fbpx

Қирғизистон боз бесарнишин (беспилотник) – ҳои туркӣ харидааст

Мухтасари хабарҳои рӯз


-1
-1 points
Бесарнишинҳои бомбапарто ки Қирғизистон муқобили Тоҷикистон истифода карда буд

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо маводи мухаддир дар Узбекистон

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд як шаҳрванди Тоҷикистонро бо 14,9 кг ҳашиш боздошт кардаанд, хабар медиҳад хабарнигори “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи пулиси маҳаллӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни амалиёти “Кӯкнори сиёҳ-2022” дар шаҳри Бекобод манзиле, ки дар он шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон муваққатан зиндагӣ мекард, тафтиш карда шудааст.

“Дар натиҷа маълум гардид, ки дар хонаи хоби ӯ 14,9 кг маводи нашъадори ҳашиш бо мақсади фурӯш нигоҳдорӣ мешавад”, – хабар додааст манбаъ.

Дар ин ҳол, хабаргузорӣ ному насаби гумонбарро зикр накардааст ва дар навори нашргардида низ рӯи ӯ пӯшонида шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ба гумонбар бар асоси қисми 5 моддаи 273-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудаааст ва ҳоло аз 10 то 20 соли зиндон ӯро таҳдид мекунад.

Қирғизистон боз бесарнишин (беспилотник) – ҳои туркӣ харидааст

Қирғизистон аз Туркия паҳпод ё ҳавопаймои бесарнишини “Аксунгур” харидааст. Дар ин бора як мансабдори баландпояи ин кишвар хабар додааст. Вале шумора онҳоро ошкор накардааст.

Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, рӯзи 2-юми ноябр дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, “акнун “Аксунгур” ҳам аз мост.”

Хадамоти марзбонии Қирғизистон соли 2021 аз Туркия ҳавопаймои бесарнишини “Байрактар ТБ-2” (Байрақдор) харида буд.

Ҳукумати Қирғизистон моҳи октябри соли гузашта барои навсозии таҷҳизоти низомӣ, бахусус харидани бесарнишинҳо аз Русия ва Туркия, 100 миллион доллар ҷудо кард.

Мақомоти ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон гуфта буданд, бесарнишинҳо барои таъмини амнияти дифоӣ ва муҳофизати сарҳад истифода хоҳанд шуд.

Мақомоти амниятӣ ва умури хориҷии Тоҷикистон батакрор аз корбурди паҳпод ё бесарнишинҳои тавлиди Туркия зидди аҳолии осоишта ва иншооти мулкии кишвари худ дар марз хабар додаанд. Тарафи Қирғизистон ин маълумотро рад ё тасдиқ накардааст.

Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз барои таъин ва нишонагузории марз ҷанҷол доранд. Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду кишвар бахше аз он номуайян аст. Дар даргирии рӯзҳои 14-17-уми сентябри имсол аз ду тараф даҳҳо кас кушта ва садҳо нафар захмӣ шуданд.

Сокини вилояти Суғд бо фурӯши силоҳ гумонбар мешавад

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони милитсия Аҳмадалӣ Муллоодиназодаро ба гумони фурӯши силоҳи оташфишон боздошт намуданд, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД -и ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ дар шаҳри Хуҷанд ҳангоми кӯшиши фурӯши автомати Калашников (АКС-74) бо 49 дона тир дар тирдонаш боздошт шудааст.

“Айни замон мақомоти тафтишот аз куҷо дастрас шудани силоҳи оташфишон ва робитаи боздоштшударо бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша мавриди таҳқиқ қарор додааанд”, – хабар медиҳад ВКД.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 195 Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

Дар ин моддаи Кодекс ҷазои ҷарима ба маблағи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда – 64 сомонӣ) ё маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то 5 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 3 сол пешбинӣ шудааст.

Нархи гази моеъ боло рафт. Шикоят аз баланд рафтани арзиши роҳкиро

Имрӯз, 3-юми ноябр, дар Душанбе нархи гази моеъ ба 7 сомониву 50 дирам баробар аст, ки дар таносуб ба ҳафтаи гузашта 1 сомониву 30 дирам гаронтар шудааст. Пештар гази моеъ дар пойтахт 6 сомониву 20 дирам нарх дошт.

Ин болоравии нархи гази моеъ дар шаҳри Хуҷанд низ ба назар мерасад. Дар шимоли кишвар нархи гази моеъ 50 дирам гаронтар гардида, ҳоло як литри ин навъи сӯзишворӣ 6 сомониву 50 арзиш дорад.

Дар Бохтар нархи гази моеъ нисбат ба Душанбе ва Хуҷанд боз ҳам гаронтар гардидааст. Он дар муқоиса ба ҳафтаи қаблӣ 1 сомониву 70 дирам боло рафта, имрӯз ба 8 сомонӣ расидааст. Қаблан, ин навъи сӯзишворӣ дар ҷануби кишвар ба 6 сомониву 30 дирам баробар буд.

Аз ин рӯ, қимати сафар аз минтақаҳо ба Душанбе тақрибан 10-15% боло рафтааст. Масалан, ронандагони таксиҳои хусусӣ барои сафар аз Душанбе ба Панҷакент аллакай ба ҷои 150 сомонӣ 170 сомонӣ, дар Турсунзода ба ҷои 25 сомонӣ – 30 сомонӣ мегиранд.

Ронандагон мегӯянд, ки на танҳо болоравии нарх, балки камбуди маводи сӯхт низ мушоҳида мешавад. Давлат Бобоев, ронандаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар, баён дошт, ки ду рӯз боз гази моеъ мекобад ва имрӯз аз як нуқтаи сӯзишворӣ бо нархи гаронтар пайдо кардааст.

“Беш аз даҳ сол аст, ки ронандагӣ мекунам ва тайи чанд соли охир мушкили гароншавии нархи сӯзишворӣ харҷамро бештар кардааст. Таҷриба нишон дод, ки соҳибкорон махсус дар фуруши сӯзишвориҳо маҳдудият ҷорӣ мекунанд ва бо ин тариқ, нархро болотар мебаранд. Ба назар чунин менамояд, ки касе парво надорад, ки ин ҳолат ба ронандагон зарари ҷиддии иқтисодӣ мерасонад. Мо нархи роҳкироро бардорем, сокинон аз мо норозӣ мешаванд”, – гуфт Давлат Бобоев.

Дар нуқтаи фуруши сӯзишвории “Bahor OIL”, ки дар ҳудуи терминали шаҳри Бохтар ҷойгир аст, ҳоло газ нест ва набудани ин навъи сӯзишворӣ масъулини ин нуқтаро ба ташвиш овардааст.

Яке аз кормандони ин нуқтаи сӯзишворӣ баён доштааст, ки газро аз ҳудуди шаҳри Душанбе, аз шарикони худ дар ин самт, дастрас мекарданд, вале ҳоло онҳо низ дар дастрас кардани газ маҳдудият доранд.

“Ду рӯз пеш мо низ норасоии гази моеъро дар шаҳр мушоҳида кардем ва барои дастрас кардани он ба шарикони худ дар шаҳри Душанбе занг задем, вале онҳо низ гуфтанд, чунин мушкил доранд”, – гуфтааст ин фурӯшанда ба “Фараж”.

Дар ҳамин ҳол, дар Раёсати хадамоти зиддиинҳисории вилояти Хатлон иттилоъ додаанд, ки маҳдудият буд, вале он бартараф шуд ва ин ба нархи сӯзишвори ҳеҷ таъсире нарасонидааст.

Ду коршиноси ин соҳо низ омили гарон шудани нархи газро равшан карда натавонистанд, танҳо гуфтанд, “мумкин аст, ки воридоти гази моеъ душвор гардида бошад”.

“Тибқи омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон аз Русия интиқол дода шуда, ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд. Шояд мушкиле ба ворид кардани сӯзишворӣ пеш омада бошад”, – гуфт яке аз коршиносон.

Дар ҳамин ҳол, зарфи 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 12,7 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки 3,2 дар сад зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.

Бояд гуфт, ки дар ду моҳи охир дар саросари Тоҷикистон нархи ҳама навъи сӯзишворӣ поён омада буд. Омили поёнравии арзиши сӯзишвориро коршиносон ба фарорасии фасли зимистон ва анҷоми корҳои саҳроӣ маънидод мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта буд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend