fbpx

Интизорӣ дар фурудгоҳҳо. Оё қоидаи нави вуруд ба Русия ба муҳоҷирон сабукӣ меорад

Муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба муносибати дағал, шароити бад ва тафтишҳои тӯлонӣ дучор мешаванд.


1
1 point
Акси марбута аз бойгонӣ.

Вазъи муҳоҷирони тоҷик дар фурудгоҳҳои Русия ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Мақомоти ин кишвар барои муҳоҷирон санҷишҳои шадиду маҳдудиятҳои навро ҷорӣ мекунад. Аз ин сабаб, ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ва маҳрум кардани онҳо аз ҳаққи вуруд ба ин давлат афзоиш меёбад. Махсусан, дар фурудгоҳҳои шаҳри Москва муҳоҷирони тоҷик бо тафтиши шадид ва муносибати таҳқиромез рӯ ба рӯ мешаванд.

Муаллифи Your.tj бо чанде аз муҳоҷирон, ки ба наздикӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва ё баръакс сафар доштанд, ҳамсуҳбат шуд. Онҳо нақл карданд, ки дар фурудгоҳҳои ин кишвар бо муҳоҷирон чӣ гуна муносибат мекунанд.

Ҳамзамон, мутахассиси соҳаи муҳоҷират шарҳ дод, ки раванди будубоши шаҳрванди хориҷӣ аз рӯйи қонунгузории нави Русия ба кадом тарз бояд бошад.

“Қариб 10 соати интизорӣ дар шароити бад”

Дилшоди Раҳматулло чанд рӯз пеш ба самти шаҳри Жуковский сафар дошт. Дар фурудгоҳи байналмилалии Жуковский 4 парвоз (рейс)-и мусофиронро соатҳои дароз боздошт карданд. Онҳоро 4 маротиба аз тафтиш гузарониданд.

“Изи ангушт ва акси чеҳраро гирифтанд. Баъдан шиносномаҳоро барои тафтиш гирифтанд. То анҷоми санҷиш, ки ҳудуди 10 соатро фаро гирифт, дар шароити бад мунтазир шудем. Занҳои калонсол, кӯдакон бе ҷойи нишаст мунтазир истоданд. Телефони ҳар як нафарро аз назар гузарониданд.

Дар назди худам аз телефонам “история”-и Google, Telegram ва WhatsApp – ро диданд. Боз месанҷанд, ки шаҳрванди хориҷӣ ба кадом сомонаҳои дар Русия мамнуъ ворид шудааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Внуково дармонда буданд. Акси марбута аз бойгонӣ.

Чанде аз ҷавононро дар утоқҳои алоҳида бозпурсӣ карда, барои ба сомонаҳои шаҳвонӣ бисёр ворид шудан “депорт” карданд”,- нақл кард Дилшод.

Ба ӯ ва аксари ҳамсафаронаш пас аз 10 соат шиносномаашонро дода, иҷозаи ворид шудан ба хоки Русияро доданд. Баъдан ба ин ҷавони тоҷик дӯстони мусофираш гуфтаанд, ки баъзан вақт муҳоҷирон ҳатто ҳудуди 20 соат дар фурудгоҳ интизори шиносномаи худ мемонанд. Ба қавли онҳо, чунин шеваи муносибат пас аз ҳодисаи “Крокус” шиддат гирифтааст.

“Интизории зиёд дар фурудгоҳ – мушкили асосӣ нест”

Умед ном муҳоҷири корӣ ба шаҳри Санкт-Петербург барои кор рафт. Ӯ низ пас аз фурудоӣ дар фурудгоҳ давоми 7 соат зери назорати сарҳадӣ қарор дошт. Пас суҳбати инфиродӣ иҷозаи воридшавӣ ба ин шаҳри Русияро пайдо кард.

“Ин он қадар мушкил нест, баъд аз интизории дароз вориди ҷойи кору зист шудам. Агар ихроҷ мешудам, он гоҳ мушкилии асосӣ ба сарам меомад”, – гуфт ҷавон.

Б. Додалиева ва ҳамсафарони ӯро, ки моҳе пеш ба Русия равон буданд, дар фурудгоҳи Внуково 4 соат боздошт карданд. Онҳо дар интизорӣ нороҳатӣ кашиданд. Пас аз санҷиши дароз аввал занҳоро ҷавоб доданд.

“Занҳо аз фурудгоҳ берун шудем, аммо мардҳо истода буданд, намедонам, ки чӣ қадар вақт он ҷо монданд. Пеш аз иҷозаи вурудшавӣ даруни телефонамро кофтанд. Ҳатто кадом видеоҳоро тамошо мекунам, фаҳмида гирифтанд. Боз пурсиданд, ки барои чӣ Русия омадам, назди кӣ ва ба кадом суроға меравам ва чӣ қадар вақт он ҷо меистам”,- бо ҳайронӣ гуфт зани муҳоҷир.

Пеш аз сафар ба Русия ба чӣ бояд аҳамият дод?

Тоҷиддин Аҳрорзода ҳафтае пеш бо аҳли оила ба шаҳри Москва сафар кард. Ба гуфтаи вай, дар фурудгоҳи Домодедова қариб 90 фоизи мусофирони мардро нигоҳ дошта, санҷиши ҳаматарафа гузарониданд.

“Пеш аз сафар дурустии хуҷҷатҳоро санҷидан лозим аст. Муҳим аст, донем, ки оё дар Русия қарздор нестем, ихроҷ нашудаем. Ҳамчунин, агар хотираи телефонро тоза намоӣ, телефонро пеш аз сафар нав кунӣ, ба номат ҷаримаи пардохтнашуда дошта бошӣ аниқ бозпас мегардонанд. Маҳз ин чизҳоро аввал месанҷанд.

Чавонон кӯшиш кунанд, ки пеш аз ба фурудгоҳ омадан ришро тоза тарошанд. Масъулони назорати сарҳадӣ ба риш ҳам аҳамияти ҷиддӣ дода истодаанд”,- аз таҷрибаву мушоҳида гуфт Тоҷиддин Аҳрорзода.

Нигаронӣ аз тартиби нави воридшавӣ ба Русия

Р.Назаров шахси калонсоле, ки падари муҳоҷирон аст, аз қонунҳои наве, ки Русия барои муҳоҷирон ба тасвиб мерасонад, изҳори нигаронӣ дорад. Чанд рӯз пеш фарзандонаш аз ин кишвар ба ватан баргаштанд.

“Бачаҳои ман тамоми ҳуҷҷатҳои лозимиро доштанд, аммо аз тарафи мақомоти дахлдори Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ба телефонҳояшон паёмак омдааст, ки дар муҳлати муайян Русияро тарк кунанд. Онҳо тариқи фурудгоҳи Жуковский ба Душанбе омаданд. Хайрият, ки дар номи онҳо ягон қонуншиканӣ сабт нашуда будааст. Бе мушкилӣ ба хона омаданд”,- афзуд падари муҳоҷирон.

Фаридун Алимардонов, як корбари Фейсбук дар пурсиши мо оид ба ин масъала гуфт, ки барои муҳоҷирон беҳтар аст, баъди 30-юми июн ба Русия раванд. Шуруъ аз ин сана тартиби нави вуруд ба кишвар амал мекунад.

Тибқи он шаҳрванди хориҷӣ 72 соат пеш аз вуруд бо истифодаи хизматрасони давлатии RuID сабтином шуда, соҳиби QR-рамз шавад.

Шарҳи мутахассис. Тартиби нави вуруд ба Русия, қоидаи “90/365”

Рустам Ҷамолов, сармутахасиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатии Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд гуфт, аз 30-юми июн қоидаи вуруд ба Русия иваз мешавад.

Шаҳрванди хориҷӣ бояд дар муддати то 72 соати пеш аз сарҳад гузаштан ному насаби худро дар сомонаи “ГосУслуги RuID”, ки ба наздикӣ фаъол мешавад, бояд сабт кунад. Дар муддати 72 соат сомона ному насаб, соли таваллуд, шаҳрвандӣ ва шояд расми шаҳрванди хориҷиро омӯхта, ҷавоб мегардонад, ки ӯ имкони сафар ба Русияро дорад, ё не.

Ба назари Рустам Ҷамолов, аксари муҳоҷирони тоҷик бо сабаби надонистани қонунгузории нави Русия оид ба будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ба рӯйхати ихроҷшудагон меафтанд. Ӯ шарҳ дод, ки тибқи Қоидаи “90/365” шароити нави будубош барои муҳоҷирон дар Русия чӣ гуна мешавад.

​Аз моҳи феврали соли 2025, дар қонунгузории муҳоҷиратии Русия тағйироти муҳиме ворид гардид, ки ҳар як муҳоҷир бояд онро донад. Ин тағйирот ба Қонуни федералии “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия” дахл дошта, бо имзои президенти ин кишвар Владимир Путин 8-уми августи соли 2024 ба имзо расида буд.

Моҳияти асосии ин қонун дар чист?

Аз оғози моҳи феврали соли 2025 Русия қоидаи нави будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ “90 рӯз дар давоми 365 рӯз”-ро ҷорӣ кард. Яъне, ҳар як шаҳрванди хориҷӣ, ки бе гирифтани иҷозати расмии будубош ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳанда вориди қаламрави Русия мешавад, танҳо ҳақ дорад на бештар аз 90 рӯз дар як сол дар ин кишвар бимонад.

Пештар чӣ гуна буд?

Аз соли 2014 то моҳи феврали соли 2025 шаҳрвандони хориҷӣ метавонистанд, ки дар як сол ду маротиба ба муҳлати 90 рӯзӣ дар Русия зиндагӣ кунанд. Аммо аз моҳи феврали соли 2025 ин ҳуқуқ маҳдуд шуд, акнун танҳо 90 рӯз дар як соли тақвимӣ иҷозат дода мешавад, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ин кишвар иқомат кунад.

“Масалан, шаҳрванди хориҷие, ки 1-уми марти соли 2025 ба Русия ворид мешавад ва худро дар қайди муҳоҷират мегузорад, аммо ягон ҳуҷҷати расмӣ барои будубоши қонунӣ ба даст намеорад, дар дохили Русия 90 рӯз истода метавонаду бас. Пас аз ин муҳлат, ӯ бояд кишварро тарк намояд ва танҳо пас аз як сол – 2-юми марти соли 2026 дубора ҳаққи ворид шуданро пайдо мекунад”,- фаҳмонид Рустам Ҷамолов.

Агар ният доред, ки дар як сол якчанд маротиба ба Русия равед, бояд ба ҳисоб гиред, ки рӯзҳои будубош дар маҷмуъ аз 90 рӯз дар як сол зиёд нашавад. Дар акси ҳол, шаҳрванди хориҷӣ бо маҳдудият ва мамнуъияти вуруд рӯбарӯ мешавад.

Ҷазо барои риоя накардани қоида

Шаҳрвандони хориҷие, ки қоидаи “90/365” ва дигар талаботи қонунҳои муҳоҷиратро вайрон мекунанд, аз ҷониби мақомоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия ба рӯйхати шахсони таҳти назорат дохил карда мешаванд. Ин рӯйхат ба маънои маҳдудият барои вуруд ба Русия дар оянда мебошад.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ шаҳрвандонро ҳушдор медиҳанд, ки пеш аз сафар ба Русия манъи вуруд доштани худро тафтиш кунанд.

Ҳамчунин, ба муҳоҷирон тавсия дода мешавад, ки қонунҳои муҳоҷиратии Русияро бодиққат омӯзанд ва ҳуҷҷатҳои худро қонунӣ гардонанд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend