fbpx

“Ҷиноят алайҳи сулҳ”. Қирғизистон дар пайи даргириҳои марзӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард

Маълум нест, ки парвандаи ҷиноӣ дар кадом асос боз карда шудааст.


-1
-1 points
Дар акс хонаи сокинони Хоҷаи Аъло, ки аз тарафи марзбонини қирғиз тирборон шудааст

Қирғизистон дар пайи даргириҳои шоми 27- уми январ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада, тибқи моддаи  “ҷиноят алайҳи сулҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Дар ин бора соманаи қирғизии Кактус Медиа хабар додааст.

Дар хабарнома гуфта нашудааст, ки парвандаи ҷиноӣ алайҳи кӣ ва дар кадом асос кушода шудааст.

“Раёсати корҳои дохилии вилояти Бодканд бо моддаи “ҷиноят алайҳи сулҳ”-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Нисбати зарадидагоне, ки ҷарҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд ташхиси судии тиббӣ таъин шудааст”, – менависад ин сомона.

Бино ба иттилои хадамоти марзбонии Тоҷикистон муноқиша миёни сокинон рӯзи 27-уми январ, тахминан соати 17:20 пас аз маҷбуран боздоштани автомашинаи тамғаи «Портер»-и шаҳрванди Тоҷикистон дар болои пули наздикии деҳаи Хоҷаи-Аъло аз ҷониби як гурӯҳи панҷоҳнафараи шаҳрвандони Қирғизистон оғоз шудааст.

Ҷониби Қирғизистон дар ҷавоб ба изҳороти Хадамоти марзбонии Тоҷикистон гуфтааст, ки тоҷикистониён  бо санг роҳи мошингарди Бодканд-Исфанаро бастанд ва коркунони ҳарбиаш бо истифода аз силоҳ тир кушоданд.

Дар натиҷаи муноқиша аз ҳарду ҷониб то ҳол аз 1 кушта ва ҳиёда аз 25 захмиён хабар доданд. Дар даргириҳои марзии шоми 27-уми январ аз ҷониби Тоҷикистон 17 нафар захмӣ ва 2 нафар ҳалок шудааст. Аммо имкон дорад теъдоди онҳо бештар бошад, зеро бархе аз захмиёнро пизишкон дар худи деҳаи Хоҷаи Аъло кӯмак кардаанд.

Ҷониби Қирғизистон тамоми қойдаҳои умумибашариро поймол намуда ба сӯи мошини ёрии таъҷилии Тоҷикистон тир андохт, ки дар натиҷа ронандаи он Абдулатиф Шарифови 62-сола ба ҳалокат расида ду корманди масъули ҳукумати Исфара, ки дар як мошин буданд захмӣ шудаанд.

Бояд гуфт, ки ҳамин ҳоло дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Раҳмоналӣ Раҷабалӣ, раиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ Қирғизистон музокироти ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
2
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend