fbpx

Интихобот дар парлумони Тоҷикистон дар соли 2025. Интихобкунандагон чиро бояд донанд

Интихобот дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-ми март ва дар палатаи болоии парлумон рӯзи 28-уми март баргузор мешавад.


0
Акс: РИА Новости

Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон (Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ) 2 март ва дар палатаи болоӣ (Маҷлиси Миллӣ) 28 март интихобот баргузор мешавад. Мо тасмим гирифтем ёдовар шавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна мегузарад.

Маҷлиси Олӣ – парлумони дупалатаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ мебошад.

Парлумон ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад ва аз ду палата иборат аст – Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) ва Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ). Ваколатҳои ҳарду палата дар рӯзи оғози фаъолияти парлумони даъвати нав қатъ карда мешаванд.

Интихобот дар Маҷлиси намояндагон

Маҷлиси намояндагон аз 63 вакил иборат аст, ки бо низоми омехтаи мажоритарӣ-мутаносиб интихоб карда мешаванд. 22 вакил аз рӯйхати ҳизбӣ аз рӯи ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, 41 вакил аз рӯи ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ интихоб карда мешаванд.

Палатаи поёнӣ дар ҷараёни интихоботи мустақими умумӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад ва ба таври доимии касбӣ амал мекунад.

Шахси на камтар аз 30-сола, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, маълумоти олӣ ва забони давлатиро медонад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагон интихоб карда шавад.

Ҳуқуқи пешбарии номзадҳо ба вакилии парлумон ба ҳизбҳои сиёсӣ ва инчунин шаҳрвандон тавассути худпешбарӣ тааллуқ дорад.

Номзади худпешбар бояд на камтар аз 500 имзои интихобкунандагони ҳавзаро, ки дар он номзад мешавад, ҷамъ оварад.

Номзад ба вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ то бақайдгирӣ ва пас аз муайян кардани мувофиқати он ба талаботи Конститутсия аз ҳисоби шахсӣ 100 (сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ мегузорад.  Дар соли 2025 ин маблағ 7500 сомонӣ (тақрибан 730 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин андоза ҳизби сиёсӣ барои ҳар як номзади худ дар ҳавзаҳои умумиҷумҳуриявӣ гарав мегузорад. Гарав дар сурати пирӯзии номзад баргардонида мешавад.

Бюллетенҳои интихоботӣ аз ҷониби Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ чоп карда мешаванд ва бояд на камтар аз як дараҷаи ҳимоя дошта бошанд.

Акс: Радиои Озодӣ

Бюллетени интихоботӣ насаб, ном, номи падар, соли таваллуд ва дигар маълумотро дар бораи номзад аз ҳавзаи якмандатӣ ва номҳои ҳизбҳои сиёсиро аз рӯи алифбои тоҷикӣ аз ҳавзаҳои умумиҷумҳуриявӣ дар бар мегирад.

Дар бюллетенҳои интихоботӣ пас аз рӯйхати номзадҳо ва рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ сатри алоҳидаи “бар зидди ҳама” ва “бар зидди ҳамаи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ” нишон дода мешавад.

Агар дар ҳавзаи якмандатии интихоботӣ зиёда аз ду нафар ба вакилӣ номзад шуда бошанд ва ҳеҷ кадоме аз онҳо зиёда аз 50 фоизи овозҳои интихобкунандагонро, ки дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд, ба даст наоварда бошанд, комиссияи интихоботии ҳавзавӣ қарор қабул мекунад, ки барои ду номзаде, ки шумораи зиёди овозҳоро ба даст овардаанд, овоздиҳии такрорӣ гузаронад.

Овоздиҳии такрорӣ дар ҳавзаи интихоботӣ на дертар аз ду ҳафта дар ҳамон участкаҳои интихоботӣ ва аз рӯи ҳамон рӯйхати интихобкунандагон гузаронида мешавад.

Интихобот дар Маҷлиси миллӣ

Пешбарии номзадҳо ба узвияти Маҷлиси миллӣ даҳ рӯз пас аз интихоботи Маҷлиси намояндагон оғоз ёфта, 7 рӯз пеш аз интихоботи палатаи болоии парлумон ба анҷом мерасад.

Маҷлиси миллӣ аз 33 аъзо иборат буда, 25 нафари онҳо бо роҳи овоздиҳии пинҳонӣ дар маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ интихоб карда мешаванд.

Инчунин, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шумораи баробари намояндагонро доранд. Ҳашт узви палатаи болоӣ аз ҷониби президенти Тоҷикистон таъйин карда мешаванд.

Дар Тоҷикистон то имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ расман ба қайд гирифта шудаанд: Ҳизби халқии демократӣ, Аграрӣ, Демократӣ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Сотсиалистӣ, Коммунистӣ ва Сотсиал-демократӣ.

Шаш ҳизб, ба ғайр аз ҳизби Сотсиал-демократӣ номзадҳои худро пешбарӣ карданд. Ҳизбҳо 68 номзадро аз ҳавзаи ягонаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ карданд.

Ба ҷойҳо дар парлумони Тоҷикистон аз рӯи ҳавзаҳои якмандатӣ 152 номзад даъво доранд, ки 65 нафари онҳо ҳамчун худпешбаранда сабти ном шудаанд. Дигарон аз ҳизбҳои сиёсӣ пешбарӣ шудаанд, хабар медиҳад “Азия-Плюс” бо истинод ба комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон.

Тарҷума за русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend