Шарҳи расмии сӯхтори бозори “Баракат” дар Суғд: Наҷоти 100 миллион сомонии тоҷирон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар калонтарин бозори масолеҳи сохтмонӣ, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шарҳ дод.
Ин оташсӯзӣ шаби 21-уми октябр, соати 20:00 дар нуқтаи фурӯши чӯбу тахтаи маркази савдои “Баракат”-и ҶДММ “Агрофут”, воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафурови шаҳри Хуҷанд ба амал омад.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани оташнишонон сӯхтор дар масоҳати 400 метри мураббаъ паҳн гардида, чӯбу тахтаҳои зери соябонҳоро фаро гирифта буд.
Гуфта мешавад, ин оташсӯзӣ бо қувваю воситаҳои ҷузъу томҳои Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд дар масоҳати аввалааш бо пуррагӣ хомӯш карда, дигар нуқтаҳо ва биноҳои ёрирасони зери соябонҳо аз он муҳофизат шудааст.
“Дар баробари амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ аз ҷойи ҳодиса молу маҳсулоти соҳибкорон ба ҷойҳои безазар кӯчонида шуда, маблағи колои аз ҳодисаи сӯхтор ҳифзшуда 100 миллион сомониро ташкил медиҳад”, – афзудааст манбаъ.
Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард
Қирғизистон марзҳояшро ба рӯи донишҷӯёни тоҷик боз кард, хабар додааст муовини раиси Девони Вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов дар саҳифааш дар “Twitter”.
“Яке аз аввалин қарорҳои Девони Вазирони нав ифтитоҳи сарҳад барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳҳои мо таҳсил мекунанд – пули мустаҳками дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои бародари мо буд”, – гуфтааст ӯ.
Ёдрас менамоем, ки Қирғизистон пас аз муноқишаи марзии моҳи апрел сарҳадашро ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баст.
Ҷониби Қирғизистон яке аз шартҳои бозкушоии марзро анҷоми аломатгузорӣ дар сарҳади ду давлат гуфта буд.
Муҳокимаи як мард бо гумони таҷовуз ва қатли духтари 9-сола дар Хатлон
Дар вилояти Хатлон муҳокимаи марде оғоз шудааст, ки ба таҷовуз ва қатли як духтари 9-сола гумонбар аст. Мурофиаи Рустам Болтахонов, сокини ноҳияи Хуросон, чанд рӯз боз идома дорад.
Марди муттаҳам 18-уми августи имсол дар ҳолати мастӣ духтари ноболиғро таҷовуз карда, сипас куштааст.
Ёдовар мешавем, ки дар оғози ҳафтаи ҷорӣ як сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гуноҳи таҷовуз ва қатли духтари 8-сола ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд.
“Ҳосили гандум дар Қазоқистон кам шуд”, вале нархи орд дар Тоҷикистон афзуд
Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба “кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” пайванд доданд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, ба арзон ё дар як сатҳ нигоҳ доштани қимати орд талош мекунанд.
Дар як моҳи охир нархи орд дар Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50-килоии он қариб ба 300 сомонӣ расидааст.
Абдуқодир Ятимов, масъули Вазорати кишоварзӣ, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон “танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд ва боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад.”
Ӯ сабаби гарон шудани нархи ордро “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” номидааст.
Ширкати русӣ муҳоҷирони тоҷикеро, ки дар сӯхтор зарар диданд, кумак мекунад
Масъули бахши матбуотии намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия Каримҷон Салимзода гуфтааст, зимни суҳбат бо роҳбарияти ширкати мазкур Симонов А. А. ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки маблағи барқарор кардани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон ҳамчун ҷуброн аз ҷониби корфармо пардохт шавад.
Ҳамчунин роҳбарияти ширкат дар робита ба таъмини ин шаҳрвандони кишвар бо хобгоҳ, либос ва дигар лавозимоти зарурӣ изҳори омодагӣ кардааст.
Ёдовар мешавем, ки 20 октябри соли равон дар ҳудуди сохтмоне наздик ба метрои “Расcказовка”-и шаҳри Маскави Русия сӯхтор ба амал омад.
Каримҷон Салимзода иттилоъ дод, ки дар иншооти мазкур беш аз 100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, тибқи шартнома бо чаҳор ширкати сохтмонӣ, ба кор ҷалб шуда, 80 нафари онҳо дар хобгоҳи кунун сӯхтаи ин сохтмон иқомат мекарданд.
“Дар натиҷаи сӯхтор тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон молу ашё, зиёда аз 17 нафари онҳо ҳуҷҷатҳояшонро аз даст додаанд”, – қайд кард ӯ.
Манъи муваққатии ҳаракати нақлиёт дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе
Дар пойтахт пагоҳ, 23 октябр дар робита ба баргузории веломарафони оммавӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Ҳофизи Шероҳӣ аз соати 09:00 то 10:00 манъ мешавад.
Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт, роҳ аз Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” то кӯчаи Карамов (МБГ “Душанбе-2”) баста мешавад.
Веломарафони оммавӣ ба муносибати ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Шаҳрдории Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт дархост намудааст, ки зимни ҳаракат бо ин роҳ дар ин вақт аз кӯчаву хиёбонҳои ҳамшафат ба кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ истифода баранд.
Имзои беш аз 100 созишномаи нав миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия
Соҳибкорони Русия ва Ӯзбекистон бо ҳамтоёни тоҷики худ беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Ин шартномаҳо дар доираи Форуми “Имкониятҳои тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо” ва Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” имзо шуданд.
Ярмаркаи байналмилалии савдо “Суғд-2021” бори ҳафтум аст, ки дар вилояти Суғд баргузор мешавад.
Имсол ин чорабинии муҳими иқтисодӣ рӯзҳои 19 ва 20 октябри соли ҷорӣ гузаронида шуд.
Мақсад аз баргузории форум – муаррифии имкониятҳои иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гуфта мешавад.