fbpx

Қирғизистон ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки абадан маҳкум шуда буданд, моҳи ноябр бозбинӣ мекунад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Акс аз сомонаи today.kg

Эмомалӣ Раҳмон аз камбуди барқ ва мушкили маош гуфт

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 25-уми октябр дар маҷлиси ҳукумат ба мавзӯи таъмини аҳолӣ бо барқу гармӣ ишора кардааст.

Сокинони гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон як моҳ боз аз камбуди барқ шикоят доранд. Дар баъзе аз минтақаҳои кишвар барқ танҳо шом дода мешаваду бас.

Ширкати “Барқи Тоҷик” ба монанди солҳои гузашта қатъи барқро ба таъмир ва омодагӣ ба зимистон рабт додааст. Сабабе, ки мардум баҳонае беш намедонанд. Айни замон кишвар ба Афғонистон нерӯи барқ содирот мекунад.

Президент Раҳмон ҳамзамон дастур додааст, ки маош, кумакпулӣ ва пардохтҳои дигари иҷтимоӣ ба аҳолӣ аз буҷети давлатӣ “сари вақт” ва “пурра” дода шавад.

Ҳукми шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон 4-уми ноябр бозбинӣ мекунанд

Шикояти пайвандони ду шаҳрванди маҳкумшудаи Тоҷикистонро дар Қирғизистон рӯзи 4-уми ноябри имсол баррасӣ хоҳанд кард.

Пештар эълон шуда буд, ки додгоҳи таҷдиди назар рӯзи 19-уми октябр баргузор мешавад, вале сурат нагирифт.

Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон моҳи сентябри имсол Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро дар пайванд ба муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум кард. Дар муноқишаи моҳи апрел аз ду ҷониб даҳҳо кас куштаву захмӣ шуданд.

Шаҳрвандони маҳкумшудаи Тоҷикистон дар деҳаи Борбоддуки Қирғизистон зиндагӣ мекарданд. Ин роҳест, ки аз як тараф Тоҷикистон ва аз тарафи дигар Қирғизистон ҷойгир аст.

Мақомоти Қирғизистон се шаҳрванди тоҷики Қирғизистонро низ дар пайванд ба задухӯрди мусаллаҳона ба муҳлатҳои гуногун ба зиндон маҳкум кардаанд.

Тоҷикистон аз ҳисоби содироти барқ ҳудуди 90 млн доллар ба даст овард

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли 2021 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 89,4 млн доллар неруи барқ содир намуд, ки 36,1 млн доллар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Тавре Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, тайи моҳи ахир ва тақрибан ҳамин миқдор дар моҳи август Тоҷикистон аз интиқоли барқ ба хориҷи кишвар ҳудуди 17 млн доллар маблағ ба даст овард.

Бозори фурӯши барқи Тоҷикистон Ӯзбекистон ва Афғонистон мебошанд, ки қариб дар ҳаҷми якхела барқ мегиранд. Ин ба он вобаста аст, ки дар қарордодҳои бо ин кишварҳо имзошуда барои соли 2021 ҳаҷми баробари интиқоли барқ – 1,5 млр кВт/соатӣ пешбинӣ шудааст.

Барои 1 кВт/соат барқ Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 2 сент ва Афғонистон 3 сент тариқи хати 110 кВ ва 4,5 сент – тариқи хати интиқоли барқи 220кВ маблағ пардохт мекунанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми буҷети соли 2022-ро эълон намуд

Даромади умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 32,8 миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2021 ба маблағи 5,1 миллиард сомонӣ ё 18,6 фоиз зиёд мебошад. Хароҷоти умумии буҷети давлатӣ барои соли 2022 дар ҳаҷми 33,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети тасдиқгардидаи соли равон 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2023-2024 дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Ҳукумати мамлакат афзалиятнокии маблағгузории соҳаҳои иҷтимоиро нигоҳ дошта, дар буҷети давлатӣ барои соли 2022 ба ин соҳаҳо равона кардани 14,6 миллиард сомониро пешбинӣ намудааст, ки он 43,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ё 14 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон ҷаласа хоҳанд кард

Рӯзи 27-уми октябр дар Теҳрон ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад ва дар кори он ширкати намояндагони Тоҷикистон ҳам дар назар аст. Саид Хатибзода, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфт, қарор аст дар ин нишаст раиси ҷумҳурии Эрон Иброҳим Раисӣ суханронӣ кунад.

ТАСС навишт, ки дар ин нишасти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия суханронӣ мекунад. Бори нахуст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи 8-уми сентябр дар як нишасти маҷозӣ мулоқот карда буданд.

Дар нишасти рӯзи чоршанбе раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд ва тамаркузи онҳо сари масоили кунунии Афғонистон, аз ҷумла, даъвати “Толибон” ба ташкили ҳукумати фарогир равона мешавад.

Ҳунарнамоии Абдурозиқ дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс

Абдурозиқ, овозхони ҷавони тоҷик, дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Белград (Сербия) суруди Муборакшо Мирзошоев “Ай, ёрам биё”-ро сароид.

Дар саҳифаи расмии худ дар Instagram Абдурозиқ навори видеоиро аз чорабинии байнулмилалӣ бо ҳунарнамоиаш гузошт.

Ӯ бо забони туркӣ ҳам як суруд ба иҷро мерасонад.

Овозхони ҷавони тоҷик дар як саҳна бо сарояндаи рус Олга Бузова ва актёри Сербияву Русия Милош Бикович ҳунарнамоӣ кард.

Дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе иди палав баргузор мекунанд

Рӯзи 30-юми октябр дар “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи “Оши палав” баргузор мешавад. Барои иштирок дар он ошпазҳо аз чаҳор ноҳияи пойтахт, вилоятҳои Суғду Хатлон ва навоҳии тобеи марказ даъват шудаанд. Ҳамчунин, иштироки ошпазҳо аз Узбекистону Афғонистон ва Русия дар назар аст. Мақомоти пойтахт мегӯянд, оше ки дар ҷашнвора пухта мешавад, ба кӯдакистонҳо ва хонаи пиронсолон тақсим мегардад. UNESCO, Бунёди илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, соли 2016 “Палав”-ро ба феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддӣ ворид кард.

Арзиши “патент” дар баъзе аз минтақаҳои Русия боло меравад

Нархи “патент” ё иҷозаи кор барои муҳоҷирон дар вилояти Омски Русия боло меравад. Хабаргузориҳои Русия навиштанд, маҷлиси вилоятӣ лоиҳаи қонунро қабул кардааст. Бино бар он, аз соли 2022 коргарони хориҷӣ бояд барои патент беш аз 4 ҳазор рубл пардохт кунанд. Дар ҳоле ки феълан арзиши “патент” дар Омск 3890 рубл аст. Нархи “патент” дар вилояти Тюмен аз 5896 ба 6203 рубл хоҳад расид. Ҳамасола тақрибан ду миллион муҳоҷир дар Русия иҷозаномаи кор мегиранд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend