Аз 30-уми майи соли 2025, қоидаҳои нави интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ ба иҷро медароянд.
Бар асоси тартиби нав, шаҳрвандони Русия ва хориҷиён дигар наметавонанд бе суратҳисоби бонкӣ дар як вақт зиёда аз 100 ҳазор рубл пул фиристанд.
Пештар хориҷиён метавонистанд танҳо бо шиноснома маблағ фиристанд, аммо акнун барои интиқоли чунин маблағ идентификатсияи пурра ва пешниҳоди маълумоти иловагӣ талаб мешавад.
Бонкҳо ҳатто метавонанд дар бораи мақсади интиқол ва шахси қабулкунанда маълумот пурсида, ҳуҷҷатҳои иловагӣ талаб кунанд.
Ба гуфтаи мақомоти Русия, ин чораҳо барои мубориза бо пулҳои ғайриқонунӣ ва ҷилавгирӣ аз қонунигардонии даромадҳои ҷиноятӣ роҳандозӣ шудааст.
Вале ин маҳдудият ба интиқолҳо аз корт ба корт татбиқ намешавад.
Хабаргузории ТАСС менависад, чунин маҳдудиятҳо метавонанд ба муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсир расонанд. Зеро маблағи муҳоҷирон, ки ба ватан мефиристанд нақши калидӣ дар иқтисоди кишварҳояшонро доранд.
Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, 45 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистонро дар соли 2024 маблағи муҳоҷирон ташкил додааст. Танҳо дар соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон 5,8 миллиард доллар интиқол ёфтааст.