logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар 80-солагии Ғалаба дар Москва

Хадамоти матбуоти президент менависад, дар паради ҳарбӣ як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ иштирок намуд.

Your tj

15:1009.05.2025

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар 80-солагии Ғалаба дар Москва

Имрӯз, 9-уми май президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх иштирок кард.

Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар дод.

Акс: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Гуфта мешавад, барои иштирок дар ин чорабин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 29 кишвар ба Москва ташриф овардаанд.

Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон зимни иштирок дар паради ҳарбӣ бо як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз кишварҳои ҷаҳон “дидору суҳбатҳои судбахш анҷом дод”.

Акс: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Хадамоти матбуоти президент менависад, дар паради ҳарбӣ як ротаи десантии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон низ иштирок намуд.

Акс: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Пас аз анҷоми паради ҳарбӣ, дар Майдони Сурх, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои расмӣ ба гиромидоштӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар назди ёдгории аскари номаълум гулчанбар гузоштанд.

Акс: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 8 май бо даъвати Владимир Путин барои иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 80-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Москва рафта буд.

Бояд гуфт, ки аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар дар ҷанг иштирок карданд, ки аз ин 100 ҳазор нафарашон ба Ватан барнагаштанд.  55 нафар фиристодаҳои Тоҷикистон ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд. Инчунин, саҳми шаҳрвандони Тоҷикистон дар ақибгоҳ барои таъмини Ғалаба дар ҷанг намоён буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд

9 часов назад

Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд

9 часов назад

Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?

2 дня назад

Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?

3 дня назад

Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад

3 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ