Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Қирғизистон барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон сарҳадро боз кардааст. Киҳо метавонанд ворид шаванд?
Дата публикации: 17:4305.11.2021
Мақомоти Қирғизистон барои баъзе аз категорияи алоҳидаи шаҳрвандони тоҷик марзашро боз кардааст. То моҳи сентябри соли ҷорӣ сарҳади ҳамсоякишвар барои ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон баста буд, ҳатто барои донишҷӯёни тоҷике, ки дар Қирғизистон таҳсил мекарданд.
Мақомоти Қирғизистон баъди даргирии мусаллаҳона, ки авохири моҳи апрели соли ҷорӣ дар марз рух дода буд, марзҳояшро бо Тоҷикистон баста буд.
Хабаргузории Sputnik Қирғизистон, бо истинод ба дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, иттилоъ додааст, ки қирғизҳои этникӣ ва фарзандони ноболиғи онҳо, ки шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд, донишҷӯён ва омӯзгорони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил ва кор мекунанд, вуруд ба ин кишвар иҷоза дода шудааст.
Тибқи фармони Девони вазирони Қирғизистон, ки рӯзи 22-юми октябр содир шудааст, вуруд тавассути 5 гузаргоҳ иҷозат дода шудааст.
Ду категорияи охирин бояд Вазорати корҳои хориҷиро пешакӣ дар бораи омадан ё рафтани худ хабардор кунанд.
Ҳамчунин вуруди шахсоне иҷоза дода мешавад, ки қонунгузории Қирғизистон дар соҳаи муҳоҷирати қирғизҳои этникӣ ва додани кафолат ба онҳо равона шудаааст(бо далелҳои ҳуҷҷатии хешовандӣ, пайдоиши мол ва нақлиёт барои истифодаи шахсӣ, тибқи бо меъёрҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё);
Дар баёнияи матбуотии ин ниҳод гуфта мешавад, ки шаҳрвандони дар боло зикршуда метавонанд тавассути тамоми панҷ гузаргоҳи марзии Тоҷикистону Қирғизистон вориди қаламрави ин кишвар шаванд: "Кулунду", "Қайроғоч", "Қизил-Бел", "Бордебо" ва "Қарамиқ".
Зимнан, гузаргоҳи “Кулунду” гузаргоҳи байнулмиллалӣ аст, бинобар ин, маҳдудиятҳои ҷорӣ ба шаҳрвандони кишварҳои сеюм дахл надоранд.
Вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон тавассути кишварҳои сеюм манъ аст.
Дарозии марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки сарҳад миёни ин кишварҳо ду маротиба баста шуда буд: бар асари пандемия моҳи марти соли 2020, баъдан 21 майи соли 2021, пас аз муноқишаи марзӣ миёни сокинони манотиқи марзии Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29 апрел ба миён омада буд.
Дар задухӯрди мусаллаҳонаи марзбонони тоҷику қирғиз аз ҳарду ҷониб беш аз 55 нафар кушта ва беш аз 300 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Читайте также
Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
1 дня назад
Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид
4 дня назад
Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?
4 дня назад
"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад
6 дня назад
Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст
8 дня назад