Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Қирғизистон тамринҳои низомии наверо бо истифода аз бесарнишинҳои зарбазан гузаронида истодааст
Дата публикации: 13:2801.04.2022
Қирғизистон дар вилояти Иссиқ-Кӯл машқи низомии вижаи тактикии “Капкан-2022” -ро (Дом-2022) оғоз кард. Дар таърихи Қувваҳои мусаллаҳи ин кишварбори аввал аст, ки дар ҷараёни тамринҳо ҳавопаймоҳои зарбазани бесарнишини “Байрактар ТБ-2” истифода мешавад.
Мақсади баргузории тамрин “омӯзишу таҷриба ва санҷиши амали сохторҳои қудратии Қирғизистон дар мавриди маҳви душмани шартӣ, ки қитъаи сарҳади давлатиро гузаштааст” унвон мешавад. Дар тамринҳо воҳидҳои КДАМ, Вазорати мудофиа ва Вазорати ҳолатҳои фавқулода иштирок мекунанд.
Гуфта мешавад, ки тамринҳо дар пойгоҳи маркази таълимии “Эднлвейс”-и Вазорати мудофиа дар шаҳри Баликчи мегузаранд. Дар ҷараёни баргузории он сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳ, президенти Қирғизистон Садир Жапаров ҳузур дорад.
Ҳавопаймоҳои бесарнишиниро Қирғизистон аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ охири соли 2021 аз Туркия харида, ба ихтиёри Қувваҳои мусаллаҳ дода буд. Раиси КДАМ Қамчибек Тошиев қаблан изҳор дошта буд, ки онҳо дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон ба навбатдории ҷангӣ гузошта шудаанд.
Моҳи октябри соли гузашта Хадамоти марзбонии Қирғизистон 40 автомашинаи зиреҳпӯш гирифта, онҳоро барои тақвияти имкноти ҳайати шахсӣ ва таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ба вилояти Ботканд фиристода буд.
Комментарии (0)
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
5 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
7 дня назад