Иштирокчии ҶБВ: ”Се бародарам дар ҷанг қурбон шуданд”

Сол аз сол сафи иштирокчиёни Ҷанги бузурги Ватанӣ дар кишвар кам шуда истодааст. Айни замон тибқи омор дар кишвар 94 собиқадори ҷанг зиндагӣ мекунанд. Яке аз онҳо Баён Маннонов мебошад, ки ба мо аз хотироти талхи ҷанг ва ҳалок шудани се бародараш дар ин ҷанги хонӯмонсуз қисса кард.

Маннонов Баён 5‑уми майи соли 1924 дар ноҳияи Ғарм (ҳозира Рашт) ба дунё омадааст. Ӯ иштирокчии ҶБВ,дорандаи ордени “Ситораи сурх”, маъюби гуруҳи 2‑юм, хоҷагидори собиқадор ва фаъоли ҷамъиятӣ мебошад. Бо сабабҳои мушкилоти хонаводагӣ мактабро то синни шашсолагӣ мехонад. Аз кӯдакӣ ба корҳои хоҷагидории оила кумак мекард, чун волидайн аз ҳам ҷудо шуда буданд ва тарбияи 4 кӯдак ба ӯҳдаи модари танҳо буд. Вақте ки ҷанги хонумонсӯз оғоз мешавад ҳар чаҳор бародарон бо навбат ба ҷанг мераванд.

“Фронт бароям тамоман дунёи нав буд”

Баробари сар шудани ҶБВ соли 1941 ба бародарони бобои Баён Абдувоҳид, Қамариддин ва Баротбой даъватномаи ҷанг омад. Онҳоро ба фронт бурданд. 13‑уми сентябри соли 1942 ба номи Баёни ҷавон низ даъватнома расид. Онҳо наметавонистанд даъвати ҷангро рад намоянд, чун ҳама маҷбур буданд, ки ба ҳимояи Ватан бираванд. Модари ӯ бо ҳасрату дарди зиёд фарзанди чаҳоруми худро низ бо дуои хайр ба ҷанг фиристод. Қаҳрамони мо дар бораи ҷанг чизеро намедонист, тасаввур ҳам намекард, ки дар фронт бо кадом манзараҳо рӯ ба рӯ мешавад.

Тавре бобои Баён нақл кард, ӯро ҳамроҳи ҳайъати 600 нафара,аввал ба Сталинобод (шаҳри Душанбе) мебаранд,дар онҷо аз камиссариати ҳарбӣ мегузаранд ва давоми як моҳ таълимоти ҳарбӣ меомӯзанд.

“Пас аз тамрини якмоҳа моро тавассути поезд ба шаҳри Мелекси Тотористон бурданд. Дар онҷо дубора ба мо равиши ҷангро омӯзониданд. Пеш аз таълимоти ҷангӣ ман ягон маълумот оиди ҷанг ва истифодаи яроқ намедонистам. Фронт бароям тамоман дунёи нав буду майдони ҷанг даҳшатнок менамуд”, – ба ёд меорад, бобои Баён.

Пас аз омодагии комили наваскарон барои дифои Ватан ба онҳо либосҳои ҳарбӣ доданд. Ҳайъати 600 нафараро ба гуруҳҳои алоҳида ҷудо намуда ба ҳар минтақа фиристонданд. Бобои Баёнро бо як гурӯҳи сарбозон ба Фронти 1‑уми Украина равон карданд.

“Дар муҳорибаҳои ҷангӣ ба хотири озодсозии шаҳрҳои Киев ва Харков иштирок кардам ин муҳорибаҳо аввалин таҷрибаҳои ҷангии ман буданд. Дар набардҳо аскарони зиёде захмӣ шуданд, госпиталҳо пур аз сарбозони маҷрӯҳ буд. Барои ёрӣ ба духтурон моро ҳамчун ёрдамчӣ ба госпитал фиристоданд. Бо манзараҳои тарснок рӯ ба рӯ шудам, якеро дасташро мебуриданд, дигариро пояшро, севумӣ бошад ҷон медод”, – бо нороҳатӣ қисса кард ӯ.

“Немис таҳдид намуд, ки чойи саҳарашонро дар Маскав менушанд”

Ба нақли қаҳрамони мо нерӯи Иттиҳоди Шӯравӣ ҳушёру тавонманд буд. Ӯ мегӯяд, Сталин ҳамеша Фронт меомад ва ба аскарон нерӯ мебахшид, дубора умедвор менамуд. Ғалабаро тараннум мекард ва мутаҳид будани халқҳои Шӯравиро мехост.

“Сталин ба Фронти мо меомад, маърӯза мекард, мегуфт “ягон тирро беҳуда напаронед, тиру туфангу пулемёту дигар лавозимоти ҷангиро сарфакорона истифода баред, то тавонем ғолибиятро ба даст оварем”, ҳамаи сарфармондеҳону камандирону наваскарон аз руйи гуфтаҳои Сталин амал мекардем. Ҷониби фашист лавозимоти ҷангии худро беҳудаю баҳуда сарф мекарданд, ки ин албатта ба нафъи мо буд. Немисҳо таҳдид мекарданду мегуфтанд, ки “чойи саҳарамонро дар Маскав менӯшем”, ин ҳарфи онҳо арзише надошт, дар амал мо ҳамеша дастболо будем”, – бо лабханд нақл намуд бобо.

“Аз ноилоҷӣ нони қоқу ҷувории хушку решаи карам хӯрдем”

Дар озодсозии шаҳри Харков миёни аскарони сурх ва немисҳо задухӯрди шадид ба амал меояд. Бобои Баён мегӯяд, ки дар наздикии кӯҳ паноҳ гирифта будаанд, немисҳо ба ҷониби кӯҳ тирпаронӣ мекунанд ва ба болои сари онҳо кӯҳпораҳову сангпораҳо сарозер мешавад.

“Дар вақти озодкунии шаҳрҳо мо шабу рӯз дар хизмати халқ будем. Ҳайъати мо аз 30 нафар иборат буд, як шаб борони шадид борида буд. Ҳамаи мо дар зери борон тар шудем, хӯрокаву нӯшидани надоштем, дар наздикиамон хонаи истиқоматӣ буд ҳамаамон ба онҷо рафтем. Аз борон худро панаҳ кардем либосҳоямонро хушк кардем. Ман хонаро аз назар гузаронда истода будам, ки дар ошхона каме нони қоқу ҷувории хушкшуда ва решаи карамро пайдо кардам. Ҳамаашро бардошта ба ҳамроҳонам бурдам, чизе намонда истеъмол кардем, ҳади ақал гӯшнагиамон шикаста шуд”, – нақл мекунад, бобои Баён.

“Муждаи Ғалабаро дар госпитал шунидам”

Дар охирҳои соли 1944 дар яке аз муборизаҳои ҷангӣ бобои Баён аз пойи чапаш тир мехӯрад. Захми вазнин мебардорад ва ӯро ба госпитали Украина мебаранд. Ҷарроҳӣ мекунанд тӯли як сол дар госпитал табобат мегирад. Дар рафти ҷарроҳӣ ними тир шикастааст, духтурон ҳарчанд кӯшиданд, аммо онро бароварда натавонистанд. Ҳамин тавр пойи бобои Баёнро докапеч мекунанд, то сурохӣ бо гушт пур шавад. Бо сабаби набаровардани тир дарди зиёд ӯро азият медод. Тавре бобо нақл намуд, пас аз чандин сол бо сабаби фишори зиёд овардан ба пояшон тир аз устухон мебарояд ва дар беморхонаи Душанбе табобат мекунанд. Баъди баромадани тир пояшон дигар дард намекардааст.

Чун қаҳрамони мо як сол дар госпитал табобат мегирифт хабари Ғалабаро дар онҷо аз радио шунидаанд.

“Муждаи Ғалабаро дар госпитал шунидам, хеле хушҳол будам ашки шодӣ рехтам, Худоро шукр гуфтам. Он лаҳзаи хушро тасвир намудан ғайриимкон аст. Ҳама ашки хурсандӣ мерехтанд. Воқеан таъми хушбахтиро дар ғолибият чашидам”, – бо гиря ба ёд овард ӯ.

“Маро то Ватан ҳамшираи тиббӣ ҳамроҳӣ кард”

Тавре бобои Баён нақл намуд баъди ба охир расидани ҷанг тақрибан то охирҳои соли 1945 дар госпитал табобат гирифтааст. Баъдан чун пурра сиҳат нашуда буд ӯро ҳамшираи тиббӣ то Ватан ҳамроҳӣ намудааст.

“Ба Ватан бо як пойи маъюбу асобағал баргаштам. Дар роҳ ҳолати саломатиам бад шуд ва ҳамшира ба ман кӯмаки тиббӣ расонид. Ӯ маро то зодгоҳ ҳамроҳӣ намуд. Вақте ба зодгоҳ омадем модарам,спайвандону наздикон ва аҳли деҳ маро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд. Модари азизам бо ашки шашқатор маро бӯсиду навозиш карду гуфт “Худоро сад мартаба шукр, ки фарзанди охирони маро соқу саломат ба ман бахшидӣ”. Чун се бародари ман аз ҷанг барнагаштанд. Аз бародари калониам хати сиёҳ гирифтему ду бародари дигарам беному нишон шуда буданд”, – бо ашки сӯзон нақл намуд бобои Баён.

Баъди ба Ватан баргаштан Маннонов Баён то ба нафақа баромадан дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ленин, ки дар зодгоҳаш мавҷуд буд, ба кор даромад. То нафақа баромадан дар онҷо фаъолият намуд.

Ҳоло бошад бобои Баён дар канори фарзандону наберагони худ давлати пирӣ меронад. Ӯ шукронаи сулҳу осоиштагӣ дораду дуогуйи пойдории оромӣ дар кишвар аст.

Шаҳноз Ализода, хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкори Your.tj

Skip to toolbar