баъзан аз ҷониби муштариён дархост мешуд, омӯзонидааст.

Маҳсули дасти Бурҳон Атахонов

Дар таомномаи тарабхонаи «Аврора», номгӯи хӯрокҳои тоҷикӣ набуд. Меҳмонон баъзан дар банкетҳо ё дархостҳои алоҳида, ягон хӯроки тоҷикиро дархост мекарданд. Русҳо ва намояндагони миллатҳои дигар ба хӯрокҳои миллии тоҷикӣ махсусан ба оши палав баҳои баланд медоданд ва ҳамеша аз болаззат будани он ба Бурҳон ва роҳбарияти тарабхона арзи сипос мекарданд.

Маҳсули дасти Бурҳон Атахонов

Кор бо имову ишора ва душвориҳо

Бурҳон бо шавқ аз даврони фаъолияташ дар тарабхонаи «Аврора» нақл намуда, якбора бо табассуми андаке аз сарошпази итолиёвӣ, ки бо онҳо дар ин тарабхона кор мекардааст, ёдовар гардид.

«Аввалҳо бароям кор кардан дар тарабхона бисёр душвор буд. Аз як тараф субҳ барвақт бедор шудану сари кор ҳозир гардидан, аз тарафи дигар бо таваҷҷуҳи зиёд пухтану омода намудани хӯрокҳо маро баъзан хаста менамуд. Бо замми ин мушкилиҳо мисли аксар ҳамкорони русзабонам забони сарошпазамонро, ки итолиёвӣ буд намедонистам. Гоҳ бо имову ишора мақсадашро дарк намуда, гоҳ чандбор як чизро аз ӯ мепурсидам ва дар охир мақсадашро фаҳмида супоришҳои додаашро иҷро мекардам. Таҳаммул кардани ин ҳама мушкилиҳо буд, ки имрӯз дар соҳаи худ соҳибтаҷриба гардида, эҳтироми хосро соҳиб гардидем», – мегӯяд Бурҳон.

Маҳсули дасти Бурҳон Атахонов

Аввалин муваффақият

Бурҳон бо шавқ дар бораи давраи ошпазии худ дар шаҳри Санкт-Петербург нақлро давом медод. Ҳангоми таҷрибаомӯзияш дар тарабхонаи «Аврора», ки он ҷо Пауло Маринуцции итолиёвӣ  сарошпаз буд, боре дар тарабхона «банкет» фармоиш медиҳанд.

– Рӯзи фармоиш сарошпаз бемор шуда ба кор наомаданд. Бо ҳамкорон маслиҳат намудем ва ман сарошпазиро ба уҳда гирифтам. Меҳмонон олиқадр буданд ва ҳама бо ташвишу ҳаяҷон кор мекардем. Шабнишинӣ қариб ба охир расида буд, ки пешхизмат омаду гуфт, ки сарошпазро мепурсанд. Бо тарсу ҳарос ба назди аҳли нишаст рафтам. Онҳо маро дида ҳайрон шуданд, «ту ҳарчанд ҷавон ҳам бошӣ дастони тиллоӣ дорӣ» – гӯён бароям кафкӯбӣ карда аз ман ташаккур намуданд, – бо як эҳсоси сарбаландӣ нақл кард Бурҳон.

Дастархони орододаи Бурҳон

Сарошпази ҷавон лаҳзаҳои мушкилии худро низ ёдовар шуд, ки баъзе муштариён аз кораш норозӣ буданд ва эътироз ҳам менамуданд. Ӯ боре аз пешаи интихобкардаи худ пушаймон нашудааст.

Навоварӣ ва эҷоди хӯроку хӯришҳои нав

Баъди ба Ватан баргаштан Бурҳон дар қаҳвахонаи «Шоми Исфара» чун сарошпаз ба кор шуруъ намуд. Ҳамзамон ӯ низ чун падар дар маъракаю маросимҳо ва тую сӯри мардум хидмат менамояд.

Агар инсон танҳо бо чизҳои омӯхтааш қаноат кунад, ҳеҷ гоҳ машҳур намегардад. Бурҳон ин нуктаро хуб дарк намудааст, аз инҷост, ки пайваста дар талоши он аст, ки хӯрок ё хӯриши наверо худаш омода намояд. Дар ин кор низ то андозае муваффақ гардидааст. Бо маслиҳати падар хӯрише бо номи «Салат по королевский»-ро эҷод намудааст, ки мақбули муштариёни қаҳвахона аст. Хӯроки дигаре, ки худаш эҷод кардааст, то ҳол дар ягон тарабхона ва қаҳвахонае ба ҷуз «Шоми Исфара» тарзи тайёр намудани он нест, ин «Қаймоқ-кабоб» аст. «Барои хӯрдани “Қаймоқ-кабоб” бисёриҳо ба қаҳвахонаи онҳо аз ҳама кунҷу канори вилоят меоянд».

Маҳмули дасти Бурҳон

Хизматрасонии бепул ба оилаҳои камбизоат

Бурҳонро барои гузаронидани маърака ба минтақаҳои гуногун даъват менамоянд. Вобаста ба шумори меҳмонон ҳаққи хизмат мегирад. Баъзан мешавад, ки барои гузаронидани маърака ё тӯйе ба Хуҷанд, Душанбе, Кӯлоб ё шаҳрҳои дигар даъват мегардад. Бурҳон ба оилаҳои камбизоат, маъюбдошта, ки маъракаҳои хурд баргузор мекунанд ройгон хизмат мерасонад.

Маҳсули дасти Бурҳон Атахонов

Тарбияи шогирдон

Бурҳон дар ин ҷода 5-шогирд тайёр намуда, ҳамаашонро бо кор таъмин намудааст. 2 -нафар шогирдаш Салмоншо ва Абдунабӣ дар тарабхонаи «Новая азия» -и шаҳри Москва фаъолият намуда истодаанд. 3 – нафар шогирдони дигараш дар Ватан соҳиби кор ва ободгирандаи ҷашну маросимҳои мардумиянд.

Исмоилҷон Маликов барои YOUR.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
2
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
3
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend