fbpx

Қирғизистон дар 2,5 сол ба навсозии техникаи ҳарбӣ беш аз 125 млрд сом сарф кардааст

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Таҷҳизоти низомии Қирғизистон
Акс аз интернет

Дар Тоҷикистон давоми 5 соли охир фавти модару кӯдак ва сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Дар Тоҷикистон давоми панҷ соли охир фавти модарон ва кӯдакон ва оилаҳои камбизоат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар ин бора вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк изҳори назар кардааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон
Акс аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Дар панҷ соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст, таъкид кардааст Завқи Завқизода.

Ӯ зимни суханронӣ қайд намудааст, ки дар ин муддат шумораи гирифторони сабтиномшудаи бемории сил ва сироятёфтагони вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мувофиқан 26 ва 19,5 фоиз кам гардид.

Ба гуфтаи Завқизода барои таъсиси низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ Барномаи кӯмаки мақсадноки иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб ташкил ва барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ беш аз 19 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст.

“Амалӣ гардонидани чунин тадбирҳо имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31% дар соли 2015 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шавад”,- қайд намудааст вазир.

Ба иттилои Вазорати меҳнат тайи ду соли охир дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст.

Ҳамзамон пештар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дода буд, ки шумораи умумии оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба зиёда аз 224,5 ҳазор адад баробар шуд.

Қирғизистон дар 2,5 сол ба навсозии техникаи ҳарбӣ беш аз 125 млрд сом сарф кардааст

Қирғизистон дар давоми 2,5 сол барои навсозии техникаҳои ҳарбӣ 125 миллиард сом маблағ сарф кардааст, гуфтааст раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҷаласаи девони вазирони ин кишвар, менависад АКИpress.

Бесарнишинҳои бомбапарто ки Қирғизистон муқобили Тоҷикистон истифода карда буд

Ба гуфтаи ӯ дар солҳои 2005-2020 барои навсозии техникаҳои ҳарбӣ ҳамагӣ 3-5 миллиард сом ҷудо шуда будааст.

Ба таври муқоиса гуфтааст, ки дар соли 2021 онҳо 32 миллиард сом, дар соли 2022 бошад, 53 миллиард сом ва дар шаш моҳи соли 2023 беш аз 40 миллиард сом маблағ сарф кардаанд.

Бештар аз 120 миллиард сом дар давоми 2,5 сол. Ин навсозии хеле фарогир аст,- таъкид кардааст ӯ.

Ба гуфтаи Тошиев, ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байракдор”, “Aksungur”, “Акинҷӣ”, системаи зиддимушакии “Печора”, чархболҳои Ми-8, Ми-17 харидорӣ шудаанд.

“Мо ин ҳамаро ҳамчун тӯҳфа нагирифтаем, ҳамаи ин аз ҳисоби буҷети давлатӣ харида шудааст”,- гуфтааст ӯ.

Манбаъ: Мудири мактаб ба як хонандаи мактаб дастдарозӣ кардааст

Таҳқиқи парвандаи мудири як мактаб дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иттиҳоми дастдарозӣ ба хонанда қариб ба анҷом расидааст, менависад хабаргузории Осиёи Марказӣ.

Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад.

Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд.

“Як манбаъ дар идораи пулиси Хатлон таъйид кард, ки Н.Н, ки мудири мактаб буд, ба як хонандаи 16-сола дастдарозӣ кардааст”, – омадааст дар хабар.

Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот пас аз шикояти ҷабрдида дар авоили моҳи июн шурӯъ шудааст.

“Феълан Н.Н дар боздошт аст ва нисбаташ бо моддаи 139, қисми 2 банди Д, яъне ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ парванда боз шудааст. Ҳарду тарафро муфатишони милиса пурсиданд ва бояд рӯзҳои наздик тафтишаш анҷом шуда, парванда ба додгоҳ равад”, – гуфтааст ӯ.

Дар сурати исботи гуноҳ, Н. Н. мумкин аст аз 7 то 12 сол зиндонӣ шавад.

Пайвандони ин мудири мактаб иттиҳомотро беасос медонанд. Яке аз бастагонаш, ки нахост, ки аз ӯ ном бурда шавад, гуфт, мудири мактаб 62 сола аст ва “бовар кардан душвор аст, ки ӯ ба чунин амал даст бизанад”.

Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.

Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.

Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend