Қирғизистон тамринҳои низомии наверо бо истифода аз бесарнишинҳои зарбазан гузаронида истодааст

Қирғизистон дар вилояти ИссиқКӯл машқи низомии вижаи тактикии “Капкан-2022 -ро (Дом-2022) оғоз кард. Дар таърихи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварбори аввал аст, ки дар ҷараёни тамринҳо ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2 истифода мешавад.

Мақсади баргузории тамрин “омӯзишу таҷриба ва санҷиши амали сохторҳои қудратии Қирғизистон дар мавриди маҳви душмани шартӣ, ки қитъаи сарҳади давлатиро гузаштааст” унвон мешавад. Дар тамринҳо воҳидҳои КДАМ, Вазорати мудофиа ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ки тамринҳо дар пойгоҳи маркази таълимии “Эднлвейс”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Баликчи мегузаранд. Дар ҷараёни баргузории он сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳузур дорад.

Ҳавопаймоҳои бесарнишиниро Қирғизистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ охири соли 2021 аз Туркия харида, ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳ дода буд. Раиси КДАМ Қамчибек Тошиев қаблан изҳор дошта буд, ки онҳо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба навбатдории ҷангӣ гузошта шудаанд.

Моҳи октябри соли гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон 40 автомашинаи зиреҳпӯш гирифта, онҳоро барои тақвияти имкноти ҳайати шахсӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ба вилояти Ботканд фиристода буд.

Skip to toolbar