Қирғизистон аз Туркия хостааст, ки ба Тоҷикистон “Байрактар” нафурӯшад

Ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Тоҷикистон ба Туркия сафар карда бо ҳамтои туркиаш якчанд созишномаҳои низомиро ба имзо расонида буданд.


Жээнбек Кулубоев иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон, имрӯз дар ҷаласаи вакилони Жогорку Кенеши ин кишвар гуфтааст, ки онҳо аз Туркия хоста будаанд, ки ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрактар” нафурӯшанд.

Имрӯз 27 – уми апрел вакилони порлумони Қирғизистон бо гузаронидани як ҷаласа номзадии Жээнбек Кулубоев, айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи вазири умури хориҷаро ба вазифаи вазир баррасӣ намуданд. Дар ин бора сомонаи қирғизии Кактус медиа хабар медиҳад.

Дар рафти ҷаласа масъалҳои марзӣ бо Тоҷикистон низ баррасӣ шуд. Депутатҳо аз Кулубоев пурсидаанд, ки оё хабари “Байрактар” харидани Тоҷикистон аз Туркия дуруст аст ё на. Кулубоев гуфтааст, ки айни ҳол дурустии ин хабарро таҳқиқ карда истодаанд.

“Мо низ ин хабарро шунидем, ба сафир ва дигар ниҳодҳо дастур додем, ки ин маълумотро таҳқиқ кунанд. Аммо мо қаблан аз Туркия дархост карда будем, ки ба далели мушкилоти ҳалношуда ба Тоҷикистон таҷҳизоти низомӣ надиҳад. Аммо онҳо посух доданд, ки ин тиҷорат аст”, – гуфтааст, Кулубоев.

Ҳачунин Кулубоев қайд кардааст, ки ин хабар ҳақиқат дорад ва онҳо муаян карда истодаанд, ки Тоҷикистон чанд “Байрактар” ва бо чӣ қадар маблағ харидорӣ кардааст.

Ҳафтаи гузаштаи вазири дифоъи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ба Туркия сафар карда буд . Ӯ бо ҳайати ҳамроҳаш бо Хулуси Акар масъалаҳои амнияти дуҷониба, минтақавӣ ва мудофиа, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ кардаанд.

“Хулуси Акар таъкид кардаст, ки Туркия ва Тоҷикистон робитаҳои таърихиву фарҳангӣ ва дини муштарак доранд. Вай гуфтааст, ки Анқара ба мубодилаи таҷриба бо Тоҷикистон дар масъалаи таъмини ҳифзи сарҳад ва мубориза бар зидди терроризм омода аст”.

Ин хабар дар расонаҳо овозаҳоеро ба бор овард, ки гӯё Тоҷикистон аз туркия “Байрактар” харида бошад.