logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Қирғизистон ба насби монеаҳо дар марз бо Тоҷикистон оғоз кард

Манбаъ менависад, насби монеаҳо дар нуқтаи пайванди марзи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон оғоз шудааст.

Your tj

14:3729.04.2025

Қирғизистон ба насби монеаҳо дар марз бо Тоҷикистон оғоз кард

Дар вилояти Бодканд насби монеаҳои симхор дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон оғоз гардиданд. Дар ин бора 24.kg дар такя ба иттилои Хадамоти матбуоти намояндаи ваколатдори президенти Қирғизистон дар ин вилоят хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, насби монеаҳо дар нуқтаи пайванди марзи се кишвар – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон оғоз шудааст.

Дар маросими оғози ин кор Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ ва муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон ба таври онлайн ва дигар шахсони мансабдори ин кишвар ҳузурӣ иштирок кардаанд.

Акс: 24.kg

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал насби монеа аз симхор дар масофаи 420 километр ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки он то охири соли 2025 ба анҷом расонида мешавад.

13 марти соли ҷорӣ президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон – Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров дар шаҳри Бишкек созишнома оид ба сарҳади давлатии ду кишварро ба имзо расониданд.

Ҷонибҳо ба ҳалли ин масъалаи ҳассос тақрибан пас аз 23 сол даст ёфтанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ