Интизор меравад, ки моҳи шарифи Рамазон аз 13 апрел оғоз шавад. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон

Моҳи шарифи Рамазон дар кишвар аз 13 апрел оғоз шавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон мумкин аст рӯзҳои 13 ё 14 апрел оғоз шавад, гуфт роҳбари Шӯрои уламои кишвар Сайидмукаррам Абдуқодирзода.

Ба гуфтаи вай, барои муайян кардани рӯзи дақиқи оғози моҳи Рамазон, онҳо аллакай ҳамкориро бо Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳо шурӯъ кардаанд.

“Одатан, ин рӯзи 29-уми моҳи Шаъбон аст, вақте ки моҳи нав пайдо мешавад. Инро астрофизик дар қаламрави ҷумҳурӣ мушоҳида мекунад ва танҳо пас аз он мо санаи дақиқи онро муайян карда дар маҷлиси умумии аъзои Шӯрои уламо эълон мекунем”, – гуфт Абдуқодирзода.

Тоҷикистон аввалин ваксинаҳоро ворид кард

Тоҷикистон нимашаби гузашта 192 ҳазор нахустин ваксинаҳои зидди коронавирусро ворид кард. Боқимондаи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ворид карда мешаванд.

Қисми аввали ваксинаҳо шоми 8 марти 2021 дар доираи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ тавассути парвози махсуси Сомон-Эйр аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Боқимондаи ваксинаҳо дар ояндаи наздик марҳила ба марҳила ба Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе маросими расмии таҳвил ва қабули ваксинаҳо ба Тоҷикистон баргузор гардид.

Сокинони атрофи обанбори “Роғун” барои зиндагӣ ҷойи беҳтар мехоҳанд

Сокинони деҳаи Луғари поён дар шаҳри Роғун мегӯянд, ба қарори кӯчондани хонаҳояшон ба минтақаи болои деҳа, ки мақомот содир кардаанд, розӣ нестанд.

Онҳо талаб доранд, мақомот дар водиҳо ва заминҳои ҳамворе дар ноҳияи Файзободу Ваҳдат ва ё Рӯдакӣ барои онҳо қитъаҳои замин ҷудо кунанд. Бино бар бунёди обанбори нерӯгоҳи Роғун, замини хонаҳои сокинони ин деҳа зери об мемонад ва бояд кӯчонида шавад.

Чанде аз сокинони деҳа рӯзи 9-уми март ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маконе, ки мақомот барои кӯчонидани онҳо пешбинӣ кардаанд, кӯҳистон буда, роҳу хатти барқ надорад ва зимистони сарду тӯлонӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Сангалӣ Шоев, раиси ҷамоати Сичароғ, гуфт, бо ризояти худи сокинон 48 хоҷагӣ, ки аз 94 оила иборат аст, ба заминҳои панҷ километр болотар кӯчонида мешаванд. Ӯ гуфт, қарори ҳукумат дар ин бора содир шудааст ва онҳо аз рӯйи он амал хоҳанд кард.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷойи нав барои сокинон ҳама шароит, аз ҷумла мактаб ва шифохона сохта хоҳад шуд.

То кунун, ба гуфтаи мақомот, хонаҳои сокинони деҳаҳои Чорсада ва Сирчаро кӯчонида шуданд, чун ба зудӣ он ҷо зери оби обанбори нерӯгоҳ мемонад.

Дар маркази Душанбе рамзи Наврӯз насб карда мешавад.

Дар майдони “Дӯстӣ”-и Душанбе рамзи бузурги Наврӯз – суманаки наврӯзӣ бо баландии 30 метр қомат меафрозад. Паҳноии ин рамзи наврӯзӣ 16 метр хоҳад буд, иттилоъ дод як манбаъ аз шаҳрдории Душанбе ба “Азия-Плюс”.

Дар майдон ҳамчунин дигар намунаҳои манзараҳои наврӯзӣ, аз қабили дарахтони мевадор, гулу гулзорҳои гуногун ва дигар вижагиҳои Наврӯз низ насб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи манбаъ насби рамзи наврӯзӣ дар Душанбе на аз ҳисоби ҳукумат, балки аз ҳисоби соҳибкорон, ба таври ихтиёрӣ сурат мегирад.

Имсол Наврӯз, бидуни намоиши театришудаи анъанавӣ мегузарад. Танҳо чорабиниҳои варзишиву фарҳангӣ дар маконҳои фароғативу варзишӣ бо риояти қоидаҳои беҳдоштии замони коронавирус, баргузор мешаванд.

Муштзани тоҷик пирӯзиашро ба модарон бахшид

Муштзани касбии тоҷик Меҳрубон Сангинов дар сабқати Rivata Boxing дар Амрико бар варзишгари Аргентини Мигел Анхел Суарес пирӯзиро ба даст овард. Рақобат дер давом накард, зеро муштзани тоҷик рақиби худро дар даври аввал ба нокаут равон кард.

Меҳрубон дар инстаграми худ навиштааст, ки пирӯзии худро ба модарони азизи Тоҷикистон ва модарони тамоми ҷаҳон, ба ифтихори рӯзи 8 март мебахшад.

Охири моҳи феврал Меҳрубон Сангинов аз рӯи версияи Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс ба 10-гонаи муштзанҳои беҳтарин шомил шуд.

Духтари тоҷиктабор дар “Евровидение” ҳунарнамоӣ мекунад

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия дар озмуни имсолаи “Eurovision” (Евровидение), Русияро намояндагӣ хоҳад кард.

Рӯзи 8-уми март дар овоздиҳии мустақими шабакаи якуми Русия иштироки Манижаро дар озмун беш аз 39,5% овоздиҳандагон тарафдорӣ кардаанд.

Дар озмун Манижа таронаи Russian Woman-ро мехонад. Озмуни “Евровидение” аз 18 то 22 –юми  май дар Нидерландия баргузор мешавад.