Агентии обуҳавошиносии кишвар аз фаромадани туман ва яхбандӣ дар кишвар хабар медиҳад. Ин ниҳод ҳамчунин огоҳ кардааст, ки дар баъзе аз минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма дар назар аст.
“Рӯзи 5 январи соли ҷорӣ дар ағбаҳо тормеғ (туман) фаромада (дурии биниш аз 400 метр камтар), пайдоиши қабати барф ва яхбандӣ дар назар аст. Рӯзҳои 5-6 январ дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад”, – хабар додааст Агентии обҳувошиносӣ дар сомонаи худ.
Ба иттилоии ин ниҳод, рӯзҳои 5-7 январ дар баъзе ноҳияҳо бо истисно аз Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд.
Ҳамчунин аз хатари фаромадани тарма дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Лахш, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб Кумутаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар низ хабар додааст.
Наҷотдиҳандагон аз тармаҳои рӯзҳои 3 ва 4-уми январ фаромада ёдовар шуда, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш ва бахусус ҳалокати одамон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки бе зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.
Инчунин аз аҳолии минтақаҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ даъват кардааст, ки муддате то бартараф шудани хафву хатари лағзиши тарма аз ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ, шикор ва моҳидорӣ худдорӣ намоянд.
Вазъияти роҳи Душанбе-Хуҷанд чӣ гуна аст?
Имрӯз, 5-уми январ филиали ширкати “IRS” дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмии Facebook-иаш хабар додааст, ки роҳи мошингарди Душанбе –Хуҷанд аз ҳарду ҷониб боз буда, танҳо барои нақлиёти боркаш маҳдудият ҷорӣ шудааст.
“Роҳи Душанбе – Чанок кушода аст. Кормандони филиали Ширкат пайомади тармаҳоро бартараф, роҳро аз барф тоза ва бо маводи зиддилагжиш коркард намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади эҷод накардани монеа ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт, хоса автомобилҳои сабукрав, барои “Фура” ва нақлиёти притсепдор маҳдудият ҷорӣ шудааст”, – навиштааст ин ширкат.
Вазъи боду ҳаво барои 5-уми январ дар Тоҷикистон
Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.
Рашт – Ҳавои тағйирёбанда, боришоти сусти (борон, барф) ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад.
Дар НТҶ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришот (борон, барф) ба амал омада, тормеғ туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд –Ҳавои тағйирёбанда, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо (дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) ба амал омада, рӯзона асосан бебориш (0-0,5мм) дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 6+11° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.
Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар буда, тормеғ (туман) мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 8+10° гарм мешавад.
Дар ВМКБ – Ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳидаи ғарбии вилоят барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, рӯзона -3+2°, дар шарқи вилоят шабона 12-17° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 20-25° хунук, рӯзона 8-13° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-20° хунук мешавад.
Хоруғ – Ҳавои қисман абрнок, дар баъзе ҳолатҳо боришоти барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 9-11° хунук, рӯзона 1-3° хунук мешавад.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман) мефароя. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм, рӯзона 8+13° гарм, дар доманакӯҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 3+8° гарм мешавад.
Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0-0,5мм) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 7+9° гарм, рӯзона 10+12° гарм мешавад.