Қирғизтаборони Афғонистон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Акси марбута. Манбаъ: tourtomongolia.com

Бо аспу қутос. “77 қирғизтабори Афғонистон аз тарси Толибон ба Тоҷикистон гурехтанд”

77 сокини осоиштаи Афғонистон рӯзи 13-уми июл аз тарси таъқиби Толибон ба Тоҷикистон фирор кардаанд. Дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл гуфт, 26 мард, 20 зан ва 31 хурдсол, ки бештарашон қирғизтаборон будаанд, “ба марзи Тоҷикистон омада, дархости ворид шудан карданд”.

Гуфта мешавад, онҳо сокинони деҳаи Андемини вулусволӣ ё ноҳияи Вахони вилояти Бадахшони Афғонистон ҳастанд. Идораи марзбонӣ гуфтааст, сарҳадбонони тоҷик ба хотири риояи усули “инсондӯстӣ” ба паноҳандагони иҷборӣ аз Афғонистон иҷозат доданд, ба қаламрави Тоҷикистон ворид шаванд.

Ба гуфтаи мақомот, паноҳандагон айни замон дар мавзеъҳои Андемин ва Чештебаи ҷамоати Қизил-Работи ноҳияи Мурғоб қарор доранд. Гуфта мешавад, онҳо чорвои хонагии худро, аз ҷумла 1000 чорвои майда, 300 қутос, 3 шутур ва 30 аспро бо худ овардаанд.

Қирғизистон мошинҳои боркаши Тоҷикистонро се моҳ аст, ки раҳо намекунад

Масъалаи боздошти 60 мошини боркаш (фура) бо бор барои Тоҷикистон дар қаламрави вилояти Ботканди Қирғизистон ҳалношуда боқӣ мемонад, хабар дод вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни нишасти хабарии имрӯза.

Ӯ изҳор дошт, ки рӯзи 14 июни соли равон зимни сафари президенти кишвари ҳамсоя ба Душанбе ин масъаларо бо вазири нақлиёти Қирғизистон баррасӣ кардааст. “Ӯ ваъда дод, ки ба ҳалли ин масъала машғул мешавад, лекин мутаассифона, то ҳол ягон натиҷаи мусбат нест”, – гуфт Азим Иброҳим.

Вазири нақлиёт таъкид дошт, ки миёни ронандагони ин мошинҳои боркаши боздоштшуда танҳо се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар ҳама боқимонда шаҳрвандони Қирғизистон мебошанд.

Зикр шуд, ки ҷониби Тоҷикистон ба ҳалли масъалаи мазкур тариқи воситаҳои дипломатӣ машғул аст, чунки дар сатҳи вазоратҳои нақлиёт натиҷа ҳосил нашуд.

Манбаъ: Ҳамаи фирориёни Афғонистон аз Тоҷикистон рафтанд, дигар касе нест

Як манбаъ аз Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст, ки ҳамаи фирориёни Афғонистон, ки аз ҳамлаи “Толибон” ба Тоҷикистон паноҳ оварда буданд, дубора ба ин кишвар баргардонида шудаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ба ҷуз қирғизҳои бумии Афғонистон, ки аз тарси “Толибон” рӯзи 13-уми июл ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон паноҳ овардаанд, дигар ҳамаи фирориён дубора ба Афғонистон баргаштанд.

Ин манбаъ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир ҳеч фирории дигари Афғонистон дар Тоҷикистон нест. Ба гуфтаи манбаъ аксари фирориён низомиёне буданд, ки аз ноҳияҳои марзии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ оварданд ки шумораи онҳо бештар аз 1000 нафар буд.

Ин фирориёнро давлати Афғонистон тавассути чархбол аз фурудгоҳи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба ҳудуди Афғонистон баргардонидааст.

Идомаи бедодгариҳои офати табиӣ дар шарқи Тоҷикистон

Бар асари боронҳои сахт ва сел рӯзи 13-уми июл дар ноҳияи Нуробод ва вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон хонаҳои мардум ва заминҳои кишту роҳҳо хароб гаштаанд. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар деҳаи Шуҷанди ноҳияи Рӯшон сел 7 манзил ва замини киштро валангор кардааст.

Корбарони Радиои Озодӣ дар бораи 10 хонаи зарардида аз сел хабар медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, дар пайи ин офати табиӣ роҳ ба маркази ноҳия ва Бартанг – Хоруғ ҳам баста шудааст. Нисфирӯзи 13-уми июл сел ҳамчунин ба сокинони ҷамоати деҳоти Муҷихарфи ноҳияи Нуробод зарар расонд. Ба иттилои расмӣ, дар ин деҳа роҳу 5 хона қисман хароб шуда, 2 мошини боркаш зери об мондаанд.

Марги 3 каси дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон. Омори расмии беморон дар ҳоли афзоиш аст

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 13-уми июл се нафар бар асари бемории коронавирус ҷон бохтаанд. Дар эъломияи вазорат аз қурбониёни нави COVID-19 ном бурда нашудааст.

Ҳоло шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 107 нафар расид. Тибқи иттилои расмӣ, то бегоҳи 13-уми июл теъдоди умумии гирифторон ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13911 нафар расида, ба иддаои мақомот, қариб 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки вазир Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи сешанбе ба бемористонҳои Душанбе рафтааст. Ба иттилои манбаъ, вазир ба масъулини шифохонаҳо дастур додааст, ки расондани хадамоти тиббиро ба мубатлоёни COVID-19 беҳтар кунанд.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: “Пеш аз Иди Қурбон нархҳоро дар бозор месанҷем”

Дар остонаи Иди саиди Қурбон Хадамоти зиддиинҳисорӣ баҳри пешгирии босуръат болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ, нархҳоро дар бозорҳои кишвар пайгирӣ мекунад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории кишвар Сафаралӣ Қурбонзода.

“Ҳақиқатан ҳам дар арафаи чунин идҳо нархҳо дар мо босуръат боло мераванд. Бо мақсади пешгирии он аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва дигар сохторҳои дахлдор мониторинг (санҷиш) гузаронида мешавад. Ситод таъсис дода, нархҳоро ҳамарӯза пайгирӣ мекунем”, – иброз дошт Қурбонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар доираи санҷишҳое, ки дар Иди Рамазон гузаронида шуданд, “баъзе савдогарони беинсоф, бахусус фурӯшандагони мева ошкор шуда буданд, ки нархнома надоштанд ва нархро боло мебурданд. Нисбати онҳо чораҷӯйӣ шуд”.

Зимнан зикр шуд, ки ин дафъа фурӯшандагони қонуншикану беинсофро ҷарима ва дигар ҷазоҳои маъмурӣ интизор аст.