Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Файзуллохон Обидов
Дата публикации: 18:3016.10.2026
Филми бадеии "Хуршеду Моҳ" на фақат дар бораи ишқи поке як ҷуфт қисса мекунад, балки ба масъалаҳои ҳалталаби ҳаёти имрӯза низ дахл дорад. Он то ҳадде бозгӯ мекунад, ки алҳол ҷавонони тоҷик чӣ гуна барои ишқварзиву сарнавиштсозӣ, ҳифзи муносибатҳои хонаводагӣ, дӯстиву рафоқат қадам мегузоранд.
Муҳтавои филм барои тамошобин ҳушдор медиҳад, ки агар бо боварҳои кӯҳна мубориза набарем, пеши роҳи поймолшавии ҳуқуқҳои духтарону занонро нагирем, барои ба муроди дил расидан талош наварзем, ба чӣ пайомадҳои зиндагӣ мерасем.
Чанд рӯз пеш бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола санаи 16-уми октябр таҷлил мешавад, дар толори Қасри ҷавонони шаҳри Хуҷанд филми "Хуршеду Моҳ" рӯнамоӣ шуд. Филми мазкур маҳсули ҳамкории муштараки Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва студияи хусусии “Зардил” буда, дар нахустнамоиши он созандагонаш низ ҳузур доштанд.
Муаллифи Your.tj низ филми "Хуршеду Моҳ" - ро тамошо кард ва перомуни он фикру назари таҳиягарон ва тамошобинонро пурсид.
Филми "Хуршеду Моҳ" нахустин маҳсули эҷодии студияи "Зардил Синема" буда, муаллифи сенария ва коргардон Манзаралӣ Шералӣ аст. Продюсерии филмро Қандил Тоиров бар уҳда дорад.
"Номи филм рамзӣ аст, аз номи қаҳрамонҳои асосӣ - Хуршед ва Моҳ гирифта шудааст. Ишқи қаҳрамонҳои мо низ мисли қиссаҳои классикии Лайливу Маҷнун, Фарҳоду Ширин ва Юсуфу Зулайхо як ишқи ноком асту бо ҳам расида наметавонанд", - афзуд Манзаралӣ Шералӣ.
Нақши Хуршедро Ризо Юсуфӣ, ҳунарпешаи Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва нақши Моҳ аз ҷониби Соро Саидкамолӣ, блогери ҷавон, ки хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон аст, офариданд.
Боз дар филм ҳунармандони ботаҷриба ва ҷавон, аз ҷумла Асалбек Назрӣ, Султонмурод Бобомуродов, Абдулмӯъмин Шарифӣ, Парвиз Пӯлодӣ, Ҳотами Равшан, Суҳайл Муҳаббат ва дигарон нақш офариданд.
Ду ҷавон Хуршеду Моҳ - қаҳрамонҳои марказии филманд, ки ба мушкилоти ҳаётии сарнавиштсоз гирифторанд. Хуршед пас аз вафоти бобояш барои ёфтани падараш ва ҳамзамон сохтани шахсияти худаш ба шаҳр меояд.
Моҳ бо бародару оилаи вай зиндагӣ дорад. Духтарак ба Донишгоҳ дохил шуда, дунболи орзуҳои худ рафта наметавонад, чунки бародараш пойбанди боварҳои кӯҳна аст. Хоҳарашро намегузорад, ки аз хона ба берун қадам гузорад.
Вақте Хуршед бо ҳадафҳои худ ба шаҳр меояд, тифоқо аз паси тиреза Моҳро мебинаду бо як нигоҳ шефтаи вай мешавад. Қиссаи асосии филм аз ҳамин дидори ногаҳонӣ сар мешавад.
Ҳарду аз паси шишаи мошину тиреза бо ҳам гуфтугӯҳои ошиқона меороянд. Аз муҳаббате, ки дар чунин фосила пайдо шуд, як амонат боқӣ мемонад. Қаҳрамон баъдан барои ёфтану ҳифз кардани он саргардон мешавад.
Ризо Юсуфӣ, иҷрокунандаи нақши Хуршед бар ин аст, ки филми "Хуршеду Моҳ" то ҷое студияи "Зардил"- ро ба хубӣ муаррифӣ карда тавонист.
"Дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд нахустнамоиши он доир шуд, ки барои сатҳи синамои миллиро боло бурдан ва ба мардум ошно кардан ҳиссае гузошт. Ба ҳунарнамоии мо бигзор тамошобин баҳо диҳад", - гуфт ӯ.
Барои Соро Саидкамолӣ нақши Моҳ дуюмин нақши асосист. Ӯ бори нахуст дар филми "Охирин сайди сайёд" нақши асосиро иҷро карда буд.
Ӯ дар чанд лаҳзаҳои филми наваш аз гиряҳои талх якбора ба хандаҳои беолоиш гузариш мекунад. Ин чиз барояш як каме душвор буд, чун мебоист, ки дар як вақт гиристану хандидани табиӣ дошта бошад.
- Мақсади асосии филм нишон додани ҳаёти одамонест, ки дар дил орзуву армон, фикру ақидаи худ доранд, аммо аз ҷониби оила ва наздикон ҷонибдорӣ намешаванд.
Агар дар оила ба сухани ту гӯш намекунанд, ба мақсади худ расиданат дар гумон аст. Филм талқин мекунад, ки азизону наздиконро гӯш кунед, дӯст доред, - илова кард Соро.
Ӯро вокуниши тамошобинон паз аз нахустнамоишҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ба ваҷд овард.
"Ростӣ гап интизор надоштам, ки чунин мардум ҷамъ мешаванд. Дидам, ки чӣ гуна мардум бо ашк аз толор мебаромаданд. Шод ҳастем, ки онҳо дар О филм дарду алами худро ёфтанд.
Ҳадафи ҳунарманд низ аз бозӣ дар саҳнаҳои синамо дар он аст, ки ғаму дарди инсонҳоро нишон диҳад, то онҳо тавонанд, ки барои ҳалли бартараф кардан фикр кунанд.
Нурулло Абдуллозода, ҳунарманди театри давлатии драмавии русии ба номи В.В.Маяковский мебошад. Дар филми “Хуршеду Моҳ” нақши бародари сахтгири Моҳро иҷро кард.
"Имрӯз дар ҷомеа ба монанди персонажи ман одамони зиёде ҳастанд. Борҳо мушоҳида кардаем, ки то имрӯз бархе аз бародарон ё падарон ба қолабҳои нонавишта бовар карда, ё банди хурофот шуда, монеи ба орзуҳои худ расидани хоҳару духтари худ мешаванд", - гуфт актёри ҳирфавӣ.
Ӯ дар синамо таҷрибаи чандсолаи бозигарӣ дорад. Аз ҷумла, дар филми "Сайёра ранг иваз мекунад" - и Суғдсинамо яке аз нақшҳои муҳимро офаридааст. Дар пойтахти кишвар низ бо коргардонҳои номӣ кор карда, дар чанд лоиҳаҳои хориҷӣ низ таҷриба омӯхтааст.
- Агар дар умум бигӯем, синамои тоҷик айни ҳол ҷавобгӯ ба талоботи тамошобини имрӯза нест. Ба кадом хотир? Як сабабаш кам будани теъдоди филмҳои мо дар давоми 1 сол аст, ки назар ба ҳамсоякишварҳо хеле кам. Лекин, хуб аст, ки дар зарфи сол 1- 2 филм сохта мешаванд.
Ман ҳамчун ҳунарманд дар давоми сол бо бозигарӣ дар 1-2 филм банд мешавам, Баъзан дар як вақт дар ҳарду баробар кор мекунам. Ҳунарпеша низ рӯзу шаб нагуфта кор мекунад, - шарҳ дод Нурулло.
Қандил Тоҳирӣ, продюсери филм мегӯяд, филми "Хуршеду Моҳ" маҳсули нахустини студияи "Зардил Синема" аст, сахт нагиредаш.
"Филми навтавлиди мо аз 22 - юми октябр ба муддати 2 ҳафта дар ҳамаи кинотеатрҳои кишвар намоиш дода мешавад. Ба ҳар нафаре, ки барои сохтани филм заҳмат кашид, минатдорӣ мекунам" ,- иброз дошт ӯ.
Матлубаи Мирзоюнус, профессор:
- Чӣ қадар воқеаҳои нодири зиндагӣ дар як филм ба ҳам омадаанд! Ростӣ, ҳайати эҷодиро самимона табрик мегӯям. Ин нахустин кори Шумо аст. Умедворам, ки минбаъд низ ҳар сол филмҳои нави зиёдеро ба намоиш мегузоред. Саҳнаҳои филм бисёр ҷолиб буданд. Ин филмест, ки муҳтавои онро наметавон зуд ҳазм кард. Бояд дар бораи ҳар воқеаи он андеша кунем ва хулоса барорем.
Умар Алиев, профессор, ҳунарманд:
- Танҳо шахсе, ки дилаш бо ишқ зинда аст, метавонад чунин филм офарад. Ин филм ҳар касро ба ёди ишқи ҷавонӣ, айёми донишҷӯӣ ва лаҳзаҳои ширини он даврон мебарад. Ман ҳам аз рӯзгори ҷавонии худ ёд кардам, чӣ гуна бо як гули садбарг ва чор мисраи шеъри ноб ба ҳамсабақи писандидаам эҳсосоти худро баён карда будам. Агар филм эҳсосоти зиёде дар шахс бедор кард, пас ин як бурди ҳайати эҷодӣ аст. Барои чунин кори пурэҳсос сипос мегӯям.
Ислом Раҳимов, номзади илмҳои филологӣ, фарҳангшинос:
- Чанд сол пеш филмҳоеро, ки дар Тоҷикистон таҳия мешуданд, тамошо карда, эҳсос менамудем, ки як шингил аз сенарияи филми ҳиндӣ, қисме аз филми туркӣ ё ӯзбекиву дигар филмҳо гирифта шудааст. Хушбахтона, дар ин филм ва чанд филми охири солҳои охир рӯҳияи тоҷикӣ эҳсос мешавад. Ман дар "Хуршеду Моҳ" тоҷикро дидам, зиндагии воқеии як инсони одиро, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Филм лаҳзаҳои таъсирбахши зиёд дорад. Ҷое ҳаст, ки гиря мекунӣ, ҷое ҳаст, ки механдӣ. Нақшҳоро актерҳои ҷавон ба хубӣ иҷро кардаанд, ки барояшон офарин мегӯям. Маҳз ҳамин рӯҳияи тоҷикӣ бартарии асосии филм ва дастоварди муҳими гурӯҳи эҷодии он аст. Ба ростӣ, дар чанд соли охир филмҳои ватанӣ пурмазмун, касбитар, таъсирбахштар гаштаанд, ки “Хуршеду Моҳ” ҳам аз шумори чунинҳост.
Баҳроми Раҳматзод, шоир:
- Албатта филмҳои ошиқона одатан эҳсосбарангезандаанду тез аз ин ҳисоб ба дилҳо ҷой мегиранд. Ишқ ин ҷо барои ҳар ду қаҳрамон ҳам чун василаи гурез аз тақдир, аз иҷтимоъ, аз ҷараёни зиндагӣ нишон дода шуда буд. Ҳис мешуд, ки Моҳро бародару боварҳои ақибмондаи ӯ қафасӣ кардаасту Хуршедро тақдири пасту шароити номусоид ва ба ҳам омадани ин ду мурғи побазанҷир воқеан фоҷеаро бузургтар мекард.
Маҳрумият аз падар, тарки оила кардани падарон, масъалаи ҷудошавӣ, саргардонии фарзандон, нақши дардҳои кӯдакони дар оилаҳои носолим калоншуда, шаклгирии шахсияти мураккаби онҳо, гум накардани равуои хешовандӣ ва риояи силаи раҳм, ҷустуҷӯ аз аслу бунлоди худ, масъалаи дӯстиву рафоқат, зулму тааддӣ нисбат ба занон гӯё масоили зимнӣ буданд, ки лобалои хаттии қирмизи ишқ дар филм ҷилвагар мегаштанду гоҳе маҳз ҳузури онҳо монеаи пешрафти ишқ мешуд, ки намоишномаро заминӣ, зинда ва дилрабо кардааст.
Гиряҳои хомӯши Моҳ таъкиди алоҳида мехоҳад. Бисёр муассир, дилобкун буд ва аҳли толор ба ҳунари ин актрисаи ҷавон воқеан шефта шудем. Нақши Зӯҳро ҳам хеле олиҷаноб иҷро шудааст, ки ҷуз аҳсанту офарин наметавон чизе афзуд.
Зимнан, ба таҳиягарони филми "Хуршеду Моҳ" барору омади кор хоста, бо умеди рушд ва пурбинанда шудани синамои тоҷик кулли хонандагони Your.tj - ро бо фарорасии рӯзи кинои тоҷик муборакбод мегӯем!
Читайте также
Навзоди аз таваллудхонаи №1-и Душанбе гумшуда пайдо шуд
2 часов назад
Аз касбомӯзӣ то ҷойи кор: чӣ гуна метавон соҳиби касб шуд ва ҷойи кор пайдо кард?
2 дня назад
Шавкати Аштӣ: аз Тоҷикистон то Амрико. Зиндагии ҳунарманд дар муҳоҷират чӣ гуна аст?
3 дня назад
Аз қаҳвахонаи интернетӣ то платформаҳои худии AI. Чӣ гуна барномасоз аз Хуҷанд соҳибкории технологӣ месозад
3 дня назад
Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд
7 дня назад