Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон бо нашри изҳороти 5-ум дар робита ба муноқишаи марзӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон нигаронӣ кард, ки новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз карданд.
Таъкид мешавад, ки “тарафи Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии низомиро аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ ба минтақаҳои наздисарҳадӣ интиқол дода истодааст”.
Ҳамчунин, дар ин изҳорот аз он нигаронӣ карда мешавад, ки “ҷониби Қирғизистон бо истифода аз чархлболҳои ҳарбӣ ва ҳавопаймоҳои бесарниши зарбазананда манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ва иншоотҳои мулкии Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор дода истодааст”.